ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода: Мақоми ақл дар таълифи Абуҳанифа

  • Чоршанбе, Фев 08 2023

Мақоми дигари ақл дар эътиқодоти динӣ баён, таҳаққуқ ва кашфи онҳост. Дар ин маврид чанд модели ақлӣ истифода мешавад: модели ақлӣ ё далелӣ (reasonmodel), модели аъло (cansalmodel), модели қиёсӣ-қонунӣ, ки ҳар кадом дар давраҳое мавриди истифода мешаванд. Вобаста ба истифодаи истидлолҳои ақлӣ, нуфузи ривояҳои нави фалсафӣ-мантиқӣ, инчунин анъанаҳои каломӣ низоми илоҳиётро ба 2 навъ тақсим мекунанд:

- Аввал, низоми илоҳиёти ҷазмӣ, яъне бо илоҳиёти бар усули эътиқодот бино шуда, ки дар он ақл нақши асосӣ надорад. Дар ин ҷо истидлоли ақлӣ танҳо дар ягон маврид барои ҳимояи эътиқодот оварда мешаваду халос. Он шакле аз имонгароӣ буда, 2 навъ мешавад:

 1. Онҳо эътиқодотро ба ақл дастнорас ва исботи онро бо истидлоли ақлӣ кори беҳуда ҳисоб мекунанд.

2. Низоми илоҳиёте аст, ки тарзи истифодаи ақлониятро бо доираи донишмандони динӣ маҳдуд месозад. Ба гуфти онҳо исботи эътиқод ба ҷуз ҳосил шудани иҷмоъ ва таваҷҷӯҳи донишмандони дин чизи дигаре нест ва ақл категорияи таърихии алоқаманд бо урфи ҷомеа мебошад ва навъе аз имонгароӣ аст.

- Навъи дуюм илоҳиёти ақлӣ аст, ки дар он нақши ақл истидлоли мақоми доварӣ ба таъмини эътибори эътиқоди динӣ қарор мегирад ва ақлонияту истидлоли ақлӣ бо таври комил пазируфта шудааст. Ин навъ илоҳиёт низ вобаста ба дарки ақлоният ба 2 гурӯҳ, тақсим мешавад:

1. Илоҳиёти ақлии ҳадди аксар ва;

2. Илоҳиёти ақлии ҳадди ақал.

- Илоҳиёти ақлии ҳадди аксар кӯшиш дорад маҷмӯи таълимоти дин онро ақаллан бо истидлолҳои ақлӣ исбот намояд ва ҳеҷ нуқтае нест, ки он ба сурати истидлоли ақлӣ даровардан ва ақаллан исботпазир набошад, он эътиқодро зери категорияю мафҳумҳои ақлонӣ дохил карда, ҳеҷ гуна унсури ғайриақлонӣ ва фароақлиро дар эътиқодоти динӣ боқӣ намегузорад. Чуноне, ки М. Иқбол онро «Хирадгароии сирф» номидааст.[1]

Масалан, дар истидлоли он аз муқаддимоти содиқ сидқи хулосаро истинтоҷ бояд кард. Исбот бар мӯъминон аст, ки гунаи ҷаҳл дар нисбати сидқи эътиқодӣ аз байн бурда мешавад, яъне исботи эътиқод -Р сидқи эътиқодро ошкор созад, тавре ки ҳеч гуна шакли ақлонӣ нисбати эътиқод боқӣ намонад, ба таври дигар истинтоҷи Р аз пораи муқаддимот ба шарти он, ки муқаддимот содиқ бошанд, ба истинтоҷи мӯътабар меоварад.[2]

- Илоҳиёти ҳадди ақал, ки каломи Абӯҳанифа ҷузъи он аст, иддаоҳои динро ба воситаи истидлоли ақлӣ дар ҳадди ақал дуруст мешуморад ва назари интиқодӣ ба илоҳиёти ҳадди аксар дорад. Дар ақлонияти ҳади ақал ё интиқодӣ эътиқод бар он аст, ки сидқ дар мақоми кашфу исбот ҳеҷ нишонаи қонеъкунанда надорад. Агар субъект (S) дар гузораҳои содиқ даст ёфта бошад ҳам, наметавонад ба сидқи он гузор пурра эътимод кард ва наметавон сидқи ҳеҷ гузораро тавре исбот кард, ки донишмандони ҳама давру замон онро пурра  пазиранд. Гузораҳоро ба 2 навъ ҷудо мекунанд:

- гузораҳои бадеҳии ақлӣ ва;

- гузораҳои бадеҳии ҳиссӣ;

Гузораҳои ҳиссӣ метавонанд дорои алфозӣ куллӣ бошанд ва аз ҳадди маҳсусот фаротар раванд, вале дар ин намуди гузораҳо ҳам имкони хато вуҷуд дорад ва гузораҳо фикри субъектиро бо ибораҳои “ба назар мерасад”, “мақсад аз он иборат аст” ва ғайра ифода мекунанд. Дар ин ҷо фикри субъект зикр шудааст, ки метавонад дуруст ва метавонад нодуруст бошад.[3] Тарафдорони ин равия гӯянд, ки дар қаламрави шинохт сидқи ҳеҷ гузора ба таври ошкор ва қаноатбахш ифода нашудааст.

Давом дорад

 



[1] М. Иќбол. Эњёи фикри дар ислом.-Душанбе. 1997.-с57.

[2] Ањмади Ироќї. –Тењрон. 1380.-с118.

[3] Ањмади Ироќї. Рисолаи диншинохт. -Тењрон. 1384.-с.118-119.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter