Илм
Худованд худ таъкид мекунад: “Ӯ медонад он чиро, ки пеши рӯи мардумон аст ва он чиро, ки дар пушти сари онон аст”, яъне илми Худованд фарогири ҳама чиз ва беохир аст ва он сифати зотии ӯст. Худованд ба илми азалияш ҳама чизро медонад, он чиро, ки будааст ва он чиро, ки мешавад ва он чиро, ки набуд ва намешавад. Илми ӯ зиёдшаву қасрпазир нест. Илми ӯ бадеҳӣ аст ва ниёзе ба ибрози исботи фикрӣ, фоъолиятҳои андешагӣ, васоити таърифотӣ надорад. Далели қоими илми Худованд назму истеҳком дар мавҷудот аст. Ҳар мавҷуди бузургу хурди ҷаҳони болою поин, равобити онҳою ҳаракот бар появу асосе, ки бақои онҳо бар ҳамон вазъе, ки барои онҳо муқарар гардидааст, тазмин мешавад ва ҳамаи онҳо бар ҳикмати гардонандаи Худованд гувоҳӣ медиҳанд.
Калом
Доир ба каломи Худо далоили нақлӣ хеле зиёд аст, зеро Қуръон дар бисёр оёт сухан гуфтани Худовандро таъкид месозад. Масалан сураи Нисо ояти 164 мефармояд:
“Ва Худо ба Мӯсо сухан гуфт” (4:164)
Сухан гуфтани Худо дорои 2 қисм аст: лафзӣ ва нафсӣ. Абӯҳанифа баён доштааст, ки
“Вақте Худо бо Мӯсо сухан кард, ба Мӯсо бо каломе сухан гуфт, ки сифоти азалиаш буд. Ва ҳама сифатҳои Худо бар хилофи сифатҳои махлуқот аст…
Ва (Худо) сухан мегӯяд на мисли сухан гуфтани мо, зеро, ки мо бо олот (забон, даҳон, лаб) ва ҳарф сухан мекунем ва Худои мутаъол бе олот ва бе ҳарф сухан мекунад. Ҳарфҳо махлуқ ҳастанд ва каломи Худои мутаъол махлуқ нест».
Дар инҷо ҳамон ифодаи машҳур “Лошайъун камислаҳу” истифода шудааст, ки сухан гуфтани Худованд фарқ мекунад аз махлуқот. Чунон ки аз баҳсҳо дар ашрофи каломи Худо маълум месозанд, мӯътазила тарафдори он буданд, ки каломи Худо ҳодис аст. Аммо Абӯҳанифа каломи Худоро қадим ва аз 2 қисм иборат дониста, каломи лафзиро бо вуҷуди ғайри каломи махлуқот буданаш ҳодис ва каломи нафсиро қадим медонад.
Минбаъд ашъариён (тарафдорони имом Абӯлҳасан Ашъарӣ) бо далелҳои нақлӣ исбот карданд, ки каломи Худованд қадим аст ва ба сифати далел ояти зеринро мисол меоранд:
“Инна мо қавлуно лишайъин изо арданоҳу ан нақула лаҳлу кун фаякун” (ояти 40, сураи Наҳл-фармони мо барои чизе, ки инҷо манзур аз чизи ҳодис аст. Худи калимаи “кун” (бош, шав), ки аз ҷумлаи каломи Худо аст барои вуҷуд одатан ниёзманд ба калимаи дигари “кун” бошад ва он дар навбати худ боз калимаи дигари “кун” ва ҳамин тавр беохир. Пас, каломи Худо бояд азалӣ бошад ва ҳеҷ калимаи “кун” бар он сибқат (пешӣ) надошта бошад).
Аммо Абӯҳанифа аз ифрот дар ин ақида дур шуда, мақоми миёнаро ишғол кард ва каломи лафзиро ҳодим шумурда, баръакси мӯътазилиён, ки каломи Худовандро ҳодис медонистанд ва каломи нафсиро қадим. Ҳашавия бошад, лафзан ва маънан каломро қадим мешумурданд.
Масъалаи каломи Худо бо халқи Қуръон пайваст аст, яъне Қуръон халқшуда аст ё халқшуда нест. Яъне Худованд мутакаллим ва соҳиби калом аст ва каломи Худованд (Қуръон) қадим ё махлуқ аст. Салаф мӯътақида бар қадим ва ғайримахлуқ будани Қуръон буданд. Ба қавли ибн Ҷавзӯ 1 гурӯҳ аз асҳоби расули Худо изҳор кардаанд, ки касе Қуръонро махлуқ мегӯяд, кофиранд.
Молик ибни Анас, имом Шофеӣ ва қариб аксари шогирдони онҳо махлуқ будани Қуръонро рад кардаанд. Доир ба ин масъала китоби “Асмоъулҳусно” -и Байҳақӣ, “Халқи афъоли ибод»-и Бухорӣ маълумоти кофӣ медиҳанд. Масалан, дар “Фиқҳи акбар”-и ӯ омадааст: “Қуръон каломи Худои мутаъол аст. Дар мусҳафҳо навишта шуда ва дар дилҳо ҳифз шуда ва дар забонҳо хонда шуда ва ба пайғомбар нозил карда шудааст. Талаффуз кардани мо Қуръонро махуқ аст ва навиштани мо ва хондани мо онро махлуқ аст ва Қуръон (каломи Худо) махлуқ нест. Ва он чизе, ки Худои мутаъол дар Қуръон ҳамчун ҳикоят аз Мӯсо ва ғайри ӯ аз пайғамбарон ва аз Фиръавну иблис (шайтон) зикр кардааст, ҳамаи он каломи Худои мутаъол аст, ки аз онҳо хабар додаст. Ва каломи Худои мутаъол махлуқ нест ва каломи Мӯсо ва ғайри ӯ аз махлуқот (мисли пайғомбарон ва фиръавн ва иблис) махлуқ аст. Ва Қуръон каломи Худои мутаъол ва он қадим аст на каломи онҳо”.[1]
Каломи нафсӣ ҳамон маънии каломи лафзӣ аст. Пас, каломи Худо муштарак аз 2 таркибест, ки 1 сифати Худо, нафсию қадим аст ва дигар лафзию ҳодис ва махлуқи Худо ва Худо онро дар Лавҳулмаҳфуз халқ кардааст ва бо воситаи Ҷабраил ба пайғомбар нозил кардааст: аз инҷо Абӯҳанифа онро “дар мусҳафҳо навишта, дар дилҳо ҳифзшуда, бар забонҳо хондашуда ва бар пайғамбарон нозилгардида медонад, ки он чун каломи лафзӣ махлуқ аст. Мутакаллимони баъдӣ ин маъниро ба таври худ шарҳ додаанд. Аз ҷумла Тафтазонӣ онро бар 4 равиш тақсим кардааст:
Вуҷуди айнӣ – каломуллоҳи нафсию маънавӣ, қадиму азалӣ, сифати Худо;
Вуҷуди лафзӣ – каломуллоҳи тиловатшуда ва шунидашуда;
Вуҷуди зеҳнӣ – каломуллоҳи ҳифз шуда дар синаҳо;
Вуҷуди хаттӣ – каломуллоҳи навишта шуда дар мусҳафҳо.[2]
Ҳар гоҳ ки “Қуръон” ба васфе муттавасиф гардад, ки он васфҳо лозимаи қадим будан ва азалӣ будани Қуръон бошад, пас мақсуд аз Қуръон вуҷуди айни Қуръон аст, яъне каломуллоҳи нафсию маънавӣ монанди Қуръон ғайримахлуқ аст, Қуръон қадим аст. Ва ҳар гоҳ Қуръон ба авсофе (васфҳое) тавсиф шуд, ки лозимаи махлуқ будан ва ҳодис будан бошад, мақсуд аз Қуръон вуҷуди лафзӣ ё вуҷуди хаттӣ, ё вуҷуди зеҳни Қуръон аст. Монанди ин, ки “нисфи Қуръонро тиловат кардам ва беғусл ҷоиз нест”. [3]
Давом дорад