ХАБАРИ ДОҒ

ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММАДЗОДА: Абуҳанифа: Мантиқ ва маърифат дар дин

  • Чоршанбе, Янв 11 2023

 

 Вақте аз бобби мантиқ сухан меравад бояд тасаввур кард, ки як шохаи илм аст, набояд тасаввур намуд, ки динро бо ягон шохаи илм муқоиса намуда, таълимоти диниро ба он баробар донист. Ба қавли Муҳаммад  Иқбол “дин чизе нест, метавон онро бо яке аз шохаҳои илм муқоиса кард, на фикри муҷаррад аст ва на фикри эҳсоси муҷаррад ва на олами муҷаррад; баён ва таъбире аз тамоми вуҷуди одамист”.

М. Иқбол дар ҷои дигар гӯяд:

“сурати баёни дигари илми илоҳӣ ҳамадонӣ аст ба маънои 1 феъли идроки муфради ғайри қобили тақсим, ки Худоро бевосита аз саросари ҷараёни таърих ҳам чун риштаи пайвастае аз ҳаводиси хос дар 1 “акнун” –и абадӣ огоҳ месозад”.

   Аз ин иқтибосоте, ки оварда шуд, натиҷагирӣ мешавад, ки маърифати динӣ танҳо ба васоити мантиқ ба амал намеояд, балки он дастгоҳи дигаре дорад, ки он ба ботини инсон, илҳоми шахсии диндор низ алоқаманд аст дар баробари ин бояд гуфт, ки ҷиҳати муҳими усули фиқҳии Абӯҳанифа ва инчунин каломии ӯ низ равиши қиёсӣ аст, наздик ба қиёси мантиқӣ. Ҳамчунон, ки дар боло зикр шуд, қиёси фиқҳӣ аз қиёси илми мантиқ, ки поягузори он Арасту мебошад, фарқ дорад, вале он дар равиши истидлолии Абӯҳанифа то ҳадде наздик шудааст, ки дар шакли рамзӣ метавон онро ин тавр ифода кард:

Агар А, пас В

Агар В, пас С

-------------------

Агар А пас С

 

Маҳз дар ҳамин шакл, қиёс метавон гуфт, ки бо иҷтиҳод ҳамрадиф мегардад.

 

Фиқҳи Акбар

Хусусияти қиёсро мо дар “Фиқҳи акбар” – и Имоми Аъзам ба тарзи зерин мебинем. Пайравӣ ба аҳкоми Қуръон ва суннат душвориҳо дорад, ки бе фаҳми дуруст ва таҳқиқу тафсири уламо хеле мушкил бувад. Дастёбӣ ба баъзе аҳком бе суннат метавонад анҷом гирад, зеро далелҳо ва истинботи равшани онҳо ҳам дар китоб ва ҳам дар суннат вуҷуд дорад, вале баъзе дигар аҳкому суннатест, ки бо илҳом ва иҷмол баён шудаанд ва фақат бо муроҷиат ба онҳо аз фаҳми дурусти онҳо хабардор шудан мумкин аст, яъне дар ин ҷо тақлид зарур мешавад. Калимот ва ибораҳое дучор мегарданд, ки дорои чанд маъно мебошанд. Кадоме аз ин маъниҳоро бояд интихоб ва мавриди амал қарор дод? Ингуна масъалаҳо дар Қуръон ва ҳадисҳо зиёданд, ки фаҳми онҳо дӯшвори ба миён меорад. Дар ин сурат беҳтар аст ба пешиниён муроҷиат шавад, ки онҳо ин масъалаҳоро чӣ гуна ҳал кардаанд ва олим ё муҷтаҳиде, ки мавриди он эътимод қарор мегирад, аз ӯ пайравӣ карда шавад, беҳтар аст аз он, ки аз рӯи дониши худ амал кунем ва ҳамин тариқро тақлид гӯянд. Одатан онро амал ба қавли имоми муҷтаҳид бидуни талаби далел мефаҳманд.

 Аксиома, таҷриба ва мушоҳида

Абӯҳанифа ба мисли дигар мутакаллимон дар баробари истидлоли аксиоматикӣ таваҷҷӯҳи зиёд ба мушоҳидот ва таҷрубиёт зоҳир намудааст. Эҳсосот ва гузораҳо ба ҳиссӣ зоҳирӣ ва ботинӣ ҷудо карда шудаанд ва ботинро “виҷдоният” ном ниҳодаст, яъне қазоё ва гузораҳое ҳастанд, ки аз инъикоси улуми ҳузурӣ ба даст меоянд ва зеҳн дар ин маврид пайваста дар ҳалли аксбардории ёфтаҳо ва шуҳудоти худ аст. Аллома Таботабоӣ дар “Ниҳоят-ул-ҳикма” ин гуна қазоёро аз ҷумлаи қазоёи бадеҳӣ донистааст ва таҷрубиётро чун мабодии аввалӣ, яъне аввалиёт ва мутавотирот зикр кардааст.[1]

Мутакаллимони муосир ба таҷрубиёт аҳамияти хосса медиҳанд. Таҷрубиёт дар назди онҳо гузораҳое ҳастанд, ки ақл ба воситаи такрори озмоишҳо ва мушоҳидот сиҳатии (дурустии) онҳоро таъкид месозад. Онҳо таъкид бар он доранд, ки гузораҳои таҷрубӣ ба бадеҳиёти авалӣ ва маҳсусот мунтаҳо мегарданд.[2]

Аммо наметавон тасаввур намуд, ки эҳсос силсилаи эҳсосотро ташкил медода бошад: эҳсоси аввал эҳсоси дуюмро ва ҳамин тавр ба вуҷуд оварад. Балки ҳар кадом эҳсос идроки мустақил аз дигарӣ аст, гарчанде робитаи сабабӣ (маълулият) доранд.

        Ин назар ба мутакаллимони муосир низ таъсир дорад, гузораҳои таҷрубиёт салоҳият доранд, ки мабдаъ ва муқаддимаи бурҳон воқеъ шаванд. Бо вуҷуди ин гузораҳои мазкур яқинро ҳосил намекунанд, фақат метавонанд порае аз бурҳонҳо бошанд, зеро исботи куброи ин бурҳонҳо мушкил аст ва бурҳонҳо наметавонанд муфиди яқин бошанд.[3]

      Ба таври куллӣ яке аз масъалаҳои муҳими далеловарӣ дар каломи муосир бадеҳиёт ё раванди аксиомасозии истидлол мебошад. Дар ин маврид ҳамаи шаклҳои ҳукмҳо мавриди истифода қарор гирифта, ҷиҳати аксиомакунонии онҳо асли таваҷҷӯҳи мутакаллимонро ташкил дода, ибтидои худро аз “Фиқҳи акбар” – и Абӯҳанифа мегирад.

Давом дорад

    

 

 



[1] Аллома Таботабої. Нињояту-л-њикма. –Тењрон. 1362.-с.147.

[2] М. Њусайнзода. Фалсафаи дин. –Тењрон.1380.-с?

[3] Љаъфар Субњонї. Мадхали масоили љиддї дар илми калом. –Ќум. 1384.-с.147.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter