ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷи Исмоил Пирмуҳаммадзода: Ратсионализм ва скептитсизм дар таълимоти Абуҳанифа

  • Чоршанбе, Окт 19 2022

Принсипҳои асосии калом зотан ба машоия мухолифанд. Дар маркази онтологияи калом масъалаи офариниши олам ва эътирофи маоди ҷисмонӣ қарор дорад. Дар асоси ин таълимоти динӣ мутаккалимон қонуни олами физикиро инкор мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳодисаҳои олам тобеияти сабабият ва қонунияти табиӣ нестанд. Қудрат ва ихтиёри озодии офаридгор рафти ҳодисаҳоро ҳамеша бевосита тағйир дода метавонад. Пас инсон низ дар амалиёти худ фаъол ва соҳибихтиёр нест. Вай иҷрокунандаи амри илоҳист, ки ҳамчун тақдири ӯ муайян шудааст. Ақли инсон барои маърифати муътамад ва саҳеҳ оҷиз аст.

    Инак, агар машоия ба маърифати олам эътимоди комил дошта, ратсионализмро тарғиб намояд, мутакаллимон баръакси онҳо дар гносеология ба мавқеи скептитсизм ва агностисизм мегузаранд. Машшоия маълумоти ҳиссиётро ҳамчун зинаи авали маърифат ба асос мегиранд, мутакаллимон бошанд, баръакс роли ҳисиётро паст мезананд, ё тамоман инкор мекунанд. Машоия қадим будани оламро дар асоси қадимияти модда исбот мекарданд. Аммо мутакаллимон, ки ба офариниши олам иқрор буданд, таълимоти моддаю суратро написандида, ақидаи идеалистии Пифагорро маъқул донистаанд.

Машшоия вуҷуди халоро ғайриимкон мешуморад, вале мутакаллимон мункири мавҷудияти он набуданд. Машшоиён мегуфтанд, ки замон мавҷуд аст, мутакаллимон бошанд объективияти замонро эътироф намекарданд.

 

Аҷр бар ақл

Аммо чунин ҳодиса дар илм пас аз марги Абӯҳанифа рух додааст. Дар замони ӯ одат ва ҳадис, далоили нақлӣ пурра ҳукмрон буд. Ҳамаи масъалаҳоро, чи динӣ ва чи ғайридинӣ, аз мавқеи сифр далоили нақлӣ матраҳ мегардид. Абӯҳаифа аввалин касест, ки ҳам дар фиқҳу ҳам дар таълимоти каломияш аз усулҳои ақлӣ истифода кардааст.

Ҳуҷҷату-л-исломи Ғазолӣ дар “Эҳё-ул-улум-ад-дин” мавзӯи илми каломро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор дода, чунин қайд кардааст:

“Агар бигӯем, ки илми ҷадал ва калом мисли илми нуҷум мазмум аст ё мубоҳ ё манзуб, пас бидон, ки одамон дар ин мавзӯъ ифрот ва исроф кардаанд. Касе, ки мегӯяд он бидъат ва ҳаром аст, мегӯяд агар банда Худои таборак ва таъолоро бо тамоми гуноҳон ғайр аз ширк рӯ ба рӯ шавад, барои ӯ беҳтар аст, ки Худоро бо омӯзиши калом рӯ ба рӯ шавад. Касоне мегӯянд, ки илми калом фарзи айн ё фарзи кифоя аст, онҳо мегӯянд, ки он аз беҳтарин ибодатҳо ва комилтарин амалҳоест, ки қарибкунандаи банда бо Худои худ аст. Зеро тавассути илми калом тавҳид ва эътиқоди динии шахс ба Худованди Мутаъол дуруст мешавад, мегӯянд ин гурӯҳ ба таҳрими каломи имом Муҳаммад, Молик, Аҳмад ибни Ҳанбал, Сафёни Саврӣ ва тамоми пешвоёни ҳадис аз салаф қоил ҳастанд.

Суханонеро аз имомон баён кардаанд, ки чунин мазмун доранд, ҳарчи, ки саҳоба аз баёни ӯ сукут кардаанд, дар ҳоле, ки эшон ба ҳақиқати тавҳид ва дин донотар ва ба мураттаб кардани алфоз аз ҳамаи афроди асрҳои баъд фасеҳтар будаанд, илаташ он буд, ки шарру бадӣ зоддаи ин илм аст. Аз ин рӯ, паёмбар фармудааст:

 “Ҳалок шуд он касе, ки дар баҳс ғулув мекунад”

 Онҳое, ки баҳс дар илми каломро ҷоиз донистаанд ҳуҷҷати дигарро низ овардаанд, ки агар илм аз ҷумлаи дин мебуд, албатта расул ба он амр мекард ва роҳашро таълим медод ва арбоби ин ситоиш мефармуд!».

Сипас Ғазолӣ бақияи истидлоли онҳоро зикр карда, истидлоли гурӯҳи дигарро низ ёдовар шудааст, то он ҳадде, ки ба таври суол аз худ пурсидааст: “Пас назди ту кадоми ин 2 равия беҳтар аст?”. Пас ба тафсил ҷавоб гуфтааст. Дар ин илм манфиат аст ва зарар низ ҳаст, пас ба эътибори манфиаташ дар вақти истифода ҳалол ё мақбул ё воҷиб аст. Тавре, ки шароит онро тақозо мекунад. Ва ба эътибори зарараш дар вақти таҳаммули зарар ҳаром аст.

Ғаззолӣ дар идома афзудааст: Аммо зарари ин илм барангехтани шубҳаҳои бесубот ва заиф кардани ақида, яқину самимиятро аз байн бурдааст. Ин шубҳаву шаккокият ин аст, ки дар қалби инсон дар ибтидо ҳосил мешавад ва иллаташ далели машкук аст, ки одамон дар он ихтилоф мекунанд. Ин дар ҳолест, ки суботу яқин дар эътиқоди шахси муътақид зарур аст.  Ин илм аз он ҷиҳат зарар дорад, ки пеш аз ақидаи рад кардани ақидаи мубтаъид онон бо далелҳояш оварда мешавад, ки дар он таъкиди эътиқоди онҳо ва собит кардани он дар қалби ашхос боис мегардад. Ҳамин тавр дар нафси хонанда ва шунаванда асбоби кунҷковӣ ва ҳирсашон қавӣ мегардад ва бар омӯхтани ин илм исрор меварзанд. Валокин ин зарар ба воситаи таассубест, ки аз ҷадал бар мехезад.

 

(Давом дорад)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter