ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Абуҳанифа дар даврони шӯришҳо

  • Чоршанбе, Авг 31 2022

Арабу ғайриараб зидди Умавия

Дар давраи Марвони ΙΙ баъди фавти Зайд - пешвои шииён имконият ба вуҷуд омад, ки Аббосиҳо худро вориси бевоситаи тоҷутахт аз авлоди пайғамбар шуморанд. Иброҳим, саркардаи Аббосиҳо бо Абӯмуслими Хуросонӣ иттифоқ мебандад ва Абӯмуслим дар Хуросон ҳокимиятро аз намояндаи Умавиҳо мегирад. Баъди он, ки Иброҳим ба қатл мерасад, роҳбарии ҳаракати Аббосиҳоро Абӯлаббос ба ӯҳда мегирад. Соли 749 шӯришгарон Куфаро ишғол мекунанд ва Абулаббос худро халифа эълон мекунад, ҳарчанд ки шӯришгарон ба ғалаба нарасида буданд, вале неруи ҳукумати Умавиҳоро хеле заиф сохтанд.

Сиёсати пешгирифтаи бани Уммавия на фақат ба халқҳои мутеъ, балки инчунин ба худи оммаи арабҳо хуш намеомад. Ин ҳолат ба протсесси ба синфҳо ҷудошавии қабилаҳои араб вайроншавии алоқаҳои авлодӣ ва афзудани нобаробарии мулкӣ, ки дар ҳамин вақт ба вуқӯъ мепайваст, вобаста буд.

 

Демократия дар ислом

Ба сари ҳокимият нишастани Уммавиҳоро 2 гурӯҳи асосӣ ғайриқонунӣ медонистанд.

Гурӯҳи аввал хориҷиҳо буданд. Ин гурӯҳ намояндагони ҳамон табақаеро дар бар мегирифтанд, ки аз баланд шудани мартабаи адёну ашрофи араб норозӣ буда, бар зидди усули ба мерос бурдани тахти хилофат баромад мекарданд ва чунин қоидаро пешниҳод менамуданд:

“Нест халифае, ки берун аз ҳастӣ, Худо ва майли халқ бошад”. 

Онҳо чунин ҳисоб мекарданд, ки халифаи аз тарафи ҷамоат, ба забони имрӯза дар интихоботи демокротӣ, интихобшуда мумкин аст дар сурати бад идора карданаш аз тарафи ҳамон ҷамоат аз ҳокимият дур карда шавад, бояд дар дохили ҷамоати мусулмонон баробарии комил ҳукмфармо бошад. Аз ҳамин сабаб ҳам баъдҳо таваҷҷӯҳи доираҳои васеи аҳолии, аслан ғайриараб, хусусан барзгарон ба тарафи ин гурӯҳ кашида шуд.

 

Арабизатсияи ислом

Гурӯҳи дигар тарафдори Алӣ (шиъаҳо) буданд. Дар аввалҳо ин гурӯҳ манфиатҳои баъзе аз баланднишинони хонадонҳои қадимаи Макка ва Мадинаро, ки усули меросӣ будани тахти халифатро эътироф карда, дар айни замон фақат авлоди Алиро ворисони ҳақиқӣ медонистанд, ифода менамуд. Алӣ ва писари кӯчаки ӯ Ҳусайн, ки дар вақти задухӯрдҳои дохилӣ кушта шуда буданд, ба азиятдидагони муқаддас (великомученники-ред.) ифода шуда, парчаму муборизаи зидди Уммавиҳо гардиданд. Дар оянда мазҳаби шиъапарстии Алӣ ба байрақи чандин ҷараёнҳои мухолифатварзандаи дохили ислом табдил ёфт. Мазҳаби шиъа аз аввали ба вуҷуд омадани худ, хусусан дар миёни болонишинони ҷамоати халқҳои мутеъи хилофат, ки онро ҳамчун гурӯҳи сустфишори аҷнабиён мепиндоштанд, тарафдорони зиёде пайдо намуд.

 

Амакбаччаҳои пайғамбар (с.) зидди Уммавиён

Ғайр аз ин тақрибан аз соли 718 сар карда, авлоди Аббос (амаки Муҳаммад) бар зидди ҳукмронии Уммавиҳо ба таври пинҳонӣ таблиғоти ҷиддӣ бурданд. Аббосиён даъво мекарданд, ки ҳаққи хилофат аз они Бани Ҳошим, яъне хонаводаи пайғамбар аст. Аммо кӣ бояд аз ин хонавода ба тахти Хилофат нишинад, дар ин бора одатан ошкоро чизе намегуфтанд. Аз ин сабаб онҳо бо шиаҳо, ки гумон доштанд, Аббосиён бо нафъи онҳо амал мекунанд, муттаҳид шуданд.

Норозигии умумӣ нисбат ба Уммавиҳо махсусан дар миёнаи асри 8, яъне дар овони хилофати Марвонӣ (744-750) ниҳоят дараҷа қувват гириф, ки бо афзудани хироҷ ва беш аз пеш ба таври иҷборӣ истифода шудани қувваи аҳолии маҳаллӣ боис гардида буд.

Халифа Марвон ин вазъиятро ба хубӣ дарк намуда, барои бехатарии ҳокимияти Уммавиҳо 1 қатор тадбирҳо пешбинӣ намуд: аввалан, ӯ тамоми аъзои хонаводаи Уммавиҳоро аз Димишқ ба шаҳри Ҳорон кӯчонд: cониян, вай фармон дод, ки ба ҷуз шаҳри Антиохия, ки чун маркази аз румиҳо мудофиа кардани хилофат ба шумор мерафт, тамоми қалъа ва деворҳои атрофи шаҳрҳоро вайрон кунанд, то аҳолии маҳалӣ аз ин истеҳкомот ба муқобили ҳукумати Уммавиҳо истифода набаранд. Вале ҳеҷ як тадбире пеши роҳи ҳаракати пурэътирози мардумро гирифта наметавонист. Норозогии умумӣ ба дараҷае вусъат гирифт, ки ҳатто, аввалин бор дар таъихи хилофат аксари хоссагони араб бар зидди халифа исён бардоштанд. Яке аз шахсиятҳои бонуфузи хонаводаи Аббосиён-Имом Иброҳим бини Муҳаммад дар охирҳои давраи ҳукмрони Уммавиҳо роҳбарӣ кардани корҳои таблиғотиро ба дасти худ гирифта, ба тамоми гӯшаву канори хилофат, махсусан бо музофотҳои шарқӣ воизони махфӣ фиристод ва тарғиби зидди Уммавиҳоро хело пурқувват намуд. Аббосиён дар муборизаи худ бар зидди Уммавиён пештар ба ашрофи заминдори Мовароунаҳр ва Хуросон, ки умедвор буданд, ки дар сурати мувафаққият пайдо кардани таббадулоти Аббосиён ба идора кардани мамлакат роҳ меёбанд, такя мекарданд.

 

Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter