ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммдазода: Абуҳанифа дар даврони ошӯбҳо

  • Панҷшанбе, Сен 08 2022

Шӯриши Абумуслим

Дар нимаи дуюми асри 8 вазифаи сардорӣ намудани муборизаи зидди хилофати Уммавиҳоро Абӯмуслим, ки тарафдорони табаддулоти зидди Аббосиён буда, баъдҳо шӯҳрати зиёде пайдо намуд, ба зиммаи худ гирифт.

Бо ҳамин тариқ, он лашкаре, ки Абӯмуслим дар вилоятҳои шарқии хилофат асосан аз аҳолии Осиёи Миёна ва аз арабҳои зидди сиёсати Уммавиҳо ташкил дода буд, дар соли 750 қувваҳои ҳарбии намояндаи хонадони Уммавиро торумор карда, хилофати ин силсиларо аз миён бардошт.

   Ба сари ҳокимият Аббосиён омаданд.  Лекин Аббосиён, чуноне ки интизор мерафт, дар бораи оммаи асосии шӯришчиён, ки бо ташаббус ва фаъолияти онҳо ба тахти хилофат соҳибшуда буданд, чизе фикр намекарданд, ваъдаҳои ба халқ додаи онҳо иҷро нагардид. Абӯмуслим ҳам, ки амири Хуросон таин шуда буд, дар ин бора хомӯш монд…

Бовуҷуди он, ки Абӯмуслим чи бо душманони хориҷӣ ва чи бо ҷунбишҳои дохилии зидди Аббосиён мубориза бурда, онҳоро самимона тарафдорӣ мекард, Аббосиён ба вай он қадар бовар надоштанд ва хавф мебурданд, ки ӯ рӯзе ба тахти хилофат даъво мекунад, ин кор ба дараҷае расид, ки дар соли 755 халифа Абӯҷаъфар ал-Мансур (754-775) Абӯмуслимро ба ҳузури худ хонда, ӯро дар қасри худ аҳд шиканона қатл намуд.

      

Шӯриши Симбод

Дар замони хилофати Аббосиён аҳволи оммаи васеи халқ на танҳо беҳтар нашуд, балки нисбат ба давраи Уммавиён боз ҳам бадтар гардид.  Халифаҳои Аббосӣ анъанаҳои Сосониёнро давом дода, ба ҳашамат ва дабдабаи дарбори онҳо низ тақлид мекарданд. Аъён ва ашрофи маҳаллӣ ҳам дар ин бобат ба онҳо пайравӣ мекарданд. Ин буд, ки бинокорӣ хело авҷ гирифта, бисёр қасрҳо, қалъаҳо сохта шуданд. Ҳамаи хараҷоти ин бинокориҳо ба зиммаи барзгарон буд.  Аҳволи пешоварон низ аз ин беҳ набуд. Онҳо мавриди истисмори нимфеодалӣ қарор гирифта, дар натиҷаи молиёти зиёд ва худсариҳои маъмурон тамоман бечаро гаштанд. ИН боиси афзудани эътирози халқ гардид.  Яке аз бузургтарин шӯришҳо дар он замон шӯриши Симбоди Муғ буд. Симбод яке аз пайравони наздики Абӯмуслим ҳисоб мешуд. Вай дар соли 755 шиори “барои хуни Абӯмуслим бояд қасос гирем” ба сар бардошта, ба атрофи худ аз ҳар табақа тарафдорони зиёдеро ҷамъ карда тавонист. Шӯриш ниҳоят бузург шуд ва Хуросону Табористонро фаро гирифт. Аббосиён ин шӯришро бо машаққати зиёде хобониданд.  Сумбод шикаст хӯрда, дар Рай қатл гардид.

Баъди наҳзати Муқаннаъ наҳзати табақаҳои заҳматкаши аҳолӣ ва қабл аз ҳама, барзгарон буд, яке аз равияҳои асосии онро мубориза бар зидди асорати беш аз пеш қувватгирандаи феодалӣ ташкил мекард. Вале ин шӯриш низ шикаст мехӯрад.

