ХАБАРИ ДОҒ

Мактаб, асҳоб ва пайравони Абуҳанифа

  • Чоршанбе, Авг 03 2022

(идома аз шумораҳои пешин)

 Бояд зикр кард, ки нақши шогирдон ва пайравон дар интишор ва паҳн намудани афкору осор ва таълимоти мазҳаби Абӯҳанифа бағоят бузургу назаррас аст. Шогирдони Абӯҳанифа ҳангоми барасии масоил дар ҳалқаи дарс бо ӯ музокира ва мубоҳисаҳои озод мекарданд, то ин ки ба 1 хулосаи аниқу муайян мерасиданд, сипас раъйи мазкур аз тарафи шогирдон китобат мешуд.

     Хидмату эҳтимоми асҳоби Абӯҳанифа дар инкишофи мазҳаб барои асрҳои баъдӣ мақому манзалати Абӯҳанифаро хеле зиёд карда буд. Зеро ҳар яке аз асҳоби Абӯҳанифа дар илми фиқҳ дасте доштанд.  Масалан имом Абюсуф, яке аз бузургтарин шогирдони Имоми Аъзам буд, ки дар илми фиқҳ сатҳи бошаъну мақоми баланд дошт ва муддати зиёде қозиюл қузоти давлат буд.

Имом Муҳаммад ибни Ҳасан ҳам яке аз шогирдони бузурги Имом Абӯҳанифа буд, ки мисли Абӯюсуф дар инкишофи мазҳаби ҳанафия нақши муҳим бозидааст. Тамоми мадорики Абӯҳанифа дар ин 2 имом ҷамъ гашта, ҳардуро сазовори ривоят ва нақлу густариши фиқҳи ӯ барои наслҳои баъдӣ сохта буд.

 Ҳамон тавре ки маълум гашт, ҳар он чӣ аз фиқҳи Аӯбҳанифа барои наслҳои оянда расидааст, бештар ба воситаи ҳамин шогирдон расидааст. Зеро барои онҳо ба ғайр аз қабули фиқҳи Абӯҳанифа тариқаи дигаре вуҷуд надошт.

 

36 шогирди Абуҳанифа

Дар “Маноқиб”-и Ибни Базозӣ чунин омадааст:

“Имом Абӯҳанифа шогирдони зиёде доштанд. Баъзе аз онҳо аз шаҳрҳои дур ба назди Абӯҳанифа омада, муддате дар ҳалқаи дарсашон ба ҳайси шунаванда иштирок мекарданд ва баъд аз омӯхтану гирифтани равишу манҳаҷи фиқҳи ӯ ба билоди худ бармегаштанд. Баъзе дигар то охир муллозаммати Имом-ро намудаанд, ки ӯ дар ҳақашон борҳо гуфта буд: “Инҳо сию шаш нафар ҳастанд, ки бисту ҳашт нафарашон барои қазо (иҷрои вазифаи қозӣ) салоҳият доранд, шаш нафар барои фатво ва ду нафар дар илми фиқҳ. Вазъи илми фиқҳ чунин буд, ки барои фатво аввалан ба нусус: Қуръон ва ҳадисҳо, баъд ба гуфтаи асҳоб муроҷиат мекараданд».

 

Саҳобагон ва тобеин

Баъд аз асҳоб дар ислом тобеин, ки суханро аз асҳоб шунида, ба гуфтаи онҳо амал мекарданд, қарор доранд. Аз ҷумлаи тобеин будан дар ислом шарафи бузург аст. Абӯҳанифа дар ҳаҷ бо Абдуллоҳ ибни ал-Ҳорис, Абдуллоҳ ибни Увайс, дар маҷмуъ 17 нафарро аз ҷумлаи асҳоб ном мебаранд, ки Абӯҳанифа аз сӯҳбати онҳо истифода кардааст. Албатта на ҳамаи ин ривоятҳо дурустанд, вале воқеият ин аст, ки мақоми Абӯҳанифа метавонад бо мақоми тобеин мувофиқ бошад.

       Аз рӯи ривоятҳо Абӯҳанифа ба чаҳор нафар имомон аз аҳли байт сӯҳбат доштааст. Аз ҷумла бо Зайд ибни Алӣ ва Имом Ҷаъфари Содиқ муносибати наздик пайдо карда буд.

 Зиндагии Абӯҳанифа танҳо аз дарс гузаронидани машғулиятҳо иборат набуд, балки ҳамчун фақеҳ, донишманди бузург дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии кишвар ширкати фаъол дошт. Одамон барои ҳалли ҳуқуқии масъалаҳояшон меомаданд ва ҷавоб мегирифтанд. Аз имом ҳалли мушкилоти худро хостор мешуданд. Имом бо тамоми ғайрат аз рӯи адолат рафтор мекард, пайваста баҳсҳои илмӣ доир месохт ва ба дигар шаҳрҳо рафта, дар мубоҳисаҳо ширкат меварзид. Дар он давра дар хилофат баҳсҳои зиёде дар байни фирқаю равияҳои исломӣ доир мегаштанд. Аз ҷумла, баҳс миёни ҷабрияю қадария, зоҳирияю ботиния, хориҷиён ва аҳли тасаннун, фирқаҳои муҳталифи аҳли шиа, ҳатто байни худи мактабҳои фиқҳии аҳли тасаннун, масалан байни асҳоби ҳадис ва асҳоби раъй доир мешуданд. Инчунин онҳое, ки намояндагони динҳои ғайри исломӣ буданд, бо мусулмонон дар баҳсу ҷидол буданд. Имом Абӯҳанифа дар ин баҳсҳо иштирок карда, мавқеи исломи расмӣ, аҳли суннат ва ҷамоатро ҳимоя менамуд. Аз 1 тафар, вазъияти мураккаби хилофат, бархӯрди андеша ва тамаддунҳои мухталиф равияҳою фирқаҳои гуногунро ба миён оварда бошад, аз дигар тараф, ин 1 навъ озодии андеша буд, ки онро шароити он вақта ба вуқуъ оварда буд.

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter