(идома аз шумораҳои пешин)
Албатта, халифа Мансур аз ин кор хабар дошт ва наметавонист Абӯҳанифаро бо вуҷуди шӯҳрату обрӯи зиёдаш бахшад ва баҳонае мекофт. Ба воситаи ҷосусҳояш аз номи шӯришгарон нома навишта, ба Абӯҳанифа расонд. Абӯҳанифа ҷавоб гардонд, ки ин далели қавӣ барои халифа аз таваҷҷӯҳи имом ба шӯришгарон буд. Дар натиҷа халифа ба амири Куфа Исо ибни Мӯсо дастур дод, ки Абӯҳанифаро ба назди ӯ ба Бағдод фиристонад. Бо баҳонаи он ки ба ӯ мансаби давлатӣ дода мешавад. Дар “Таърихи Бағдод” ин мансаб қозигии хилофат ном бурда шудасаст.
Аз қозигӣ сарпечии Абуҳанифа
Дар ҳамон солҳо шӯҳрати Абӯҳанифаи тоҷик дар хилофати арабҳо ба андозае буд, ки дар назари аксари уламо аз ӯ донишмандтар кас дар хилофат ёфт намешуд. Халифа дар бораи аз кӣ илм омӯхтани Абӯҳанифа пурсон шуд. Абӯҳанифа ҷавоб дод, ки аз Умар ба воситаи шогирдонаш, аз Алӣ ба воситаи шогирдонаш ва аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ба воситаи шогирдонаш. Дар олами ислом аз инҳо номҳои иззатмандтар дар илм набуданд ва халифа дар ин маврид чизе гуфта натавонист ва қасам хӯрд, ки албатта Абӯҳанифаро қозии давлат таъин мекунад ва аммо Абӯҳанифа қасам хӯрд, ки ин вазифаро қабул нахоҳад кард. Дар ин маврид ҳама барои нигоҳ доштани обурӯи халифа, аз Абӯҳанифа хостанд аз қавли худ гардад, Абӯҳанифа гуфт, ки барои халифа гуноҳи қасамро дур кардан осонтар аст, аз гуноҳ вардоштан бар имом.
Зиндон ва фавти Имоми Аъзам
Пас аз ин Абӯҳанифаро ба зиндон меандозанд ва ба фармони халифа Мансур ба ӯ чӯб мезананд. Шамсиддини Муҳаммад Заҳабӣ дар “Эъломи сияру-н-нубаво” ба маълумоти сарчашмаҳо такя карда, овардааст, ки Абӯҳанифаро зиндон карда, шиканҷа доданд ва дар зиндон фавт кард.
Аз рӯи дигар маълумотҳо ӯро аз зиндон озод мекунанд, ба хонааш бар мегардад ва дар хонааш вафот мекунад. Гӯё халифа Мансур хоб мебинад ва аз тарси хоб Абӯҳанифаро аз зиндон озод мекунад.
Аз рӯи қавли дигар ба халифа Абӯҳанифа муроҷиат мекунад нисбати бегуноҳии худ ва раҳми халифа меояд ва ӯро озод мекунад. Вале аз зарби латукӯби зиндон баъд аз чанд рӯзи ба шумор вафот мекунад.
Ҳадяи халифа ва раддияи Имом
Аз рӯи баъзе гуфтаҳо дар хонааш чанд рӯз зиндагӣ мекунад. Халифа ба ӯ 10 000 дирҳам ҳадя мефиристонад. Абӯҳанифа намехоҳад ҳадяро қабул кунад, вале аз тарси халифа ба писараш мегуяд, ки бигузор, онро дар 1 халта биандозад ва баъди маргаш онро ба халифа баргардонад.
Гӯри Имоми Аъзам
Дар насиҳат ба фарзандаш таъкид намудааст, ки ӯро дар қисми шарқии қабристони Хайзурон, он ҷо, ки замини мулкӣ нест, бигӯронанд. Ҷанозаи ин марди бузург ва шӯҳратманд мардуми зиёдеро гирд овард, ба қавле дар маросими мотами ӯ тақрибан 50 ҳазор иштирок доштанд. Қабри ӯ то замони Салчуқиҳо ноаён буд. Салчуқиён, ки худ дар мазҳаби Абӯҳанифа буданд, мақбараи ӯ ва мадрасаро дар онҷо бино карданд. Он ҳоло зиёратгоҳи мусулмонон гаштааст. Зиндагии Имоми Аъзам азамати ин фақеҳи бузург, донишманди олами исломро нишон медиҳад. Маҳз ба шарофати таълимоти ӯ ислом рӯҳияи мардуми зиёдеро, ки аксар ғайри араб буданд, фаро гирифт. Мазҳаби ӯро аз ҷамеи мусулмонон тақрибан 60% интихоб кардаанд ва зиндагии худро мутобиқи он сохтаанд…
Давом дорад