 

Бармакиён ва Сомониҳо дар хилофат

Аббосиён дарк карданд, ки бад-ин ҳол пойдор мондани сиёсати пешгирифтаи онҳо ғайри имкон аст. Ба ин хотир роҳи беш аз пеш ба умури идораи давлатӣ кашидани намояндагони ашрофи маҳалӣ ният карданд. Онҳо фикр мекардан, ки шояд ин амал ҷидду ҷаҳди онҳоро барои истиқлолият суст карда, дар мубориза ба муқобили шӯришҳои халқ ба онҳо такя кунанд. Ин амал асосан намояндагони ашрофи маҳалӣ, дар навбати аввал ворисони насли Бармакиҳо ва Сомониёнро ба идораи давлатҳо оварданд. Вале ин амали арабҳо боиси дар мамлакатҳои тасарруфи хилофат мустаҳкам шудани ҳокимияти хилофат нагардида, баръакс, шароит ва имкониятҳои мусоиди аз таҳти ҳукмронии арабҳо озод шудани ин сарзаминҳо шуд.

  Дар ҳамин вақт Эрон ва Осиёи Миёна наҳзати зиддиарабӣ, эронпарастӣ, ба истилоҳ шуубиён бисёр вусъат пайдо кард. Аз миёнаҳои асри ΙX-шуубия асоси идеологии наҳзати халқии зидди хилофат мегардад.

Ин шароит барои ташаккулу қувват гирифтани ашрофону феодалони маҳалӣ дар Осиёи Миёна ва Эрон хело мусоид омад. Ин буд, ки дар асрҳои ΙX-X яке паси дигаре давлати Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ба вуҷуд омаданд ва онҳо аз ҷиҳати илму маданият иқтисодиёту тиҷорат хело тараққӣ карданд.

 

Арабӣ-забони давлатӣ ва илм

Бале бояд таъкид сохт, ки баробари тасхир намудани мамлакатҳо ва роиҷ сохтани дини ислом, ҳаёти фарҳангӣ ва маданӣ низ ба таври куллӣ тағйир ёфт. Масалан, протсессҳои этногенӣ, забонӣ ва мадании кишварҳои дохили хилофат ниҳоят дараҷа мураккаб ва пурихтилоф буданд. Дар Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ аксари қавму халқҳо ночор “арабӣ” карда мешуданд, зӯран дини исломиро ҷорӣ карда, баробари он забони арабиро чун забони муқаддас паҳн намуданд, зеро Қуръон ва дигар адабиёти диниро фақат онҳое мефаҳмиданд, ки ин забонро медонистанд. Забони арабӣ, ҳамон мавқеъро, ки забони лотинӣ дар Ааврупои ғарбии асримиёнаги дошт, дар дохили хилофат соҳиб гардида, дар байни халқҳои гуногун эътибори забони умумии илмиро пайдо мекунад. “Маданияти халқҳои хилофат, ё худ чи навъе, ки баъзан истилоҳи нодурустеро ба кор бурда “маданияти мусулмонӣ мегӯянд”, натиҷаи синтези комёбиҳои эҷодии бисёр халқҳо мебошанд. Ҷаҳонбинии ягонаи динӣ ва забони умумӣ, алоқаи наздик ва муттасили ин халқҳо бисёр ҷиҳатҳои махсуси ин маданиятро ба миён овард. Вале бори дигар таъкид мекунем, ки ҳар як халқи ба хилофат дохилшуда дорои маданияти ба худ хос, инчунин махсусиятҳое мебошад, ки бо таъсири анъанаҳои маданӣ ва омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам омада, алалхусус аз охирҳои асри ΙX-X тадриҷан ба ҷудошавии маданӣ оварда мерасонад.

                                                        Давом дорад

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter