ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Тавҳид, Ақоид ва Калом

  • Чоршанбе, Нояб 23 2022

 

  Чунонки зикр гардид, зери мафҳуми илми калом сараввал илми тавҳиду ақоид фаҳмида мешуд, зеро маҳз масъалаҳои ин ҳар ду илм масъалаҳои илми каломро ташкил додаанд. Ин ҷиҳатро бисёре аз уламои ислом таъкид кардаанд. Аз ҷумла Саъдуддини Тафтазонӣ сабабҳои номгузории илми ақоид ва илми тавҳидро ба калом аз инҳо иборат медонад:

 

1.      Баҳси махлуқ будан ё набудани Қуръон аст, ки ба сабаби он ки баҳс роҷеъ ба Каломуллоҳ (Қуръон) аст, ҳодис ё қадим будани он аст, шояд номгузорӣ ба калом аз ҳамин ҷиҳат бошад.

 

2.      Аз нигоҳи он ки мутакаллимон бо далелу бурҳон сухан гуфта, аз мантиқу фалсафа истифода бурда, шаръиёт ва диниётро таҳқиқ мекарданд ва дар баҳсҳо истифода менамуданд, чунин ном ба миён омада бошад.

 

3.      Илми ақоид илмест, ки фарогириаш ба инсон воҷиб аст. Чунин фарогирӣ аз тариқи сӯҳбат (калом) ва мунозира ба даст меояд. Чунин ба назар мерасад, ки илми калом ин мақсадро бештар ҳосил мекунад.

 

4.      Илми ақоид нисбат ба улуми дигар бештар аз тарафи мухолифони он мавриди низоъ ва мухолифат қарор гирифтааст ва дар ин маврид гуфтугӯ, муҷодала, радди ақоиди мухолифин бештар сурат мегирад ва калом номидани он аз ин ҷост.

 

5.      Илми усулу дин ба хотири қуввати далелҳояш ба илми калом ном гирифтааст, зеро дар байни 2 сухане, ки яке аз дигарӣ қавитар бошад, мегӯянд: “ҳозо ҳува-л-калом”.

 

6.      Чун илми калом бар далелҳои қавитари ақлӣ даст ёбад ва таъсири дигаркунандаи он бар қалби инсон нисбат ба дигар илмҳо зиёдтар нуфуз мекунад, онро калом номидаанд.

 

 Каломи қадим

 

 Каломи давраи аввал, яъне давраи Абӯҳанифа бе омезиши ҳукми фалсафа шинохти ақоиди диниро таъмин мекард. Ҳамин хусусияти баҳсҳои каломии он давраро Абӯҳанифа чунин баён доштааст:

 

“Мо ба калом даври ҳам гирд меомадем ва яке аз мо такаллаум мекард ва чун ба тасарруфоти шайтонӣ бар худ ва каломаш пай мебурд, шурӯъ ба гиристан мекард ва гиря чунонамон аз дасташ мегирифт, ки гуфтугӯи байни моро ба куллӣ қатъ мекард ва бисёре аз гуна маҷолисро дар ҳоле тарк мекардем, ки ҳеҷ сухане байни мо раду бадал намешуд. Ва ҳар гоҳ (дар маҷлисе аз маҷолис) такаллум мекардем, чунон такаллум мекардем, ки (ба ҷиҳати виқор ва риояти адаби сухан ва мунозира ва мулоимат дар баҳс) паррандагон рӯи сарҳоямон ба парвоз дармеомаданд (ва аз хавфи худ, ки мабодо дар мунозира дучори таассуб ва худхоҳиву ғурур шавем) чунон мепиндоштем, ки бар домани оташи ҷаҳаннам хастем”.

 

Мутакаллимини он давра бештар аз каҷравӣ ва фирқаи андешӣ ҷилавгирӣ ва кӯшиш мекарданд, хаторо аз савоб ошкор созанд ва дар дин улфату иттиҳодро роҳандозӣ кунанд, ки ин баъдтар, дар охирҳои умри Абӯҳанифа аз байн рафт. Маҳз ба ҳамин хотир пешвоёни мазҳабҳо, аз ҷумла Абӯҳанифа, ба назари интиқод ба баҳсҳои каломии даври охири умраш нигаристааст.

 

 Ренесанс дар Калом

 

Тақрибан баъд аз Ренессанс (эҳё) ва инкишофи илмҳои равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа, таърих, иқтисодиёт, антропология, улуми дақиқ таҳаввулоте, ки дар Ғарб ба вуқӯъ пайваст, пурсишу ҷустуҷӯҳо дар масоили мухталифи динӣ хеле афзуд. Фишор ба дин хеле зиёд шуд, аз ҷумла аз ҷониби маорифпарварони фаронсавӣ, ки мазмуну пайдоиши динро ба ҷаҳлу нодонӣ алоқаманд медонистанд. Ҳамчунин ҳаракатҳое, ки зери шиорҳои дин сурат мегирифтанд, тасаввуроти воқеъии дини масеҳиро тағйир дода, равияҳои нави динӣ, мисли протестантӣ, калвинизм, баптизм, англоканӣ ва ғайраро ба вуҷуд оварданд. Дар ибтидо ин ҳаракат зери роҳбарии Лютер дар Олмон сурат гирифт ва дар шаклҳои мухталиф дар тамоми Аврупо паҳн гардид. Аз масъалаҳое, ки дар каломи ҷадид роҳ ёфт, масъалаҳои зеринро метавон ном бурд:

 

1.      Муносибати илму дин, ки ба таҳаввулоти ҷиддӣ ва инқилоби илмии ин давра алоқаманд буд;

 

2.      Дин ва ахлоқ, мақоми дин дар болоравии ахлоқии ҷтимоӣ;

 

3.      Маърифати олам, усулҳои маърифат ва вобаста ба ин муносибат ба илҳом, ваҳй дар дин;

 

4.      Дин, пайдоиш ва унсурҳои он;

 

5.      Дин ва озодии башар;

 

6.      Дин ва инкишофи иҷтимоӣ;

 

7.      Дин ва фарҳанг.

 

Дар ин маврид дар ислом равияҳои “каломи тавҳидӣ”, “каломи нав “, “иқтисоди тавҳидӣ” ва назарияҳои ба ин монанд ба вуҷуд омаданд. Вобаста ба инҳо масъалаҳои ҷадиди калом бештар хусусияти назариявӣ гирифта, бо таълимоти фалсафӣ омехтагии бештар пайдо кард. Далелу бурҳонҳои он барои ҳимояи ақидаҳои динӣ ранги фалсафӣ гирифт.

 

 

 

(Давом дорад)

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter