Дар мантиқ истидлоли тамсилӣ мартабаи ибтидоӣ дошта, замина барои истиқроъ аст. Ҳам тамсил ва ҳам истиқроъ ҷузъе аз хулосабарориҳои индуктивӣ мебошанд. Хулосабарориҳои индуктивӣ, яъне индуксия, воқеан намуди хулосаҳои эҳтимолӣ ё худ проблематикӣ буда, дар сурате исботи пурра ҳисоб мешавад, ки агар ҳамаи чизҳои ба ҳамон намуд ва сифати мавриди хулоса дар ҳамаи ҳамон намуд дида баромада шавад. Вале дар баъзе гурӯҳҳои ашёҳо ҳамаи онҳоро дида баромадан ғайри имкон аст, масалан растанӣ, ҳайвонот ва ғайра. Шакли рамзии он чунин аст:
P1 (a), P2 (a) … Pn (a)
P1 (b), P2 (b) … Pn (b) Q (a) – гузораи гузаронда аст
Q (b)
Шабоҳате, ки қиёс (ба маънии тамсил) бино шуда, аз шабоҳат аз лиҳози баъзе аз ҷанбаҳо дар мавриди чизҳоест, ки бо ҳам шабеҳ ҳастанд. Масалан, дар Қуръон нӯшидани хамр, ки шароби ангурӣ аст, манъ аст ва ин ҳукм дар фиқҳ ба набиз, шароби хурмо ва анвои дигар шаробҳо, ки хусусияти масткунанда доранд, ҷорӣ аст. Ин ҷо тамсил миёни онҳо вуҷуд дорад, ки сабабаш маст шудан аст. Масоили он дар ҳалли масъала дар Имоми Аъзам ҳам дучор мешавад. Тамсил дар мавриди масоили имонӣ то зуҳури мӯътазилиён бо такмили баъзе ҷиҳатҳо, ки ба қиёс силлогизм шабоҳат дошт, мавриди истифода қарор гирифтааст. Минбаъд вақте калом ба илми махсус табдил шуду баҳсҳо атрофи сифоти Худованд ва Қуръон хеле тавсеа пайдо карданд, қиёси тамсилӣ ба қиёси фалсафӣ ва мантиқӣ табдил шуд. Қадами нахустин дар ин мавридро Имоми Аъзам дар “Фиқҳи акбар” гузоштааст, ки он ба чанд нуқта алоқаманд аст.
Аввал дар қиёс истифода шудани раъйи мустақил ва хусусан рӯ овардан ба истеҳсон ҷиҳати муҳими истидлоли айнӣ дар калом ва фиқҳи Абӯҳанифа мебошад. Баъзеҳо эрод бар он доранд, ки Имоми Аъзам аз раъй истифодаи бештар бурда, ҳадисро камтар мавриди истинод қарор додаст. Ин масъала дар осори бахшида ба фаъолият ва рӯзгори Абӯҳанифа зикри муфассали худро пайдо кардааст ва радди он низ мавриди баҳсу андеша қарор гирифтааст. Аз ин ҷо хонандагонро ба он асарҳо ва фикри муҳаққиқон ҳавола намуда, ҷиҳати дигари онро дар равиши баҳс тафсир карданием. Ин ҷиҳат таносуби раъй ва ривоят аст.
Такя бар ақл
Дар ин маврид бояд зикр кард, ки раъй ин истидлоли ақлие буд, ки ба илми яқин такя мекард. Илмро чунонки аз тафсирҳои Қуръон бармеояд, 3 рутба аст: илмуляқин, айнуляқин ва ҳаққуляқин, ки ҳар кадом ба доираи мухталиф марбут аст. Дар тасввуроти динӣ ҳаққуляқин ба анбиёву авлиёҳо муяссар мегардад. Дар илми диншиносии муосир дараҷаи баланди исботро истидлоли айнӣ таъмин мекунад ва он низ бар 3 навъ аст:
- истидлоли айнӣ дар қаламрави ақли назарӣ (истидлоли ақлӣ ё қиёс),
- истидлоли айнӣ дар қаламрави таҷруба (истидлоли таҷрибӣ ё интиқроӣ),
- истидлоли айнӣ дар қаламрави таърих (таърихӣ ва нақлӣ).
