(Идома аз шумораи пешин)
Давраи зиндагии Абӯҳанифа ва ташаккули мазҳаби фиқҳии ӯ марҳилаи таърихии ниҳоят ҳасос ва нозук маҳсуб меёбад. Ин давроне буд, ки заминаҳои муносиб барои ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ мавҷуд набуданд, усул ва арзишҳои миллӣ бо сабаби ривоҷи сиёсати афзалиятхоҳӣ ва моҳиятан нажодгароии империяи Хилофати Уммавия, амалан рад мешуданд, ҷараён ва созмонҳои ифротӣ ва тундрави динӣ фаъолияти густурда доштанд, доираҳои бузурги аъёну ашрофи маҳаллӣ усули арзишҳои фарҳанги ҳокимро пазируфта, асолати миллӣ-таърихии худро аз даст дода буданд, асолати халқҳои бостонӣ ва соҳибтамаддун коҳиш ёфта буд. Дар чунин даврони ҳассос Имом Абӯҳанифа забони модарии худ-тоҷикиро ҳамчун забони дуввуми ибодати динӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷоиз дониста, ба хотири ҳифзу нигаҳдошти он асосҳои шаръиро таъмин намуд.
Чунин хидматҳои таърихии Абӯҳанифа исботи возеҳи он аст, ки ӯ талош кардаст ислом бо зербинои аслии ҳувият ва ҳастии халқу миллатҳо мухолифат надошта бошад. Халқи мо ба иршоду раҳнамоии чунин нобиғаҳо ва бузургони худ забонро ҳамчун гавҳари ноёб дарёфт ва онро ба ҳама васоили имконпазир ҳифз намуд, равнақ бахшид ва шӯҳраи офоқ сохт. Мақоми баланд касб намудани забони тоҷикӣ дар Ислом омили тақвияти худогоҳӣ ва инкишофи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик гардид.
Пуштибони миллатҳо дар ислом (на танҳо араб)
Имоми Аъзам чунин мефармояд, ки ягонагии пиндор, кирдор ва гуфтори аҳли ҷомеа шарти бақо ва ҳастии ҳар 1 миллат аст. Зиёда аз он Мазҳаби Ҳанафӣ баъзе аркон ва унсурҳои ҳувияту сирати поки миллӣ, қабл аз ҳама, ҳусни ҳамсоягии ҳамкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ, эътидол ва донишандӯзиро тақвият бахшид. Инҳо масъалаҳое мебошанд, ки то ба ҳол таҳқиқи ҷиддӣ рӯи онҳо сурат нагирифтааст ва дорои аҳамияти илмӣ ва амалӣ мебошанд. Аз як ҷиҳат набудани таҳқиқоти масъалаҳои зикршуда алалхусус дар шароите, ки таълимоти Абӯҳанифа, аз ҷумла таълимоти ахлоқии он ҳам мавриди таҳриф қарор гирифта, аз ҷониби ифротгароёни исломӣ ба мақсадҳои сиёсияшон истифода бурда мешавад, аз ҷониби дигар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки ба таҳаммулпазирӣ, бархӯрдорӣ аз арзишҳои ҳам миллӣ-динӣ ва ҳам умумибашарӣ эҳтиёҷ дорад, таҳқиқи онҳоро дар таълимоти Абӯҳанифа тақозо мекунад.
Вежагиҳои Фиҳи Ҳанафӣ
1. А алоқамандии он ба урфу одатҳои маҳаллӣ (ба ҷуз арабӣ), иҷтиҳод (яъне афкори донишмандони исломӣ доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ), раъй (фикри мустақил) ва истидлоли ақлӣ, таҳаммулпазирӣ (эҳтиром ба эътиқоди дигарон), ақлгароӣ.
2. Ба вазъияти замона, шароити таърихӣ, иҷтимоию сиёсӣ мувофиқ будани таълимоти Абӯҳанифа, масъалаҳои муҳими даврро фаро гирифта, сулҳу осоишро дар давраи пурталотуми хилофат, авҷи муборизаҳои сиёсию динҳои мухталиф тараннум кардан.
3. Дар байни осори Абӯҳанифа, «Насиҳатнома»-и ӯ, ки мавқеи Абӯҳанифаро беҳтар таҷассум карда, ахлоқи неку арзишҳои умумиинсонии ахлоқиро фаро гирифтааст, бисёр масъалаҳое мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд, ки аз доираи меъёрҳои шариати исломӣ берун буда, ба масъалаҳои ахлоқи умумибашарӣ, адлу озодии инсон, маънавиёти баланд алоқаманданд.
4. Мавқеи зиддиифротгароии Абӯҳанифа, махсусан дар насиҳатномаҳои ӯ хеле барҷаста зоҳир шудааст ва ӯ зӯрию беадолатӣ, рафторҳои бади инсониро, ки таассуби диниро ҳам ҷузъи он ҳисоб мекунад, маҳкум кардааст.
5. Дар таълимоти фиқҳию каломии Абӯҳанифа тағрибу ситоши расму одатҳои Тоҷикон-эрониён суннатҳою урфи ин мардум мақоми шоиста ишғол мекунад. Дар меъёру талаботҳои ахлоқии ӯ таъсири унсурҳои ахлоқи пешиниёни тоҷикон ба назар мерасад. Мисолҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ин фикрро ба таври равшан ба субут мерасонанд.
6. Таҳлили осори Абӯҳанифа нишон медиҳад, ки ақидаҳои динӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ бо ақоиди ифротгароёни исломӣ аз ҷумла онҳое, ки худро ҳанафимазҳаб медонанд, ҳеҷ каробат надошта, дар аксари маврид зидди онҳо қарор доранд.
(Давом дорад)