Чизи муҳиме, ки дар фиқҳи ҳанафиён машҳур буд, аз хулосаи имконпазири қиёс ҳамонеро, ки ба ҷамоат ва мардум мувофиқ бошад, ба воситаи истеҳсон (писандидан, неку шумурдан-ред.) интихоб мекарданд. Ҳанафиён аз рӯи истеҳсон амал карда, меъёрҳои ҳуқуқи шаръиро муайян мекарданд. Абӯҳанифа зимни баёни ҳуқуқи шаръӣ ҳуқуқи дунявиро, яъне манфиатҳои мардумро ба назар мегирифт. Бо ҳамин хислаташ таълимоти Абӯҳанифа дар байни мардуми оддӣ шӯҳрати зиёд касб карда буд.
Фаъолияти Абӯҳанифа доираи васеи масъалаҳоро фаро гирифта, асрори ниҳоии оётро ошкор сохтааст, ки ин аз дараҷаи баланди хиради инсонӣ, ки Қуръон қоили он аст, гувоҳӣ медиҳад. Ҳадиси пайғамбар аст дар бораи Ибни Аббос, ки гӯяд “Худоё, ӯро дар дин фақеҳ ва доно кун ва таъвилро ба ӯ биёмӯз”.
Гӯё Ибни Аббос изҳор кардааст, ки таъвил (тафсир-ред.)-и оёти муташобеҳаро медонад ва ин ҳадис ба ҳамин муносибат гуфта шудааст. Илми калом аз зоту сифоти Худованд, мабдаъу маъод, рафъи шубҳаҳоте, ки нисбати аслҳои дин ба вуҷуд омадаанд, иборат аст. Муҳимтарин далоили калом асосноккунии вуҷудияти Худо, асмоъ ва ягонагии он аст. Ҳадафи илми калом муайян кардани ҳақиқат, асосан бо истидлоли ақлӣ, ҳифзи усули дин аз ҳаргуна шубҳа ва дурравӣ аз онҳо, равшан ва исбот намудани ақоиди динӣ мебошад.
Усули дин
Калом зимни инкишофи худ ба фалсафаи дин табдил ёфт, ки дар он масъалаҳои умуминазариявии дин матраҳ мегарданд. Бисёриҳо динро аз илми тавҳиду сифоти Худованд иборат медоданд, ки дар ибтидо чунин буд, зеро илми ақоид бештар мавриди низоъ ва мунозираи гурӯҳҳо ва равияҳои динӣ қарор гирифтааст. Вале аз маҷмӯи ақоид маҳз усули дин боиси шарҳи бештари калом гардид. Аз ин ҷо дар ибтидо онро бо исми усули дин низ ном мебурданд. Калом фақат хоси ислом нест, балки илми калом дар масеҳият ва яҳудият аз каломи исломӣ пешдастӣ дорад. Азбаски каломи яҳудӣ ва насронӣ баҳси алоҳида аст ва Ибни Маймуни Яҳудӣ роҷеъ ба ҳам монанд будани калом дар ҳар 3 дин сухан рондааст, фақат метавон тазаккур дод, ки онҳо асосан аз рӯи усул ва равиши таҳқиқот ба ҳам монанданд, на аз рӯи мазмун.
3 даври камоли Калом
Калом дар ислом ба се давра тақсим мешаванд:
1.Каломи қудамо, яъне аввалин мутакаллимон дар ислом ва 2.каломи мутааххириин ва 3. каломи ҷадид.
Давраи аввал то замони хилофати Маъмун (820-833) ва давари дуюм аз замони судури фармони халифа дар бораи мазҳаби расмӣ эълон кардани мӯътазила мебошад. Давраи сеюми каломӣ-каломи ҷадид аст, ки аз асрҳои 18 шурӯъ шуда, то имрӯз давом дорад. Дар ин давра пайванди калом бо фалсафа хеле устувор гардидааст. Такмили имрӯзаи каломро бо нуфузи улуми худошиносӣ ва диншиносӣ алоқаманд медонанд.
Ин илм дар масеҳият барои дифоъ аз ақоиди динӣ ба вуҷуд омадааст. Вале тасаввур дар бораи он ки мусулмонон бо ин илм ошно шуда, сипас онро аз яҳудият ва насроният қабул кардаанд, чандон дуруст нест, зеро масоили дифои ақоиди динӣ, китобҳои муқаддас, исбот ва андешаронӣ дар бораи онҳо барои ҳамаи динҳо умумӣ аст. Дигар ин ки пайдоиши баҳсҳои каломӣ дурӣ аз он маслакҳое дар ислом шуданд, ки баъд аз реҳлати пайғамбар сар задааст, сухан дар бораи исботи ҳаққи хилофат ва васияти пайғамбар меравад.
Миқдори каме, ки дар сақифа ин масъаларо муҳокима кардаанд, мелоки “имоматро хешовандии Паёмбар донистаанд ва худро шоистаи зимомдорӣ муаррафӣ кардаанд. Дар баробари онҳо гурӯҳе, ки дар хонаи Алӣ мутаҳҳасин буданд, масъалаи тансисро матраҳ карда ва ӯро шоистаи зимомдорӣ муаррафӣ карданд”.
Ақидаи дигар дар он аст, ки аввалин масъалаи каломӣ масъалаи ҳукм дар гуноҳи кабира мебошад. Масъалае, ки дар фиқҳу каломи Абӯҳанифа яке аз масъалаҳои асосӣ буд. Шииён халифа Усмонро муртакиби чунин гуноҳ медонистанд, ҳарчанд, ки моҳияти масъала дар бораи муртакиби гуноҳи кабира аз он аст, ки он дар дин боқӣ мемонад ё берун аз он аст. Ҳасани Басрӣ, аз фақеҳони Шом ва аз ҷумлаи аввалин мутакаллимон чунин шахсро мунофиқ, баъдтар мӯътазилиён дар мавқеи байни куфру имон ва Абӯҳанифа мӯъмини фосиқ донистаанд. Вале баъзе масъалаҳои дигар ҳастанд, ки дар гузориши онҳо метавон таъсири каломи масеҳият ва яхудиятро мушоҳида намуд, масалан, қадим ё ҳодис будани Қуръон, ваҳдати асомии Худованд, ки сифатҳои бузургии ӯро ифода мекунанд ва ғайра.
Доир ба масъалаҳои зикршуда, бояд таъкид намуд, ки дар байни калому фиқҳи назарӣ умумияте вуҷуд дошт, вале онҳо ҷанбаи баҳси каломӣ дошта, минбаъд асоси илми калом гардиданд. Он чӣ ки мо дар бораи каломи Абӯҳанифа мегӯем, маҳз аз ҳамин ҷиҳатҳои умумии калому фиқҳ иборат аст ва калом дар Абӯҳанифа то ба ҳол ба сурати илми алоҳида шакл нагирифтааст. Вале, азбаски масъалаҳои каломиро дар бар мегирад, онро метавон бо ҳамин ном номгузорӣ кард. Барои фарқ кардани қисматҳои осори Имоми Аъзам ин кор хеле зарур аст ва ҳамин тавр ҳам аз ҷониби муҳаққиқон баррасӣ шудааст. Яъне раванди пайдоиши ин илм чун дигар илмҳо буда, дар замони Абӯҳанифа ба вуҷуд омада, минбаъд ба илми комил табдил ёфтааст.
Давом дорад