Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ:
“Мазҳаби Абӯҳанифа ҳам таърихан ва ҳам амалан омили муҳимми ваҳдати умумиинсонӣ, ҳифзи субот ва амнияти низоми ҷамъият аст”
Калом
Калому фиқҳи Абӯҳанифа ба ҷараёни ақлгароии динӣ ва фалсафии асрҳои миёнаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна алоқаманд аст. Ҳамчунон, ки хирадгароӣ дар фиқҳи Абӯҳанифа вуҷуд дорад дар каломи ӯ низ ҳамин тавр аст. Фалсафаи калом қисми муҳимтарини фалсафаи тоҷик ба шумор рафта, дар афкори фалсафаи Шарқи Наздику Миёна мақоми муҳим дорад.
Калом, дар ҳоли ҳозир фалсафаи дини ислом аст, ки дар асри VΙΙ пайдо шудааст. Зарурати офаридани илоҳиёти ислом дар ҳампайвастагии аҳкому ақидаҳои динӣ бо далелҳои ақлӣ ва мантиқӣ буд. Чаҳд ибни Дирҳам (вафоташ соли 742) аз аввалин мутакаллим будааст.
Дар вазъияте, ки муборизаҳои ғоявӣ бо тақозои муқовимати зидди бидъати мазҳабҳои мухталиф давом дошт, калом авҷ гирифт. Пайдоиши илми каломи исломӣ натиҷаи талоше буд, барои дифоъ аз усули ақоиди исломӣ дар баробари ҳамлаҳои пайравони адёни дигар, билхосса масеҳиён, ки бо ҳарбаи мантиқи юнонӣ худро мусаллаҳ карда буданд.
Мавзӯи баҳси калом ҳамчун илоҳиёти ислом ваҳдату зоту сифатҳои Худо, офариниши олам, нубувват, сарнавишт ва сазои охират, адлу ихтиёр мебошад.
Мароҳили Калом
Калом дар давоми таърихи худ 3 марҳиларо тай намудааст.
-Марҳилаи аввал бо номи муътазилия аст, ки асосгузораш Восил ибни Ато аст. Баъдҳо муътазилия асоси каломи шиа қарор гирифт.
-Дар марҳилаи дуюм, каломи ашъарӣ ва каломи мотуридӣ ба вуҷуд омад, ки ҳарду ҳам каломи суннӣ буда, ба он Абулҳасан Алӣ ибни Исмоили Ашъарӣ (870-935) ва Абӯмансур Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотурудӣ (вафоташ-944) асос гузоштаанд.
-Дар марҳилаи сеюм, калом бо фалсафа (фалсафаи машшоъ) омехта гардид ва дар ҳалли масъалаҳои ҳастию маърифат рақиби фалсафа шуд. Ба ин хотир ин тамоюл бо номи каломи фалсафӣ машҳур шуд. Пайравони ин тамоюл Муҳаммад Ғазолӣ, Фахриддини Розӣ, Муҳаммади Шаҳристонӣ ва ғайраҳо буданд.
Пешбарони Калом
Калом бо василаи пайравони сарсахти хеш ба монанди Абӯбакри Бокилонӣ, Абӯмалики Ҷувайнӣ, Кушайрӣ, Васил ибни Ато, Амир Убайд, Абулҳузайли Аллоф, Маъмун, Муътасим, Восиқ, Шайх Муфид Абӯисҳоқи Исфароинӣ, Саид Муртазо, Муҳаммад Ғаззолӣ, Ибни Халдун ва ғайраҳо бо роҳу равиши ақлгароёна аз ислом пуштибонӣ кардааст. Ин буд, ки фалсафаи калом минбаъд фалсафаи ислом шинохта шуд!!!
Масъалаҳое, ки калом дар доираи онҳо баҳсҳо оғоз кард, дар замони муосир низ диққати донишмандонро ба худ ҷалб сохтаанд. Ба ин хотир асарҳои зиёде дар таҳқиқи илми калом ба нашр расидаанд, ва ба ин васила онҳоро мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Масалан:
“Каломи ҷадид” -и Шиблии Нӯъмонӣ, “Ошноӣ бо улуми исломӣ” -и Муртазо Мутаҳҳарӣ, “Фалсафаи илми калом” -и Аҳмади Ором, “Таърихи фалсафа дар Эрон ва мамолики исломӣ” ва “Шароити исломия ва тараққиёти маданияти форсӣ” - и Саид Аҳмади Васлӣ, “Илм ва тамаддун дар ислом” -и Саид Ҳусайн Наср, “Бунёди фарҳанги Эрон” - и Садриддин Аҳмади Урмавӣ, “Ақидаҳои ҷамъияти сиёсии калом” ва ғайраҳо тасдиқи гуфтаҳои болоанд, ки мавзӯоти гуногуни каломӣ дар онҳо матраҳ гардидаанд.
Воқеан, дар ин ҷо таъкид кардан айни муддаост, ки яке аз ҳадафҳои асосии рисолаи мазкур рӯшанӣ андохтан ба проблемаҳои ҳастӣ ва маърифат дар фалсафаи калом ва дигар равишҳои ақлгароёнаи исломӣ мебошад.
Калом ва Фалсафа
Дар натиҷаи ихтилофҳои назариявии фалсафаи машшоъ бо калом, ба василаи Муҳаммад Ғаззолӣ калом бо фалсафа омехта мешавад ва ба масъалаҳои ҳастӣ ва маърифат аз дидгоҳи фалсафаи калом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Абӯҳанифа дар фаъолияти илмияш, дар таблиғи фиқҳу илм ба мардумоне, ки аз ҳар гӯшаву канор меомаданд, мухлису пайравонӣ ӯ буданд, машғул буд. Толибони Куфа аз 4 гушаву каноре, ки шуҳрати Абӯҳанифа он ҷо ба назар мерасад, ворид мегаштанд ва аз илми ӯ баҳраманд шуда, сипас ба ватани худ баргашта, мардумро таълими фиқҳу калом медоданд.
Ба ҳамин сабаб маслаку мазҳаби ӯ аз Куфа ба Ироқу Форс, Афғонистону Туркистон, Ҳинду Чин, Ҷопону Покистон, Шому Миср, Мағрибу Андалус ва тамоми Аврупо, аз шимол то ҷанубаш, Туркия, Юнон, Югославияи собиқ ва Албания интишор ёфт.
Каломи Абуҳанифа
Дар таърифи илми каломи Абӯҳанифа бошад, кофист, ки бигӯем, ки он илмест, дар бораи усули дини ислом.
Илме, ки ваҳдати масоили онро бурҳону далел ташкил мекунад илме, ки ваҳдати масоили он, эътибори ақлӣ дорад.
Бархе аз олимон дар садади он баромаданд, ки барои илми калом таъриф ва ё мавзӯъе биёбанд, нозири таъриф ва мавзуъе, ки барои илми фалсафа ҳаст ва назариёти мухталифе дар ин замина иброз кардаанд. Аммо мавзӯи мушаххас доштан марбут ба илмест, ки ваҳдати масоилаш ваҳдати зотӣ бошад, вале илме, ки ваҳдати масоилаш ваҳдати эътиборист, наметавонад мавзӯи воҳиде дошта бошад.
1 баҳси дигар ин аст, ки чаро ин илм, ки бо номи калом шинохта шуд дар осори Абӯҳанифа “Фиқҳи акбар” шинохта шудааст. Қисме гуфтаанд, ба ин сабаб минбаъд он калом номида шуд, ки қудрати дорандаи худро дар сухан ва истидлол инкишоф медиҳад.
Аҳли Ҳадис
Пеш аз он, ки ба нақли мазҳабҳои каломӣ бипардозем, лозим аст, ба 1 ҷараён дар ҷаҳони исломӣ ишора намоем ва он гурӯҳе аз уламои исломӣ аз асл бо калом, яъне баҳси ақлӣ дар масоили усули исломӣ, мухолиф шуданд ва онро бидъат ва ҳаром донистанд. Онҳо бо номи Аҳли Ҳадис машҳуранд. Аҳмад бини Ҳанбал, ки яке аз аимаи фиқҳии аҳли тасаннун аст, бо таври куллӣ бо калом, аз каломи мутазилӣ ё ашъарӣ, чи расад ба шиа, мухолиф аст. Ибни Таймийаи ҳанбалӣ, ки аз шахсиятҳои барҷастаи дунёи ин ҷамоат аст, фатво ба таҳрими калом ва мантиқ додааст. Малик бини Аннас бо номи “Савнул-мантиқ ва л-калом ани л-мантиқ ва л-калом” низ ҳар гуна баҳс ва ковишеро дар масоили эътиқодӣ ғайри ҷоиз мешуморад.
Калом баъди рушди пуртаҷала ва содир шудани усулу ақидаҳои фалсафӣ, яъне марҳилаи сеюми инкишофи худ бо фалсафа омехта шуд, ғайримуҳокимаи масъалаҳои ихтисосӣ ба ҳалли проблемаҳои онтологию гнесеологӣ машғул шуд ва рақиби фалсафа гардид. Ин корро Муҳаммади Ғазолӣ сар кард ва минбаъд Шаҳристонӣ, Фаридаддини Балхӣ, Фахриддини Розӣ, Изуддини Изӣ, Тафтазонӣ давом доданд…
(Давом дорад)