Ба қавли Абӯзаҳра, Имоми Аъзам чунин мешумурд, ки ҳамаи манбаъҳои динӣ (нусус) аз ҷиҳати маъно бо ақлу хирад дарёфт мешаванд, ба ҷуз ибодот, масалан, фаҳмидан он, ки чаро 5 вақт намоз ва на 3 ва на 7.[1] Ин ҷо мақсад аз муқобилгузории ақлу имон нест, балки таъкиди он аст, ки имон авлотар аз маърифати ақлӣ ва васеътар аз он аст, ки далолили дигар, далоили нақлӣ иродию отифиро ба бор меоварад.
3 давраи зиндагонии динӣ
Ҳамчунон ки Муҳаммад Иқбол дар диншиносии маъифатии худ ин маъниро ба чунин тарз таъкид кардааст: “Чун ба сурати куллӣ сухан гуфта шавад, зиндагии диниро метавон ба 3 давра тақсим кард. Ин давраҳоро метавон давраҳои “имон” ва “андеша” ва “инкишоф” номид.
Дар давраи аввал зиндагии динӣ ҳамчун назму инзиботе аст, ки фард ё қавме онро ба сурати 1 фармони ғайри машрут мепазирад, ба он ки ҳеҷ фаҳми оқилонае аз ғарази ниҳони иҷрои он фармон дошта бошад.[2] Ин тарзи зиндагии динӣ дар ривоятҳои динӣ аз ҷумла ривоят дар бораи Иброҳим ва паёмбари ислом ҳувайдост. Аввалан, ки Иброҳим ҳеҷ суоле аз натиҷаи ниҳоии имони поку муҳаббати бепоён ба Худованди мутаъол дар онҳо намекунад, аз дигар тараф, бо итоати бекаму кости фармонҳои Худованди мутаъол бо 1 ҳаяҷони фаровон ҷиҳати иҷрои онҳо кӯшиш менамояд.
Давраи дуюми зиндагии динӣ ба дарки ақлӣ, пайдо кардани назари мантиқӣ ба ҷаҳон аст. Ба гуфти Муҳаммад Иқбол “ҳаёти динӣ ба сурати орзуи тамоси мустақим бо ҳақиқати мутлақ пайдо кардан дармеояд”.[3]
Дар шарҳи аниқтари давраи сеюм – иктишоф, М. Иқбол ба қавли аҳли тасаввуф муроҷиат кардааст, ки назари Иқболро дурустар баён месозад: “фаҳми китоби осмонӣ мумкин нест, магар он замон ки ин китоб ба ҳамон сурате, ки бар пайғамбар ваҳй шуд, барои мӯъмин низ ҳолоти ваҳй пайдо кунад”. Дар ин ҷо бояд гуфт, ки зинаи “инкишоф” ба он маънӣ нест, ки ваҳй ба кулли мӯъминон расида бошад, зеро дар тасаввуроти динӣ гирифтани ваҳй хосаи пайғамбарон аст, балки дарки амиқи аҳкому мазмуни оёт аст. Ҳамон тавре, ки барои баъзе авлиё ва уламо муяссар мегардад. Ба қавли Муҳаммад Иқбол “кӯшиши ақлӣ барои боздоштани мавонеъе, ки ҷаҳон дар пеши пои мо мегузорад, илова бар он ки зиндагии моро низ вусъат мебахшад ва сарватманд мекунад, биниши моро низ афзоиш медиҳад ва ба ин тартиб моро барои бархӯрд бо ҷанбаҳои диқиқтари таҷрибаи башарӣ мусалламтар месозад”.[4]
Давом дорад