ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода:Абӯҳанифа: муъмине кофир нест!!!

  • Чоршанбе, Авг 10 2022

 

(идома аз шумораҳои пешин)

Абӯҳанифа   касеро аз ҷумлаи муъминон кофир намешуморид. Дар рисолаи “Ал-олим ва-л-мутаъаллим” таъкид менамояд, ки агар кассе гуноҳе кард, вале касеро ё чизеро ба Худо шарик надонист, бояд дар бораи авфи ӯ дуо кард, зеро, ки эҳтиром ба шаҳодат аст ва барои он, ки ӯ мӯъмин аст ва барои он, ки намедонӣ, ки ба ӯ ҷазо дода мешавад ё не!!!

 Дар баробари шаҳодат ҳамаи фароизи динӣ мисли тухм дар баробари 7  табақаи осмон аст. Ҳамон қадар, ки гуноҳи мушрик бузург бошад, ба ҳамон андоза мукофоти шаҳодат баланд аст, зеро дар Қуръон омадааст, ки:

” Инна-ш-ширка ла зулмун азимун”.  Яъне: ба дурустӣ ширк зулми бузург аст. 

   Агар касе фароизро иҷро накарда бошад, мисли он аст, ки кӯдак падару модарашро дӯст медорад, вале сухани онҳоро намегирад.  Ҳамчунон мӯъмин ҳам Худовандро дӯст медорад, вале баъзан ҳукми ӯро иҷро намекунад.  Ё нафаре, ки дарди фарзандро мечашад, вале боз мехоҳад фарзанддор шавад. Ҳамин тавр кас медонад, ки барои гунаҳкориаш ҷазо мебинад, вале бо 2 сабаб гуноҳ мекунад, аввалан ба умеде, ки гуноҳҳояш авф мешавад, сониян умед дорад, ки то марг аз гуноҳҳояш назди парвардигор тавба мекунад.

 Иззату икроми Абуҳанифа

Шӯҳрати Абӯҳанифа чунон зиёд буд, ки шӯҳрати зимомдорони хилофатро дар канор мегузошт. Амирону мулкдорони замон кӯшиш кардаанд, ки аз ин шӯҳрату обурӯи Абӯҳанифа истифода баранд ва ҳукмҳои худро дар байни омма бештар ҷорӣ намоянд, дар байни мардум бо ин восита тарафдорони бештар пайдо кунанд. Ӯ ҳарчанд дар муборизаҳои сиёсӣ бевосита иштирок накарда, бо ҳукуматдорони замон муросо мекард, зеро муросоию мудоро яке аз рукнҳои фиқҳи Абӯҳанифа будӣ, вале бо вуҷуд  ӯ ҳақиқатро дар ҳар гуна шароит баён мекард, ҳатто агар ин ҳақгӯӣ бар зарараш бошад ҳам ё хавфе ба ҷони ӯ дошта бошад.

Абӯҳанифа таваҷҷуҳи хосе ба аҳли байт дошт, бо вуҷуди он ки аз аҳли шиа набуд. Вале вақте Аббосиҳо сари қудрат омаданд, ӯ ба онҳо байъат накард, зеро медонист, ки Аббосиҳо низ мисли уммавиҳо ба ҷабру ситами мардум даст мезананд ва орзуҳои ӯро дар нисбати адолати иҷтимоӣ амалӣ нахоҳанд кард. Ғайр аз ин чун эронинажод ба ҳукумати арабӣ эҳтиром надошт.

Дар ҳар сурат Абӯҳанифа ба ҳар восита ва бо суханони печида ва норавшан байъатро ба халифа ал-Мансур эътироф накардааст ва аз он саркашӣ намудааст. Инчунин ривоят аст, ки Абӯҳанифа ба халифа гуфтааст, ки то фаро расидани соаташ, ман ба ту байъат кардам. Чун аз назди халифа берун мераванд, аз ӯ мепурсанд, ки ту то рӯзи қиёмат байъат кардӣ, гуфт, ки ман соати мулоқот бо халифаро дар назар доштам.

  Оё Абӯҳанифа дар воқеъ зидди хилофати Аббосиҳо буд?

Ин масъала дар осори Абӯҳанифа матраҳ нашудааст. Абӯҳанифа дар шӯриши зидди Аббосиён ширкат наварзида, ба мухолифи онҳо таблиғот набурдааст, чунонки зидди уммавиҳо тарғибот мебурд. Вале ин чиз равшан аст, ки хилофати Аббосиҳоро дастгирӣ ҳам накардааст. Шояд Абӯҳанифа бар ҳар гуна ҳукумат таваҷуҳ зоҳир намекард, зеро барои ӯ чи ҳукумати уммавиҳо ва чи аббосиҳо чандон фарқе надошт. Сониян, ҳарду ҳукумат ҳам салтанати арабӣ буданд, ки бо рӯҳи озодихоҳӣ ва эҳсоси қавмии Абӯҳанифа мувофиқ намеомаданд. Бинобар ин Абӯҳанифа на аз нигоҳи динӣ ва на аз нигоҳи қавмӣ ва на аз рӯи адлу инсоф хилофати Аббосиҳо ва ҳамчунин Уммавиҳоро дастгирӣ намекард, онҳоро ҳукукматҳои, ба ақидаи худ муносиб намедонист.

Гузашта аз ин ӯ дар давраи шӯриши Иброҳим, ки бевосита аз аҳли байт буд, Иброҳимро дастгирӣ ва дар баромадҳояш пуштибонии худро ошкоро баён медошт. Ҳатто Ҳасан ибни Қаҳтобро аз иштирок накардан дар фурӯнишони шӯриши Иброҳим розӣ кунонд. Шӯриши Иброҳим натавонист тамоми хилофат фаро гирад ва бо осонӣ аз тарафи нерӯҳои халифа шикаст дода шуд.

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter