Мусолиҳа ва таҳаммулпазирӣ хусусияти муҳими каломи Абӯҳанифа аст. Ӯ дар баёни ақидааш мавқеи миёна ва оштипазирро ишғол карда, ба таассуб ва ифрот роҳ намедиҳад. Ин хусусияти каломи Абӯҳанифа каломи ӯро аз дигар фиқҳо, равияҳо ва равишҳои каломӣ фарқ мекунонад, аз ҷумла қадария, мурҷиа, зоҳирия, ботиния ва ғайра.
Ақидаҳои исломии Абӯҳанифа аз мактабҳои зикршуда фарқ дошта, ба ҳеҷ кадоми онҳо марбут намешавад ва андешаи мустақил аст. Вале ин ба он маънӣ нест, ки дар байни каломи ӯ ва мактабу равияҳои исломӣ ҳеҷ умумияте набошад. Ин тавр нест. Вале хусусиятҳое дорад, ки мактаби ӯро аз мактабҳои зикршуда ба куллӣ фарқ мекунонад.
Дар ҳар мавзӯе, ки Абӯҳанифа вориди баҳс мешавад, чи масъалаҳои имон, тақдир, каломи Худо, ҷазою сазо, хайру шарр, адл фикри мустақили худро баён мекунад ва далелҳои тозаю нав меоварад. Масалан, ӯ имонро, ки мавзӯи асосии дини ислом аст, на фақат бо далолили нақлӣ, балки бо далоили ақлӣ собит намуда, хислати ҳам зоҳирию ва ҳам ботинии инсон медонад. Ӯ ҷиҳатҳои зоҳириро барои таҳкими ҷиҳатҳои ботинӣ истифода менамояд. Вале дар айни замон бо ақида мурҷиа, ки ба куфр ҳукм накардани мусулмонон ва аҳли имонро, ки гуноҳи кабира кардаанд, ҷонибдорӣ мекунад, зеро ин фикр ба андешаи мусолиҳакорона ва ғайритаассубии ӯ мувофиқ буд. Ин монандӣ баъзеҳоро ба фикре овардааст, ки Абӯҳанифа дар халот мавқеи марҷеӣ дорад. Ҳол он ки дар бисёр мавридҳои дигар, мисли тавҳид, каломи Худо, тақдир ва ғайра андешаи ӯ аз мурҷиа фарқ мекунад.
Абуҳанифа зидди ифрот ва ҳукми куфр буд!
Абӯҳанифа чун ифротро қабул надошт ва дар ҳеҷ масъала ба ифрот дода намешуд, ба мисли мурҷиён чунин мушуморад, ки муртакибони кабира аз имон хориҷ нестанд. Ӯ фақат амалро мисли хориҷиён асоси имон намедонист, балки ҳам андешаю эътиқод ва ҳам амалро зимни имондорӣ ба назар гирифта, ақидаи мобайниро баён кардааст.
Дар китобҳои худ, “Фиқҳи акбар”, “Олим ва мутааллим”, “Рисола ба Усмон бини муслим Баттӣ”, “Рад ба қадария”, масъалаҳои зерини каломиро мавриди баҳс қарор додааст, ки онҳо дар замони ӯ ҷузъи усулии фиқҳ ба шумор мерафтанд, мисли тақдир, халқи Қуръон, адл, имомат ва ғайра. Ӯ кӯшиш намудааст, ки дар баёни ин масъалаҳо ба ихтилофи мусулмонон роҳ надиҳад, хусусан бо ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат. Чуноне маълумотҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар байни равияҳои гуногуни фиқҳӣ ва каломӣ дар ислом доир ба бисёр масъалаҳо баҳсҳои идомадор ва тезутунде сурат гирифтааст.
Абӯҳанифа мавқеи ҳеҷ кадоми онҳоро дастгирӣ накарда, кӯшиш кардаааст, фиқҳе баён кунад, дар он асос, ки равияҳо тавонанд ба розигӣ биоянд. Масъалаи ақидаеро матраҳ кунад, ки ҳам “қадри қадрия”, ҳам “ҷабри ҷабрия”, ҳам “ботини ботиния”, ҳам “зоҳири зоҳирия” -ро то ҳадде бо ҳам наздик созад. Аз ҷумла озодии ихтиёр, тақдирро бо ҳам пайваст баён кардааст, ки инсон дар амали худ гарчи то ҳадде озод бошад ҳам, он аз сарчашмаи муайяншудаи тақдир хориҷ нахоҳад шуд, ки баъдтар ин дар назарияи “касб” - и А. Ашъорӣ инъикоси васеи худро пайдо кард. Ӯ ҳамин тавр дониши оётро ҳам ба зоҳир ва ҳам ба ботин вобаста медонад.
Мактаби миёнарави Абуҳанифа
Ӯ он асосеро ба миён гузошт, ки минбаъд дар мактаби тотуридия, ки ҳанафимазҳаб буданд, мактаби миёнараве ба вуҷуд омад. Дар ин бора Абдуллоҳи Аҳмадиён дар китобаш чунин менависад:
“Мотуридӣ мактаби миёнаравиеро дод, ки бо мактаби Ашъарӣ то андозае мувофиқ буд, ки қариҳо пайравони шайх Ашъарӣ “Шарҳи ақоиди Насафӣ” -ро барномаи тадориси хеш қарор додаву ҳанӯз ҳам барномаи тадориси онҳост... Дар ҳоле, ки ҳам муаллифи китоб, яъне Наҷмиддин Умарӣ Абӯҳафси Насафӣ ва ҳам шореҳи он, яъне Масъуд ибни Умар Саъдиддини Тафтазонӣ ҳар ду аз пайравони мактаби Мотуридӣ буданд”.
Масъалан, Сифатҳо (атрибутҳо)-и Худо ва тавҳид дар каломи Абӯҳанифа ҷои махсусро ишғол мекунад. Дар бора асарҳое мисли “Маноқиби Имоми Аъзам”, Шарҳи “фиқҳи Акбар” -и Алӣ Қорӣ, “Шарҳи ақоиди аҳли суннат» ва ғайра шарҳи мукаммали ин масъаларо дар каломи Абӯҳанифа додаанд.
Чуноне маълум аст, сифоти Худованд аз масъалаи илмӣ дар он замон берун рафта, бо 1 масъалаи иҷтимоӣ табдил ёфта буд, ки тарафдории назарияҳои гуногунро дар ҷангу ситези ҳамдигар қарор медод, ки дар давраи халифа Маъмун боиси таъқиби чанде аз донишмандони салафӣ гардид. Абӯҳанифа сифоти Худовандро ба зотӣ ва салбӣ ҷудо карда, аз гурӯҳҳои мушабиқа ва муҷасима, ки зоти Худовандро ҷисмӣ медонистанд, худро дар канор гирифт.
Дар ин ҷо ҳам ӯ аз асли равиши худ-мусолиҳа дур нашуда, мавқеи мобайниро интихоб кардааст. Вале ӯ мунозири баҳс ва ҳақгӯиро бисёр муҳим мешумурд ва ба писараш насиҳат кардааст, ки “мунозираи ҳақгӯёна парда аз чеҳраи ғалат бар мегирад».
Пас, Абӯҳанифа баҳси каломиро ҷиҳати дарёфти ҳақиқат ҷоиз медонад.
Давом дорад