Аммо Абӯҳанифа бо сароҳати том ин ақидаро баён дошта, касеро барои баръакси он фикр кардан кофир ё фосиқ надонистааст. Ин 1 ақидаи илмӣ аст, баҳс дар атрофи он, агар дар доираи шариати исломӣ бошад, касеро ба куфр набарад.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳими ин ақида, ҷорӣ намудан байни фирқаҳои ислом сулҳу оштӣ буд ва Имом кӯшиш мекард, оташи таассубро паст кунад. Низои дохилимазҳабиро ба гуногунандешии бедушманӣ ва мусолиматомез иваз созад. Барои андешаи мухталиф доштан, касе аз аҳли динро кофир ҳукм наменамояд ва ба овози баланд Абӯҳанифаи донишманд эълон мекард, ки
“Ло нукаффиру аҳадан мин аҳлил-қиблати” (мо ҳеҷ нафареро аз аҳли қибла кофир намегӯем).
Ин ақидае буд, барои созиш дар замони ӯ хеле зарур ва айни талаботи мардум.
Шиблии Нуъмонӣ хеле дуруст таъкид мекунад, ки “Бузургтарин далел бар нуқтасанҷӣ ва борикбинии ҳазрати имом Абӯҳанифа ин аст, ки вай доираи исломро бар ҳамон густурдагие, ки аз ҳадиси “ман қола ло илоҳа иллаллоҳ дахола-л-ҷанната”, яъне шахсе, ки ло илоҳа иллаллоҳ гӯяд, ба ҷаннат медарояд, собит нигоҳ дошт.
Ҳамчунон аз шарҳи Имон бармеояд, ки асос тавҳид аст ва он дар илми калом мақоми хоса дорад. Асарҳое, ки минбаъд дар калом пайдо шудаанд, маҳз бо ҳамин ном аксари он шӯҳрат доранд.
Фиқҳи Имом Абуҳанифа
Имоми Аъзам дар ибтидои китоби худ “Фиқҳи акбар” гӯяд, ки ин китоб барои шинохтани асли тавҳид ва эътиқоди дуруст ба асли тавҳид баҳс мекунад. Дар шарҳи Мулло Қорӣ низ ибтидоан аз асли тавҳид шурӯъ шудааст:
-Тавҳид ин аслест, ки дигар сифатҳои Аллоҳ таъоло аз он сарчашма мегиранд ва асоси дини ислом, эътиқод ба ягонагии Худовандро ташкил медиҳад. Он калиман ақидаи мусулмононро аз мушрикон ва аз ҳар гуна олудагӣ ва бадбиниҳо тоза месозад.
«Сифатҳои Худо» ҷузви дигаре аз масъалаҳои муҳими илми калом аст. Дар “Фиқҳи акбар” имом Абӯҳанифа сифати Худовандро чунин таъриф кардааст:
“Худованд ҳамеша буду ҳамеша мемонад бо исмҳояш, бо сифатҳояш, ки зотӣ ва феълӣ ҳастанд”!
Сифатҳояш онанд, ки Худо бо он сифатҳо баён шавад ва тавсифи Худо ба баръакси он мумкин набошад, мисли қудрат, ки зидди нотавонист. Аммо дар сифати феълӣ метавонад бо сифати аксаш ҷоиз бошад. Масалан, раҳмат, зидди он ғазаб: раҳмати Худо ва ғазаби Худо. Дар инҷо нуқтаи дигаре ҳам ҳаст, ки сифатҳои феълӣ ба амалҳои Худованд алоқаманданд. Сифатҳои зоттӣ, ба қавли Абӯҳанифа, 8 анд:
1. ҳаёт,
2. қудрат,
3. илм,
4. калом,
5. шунавоӣ,
6. биноӣ,
7. хоҳиш
8. офариниш.
Ҳаёт
Ҳаёт аз сифати каломи Худованд буда, сабаби ҳаёт ва воҷиби мавҷудот, сарчашмаи низому ҳамоҳангӣ, илм ва ирода, роздорию ҳикмат мебошад. Ҳар он чӣ, ки воҷиб ба он сифат тавсиф гардад, воҷибулвуҷуд низ ба он сифат тавсиф шавад. Ҳарчанд, ки ҳаёти воҷибулвуҷуд аз имконулвуҷуд фарқ кунад, вале он низ дорои ҳаёт мебошад. Агар воҷибалвуҷуд сифати ҳаётро намонд, пас дар миёни имконот чизе пайдо намешуд, ки аз шарти нигоҳи вуҷуд аз ӯ комилатар мебуд. Ҳол он, ки аз воҷибулвуҷуд комилтар чизе нест ва ҳаёт сифати азалии қоим ба зоти Худои таъоло аст.
Қудрат
Қудрат низ сифати доимии Худованд аст. Қудрат мефармояд: “Ба дурустӣ, ки Худо бар ҳама чиз тавоност”.[1] Қудрат чун дигар сифатҳои камолияи Худованд номаҳдуд ва бепоён аст ва ҳар амрро шомил мешавад. Худованд ҳар кореро ирода кунад, анҷом медиҳад. Дар илми калом қудрат ба чунин шакл баён шудааст: қодир касест, ки агар бихоҳад феълеро анҷом додан, анҷом медиҳад, агар бихоҳад онро тарк кунад, тарк мекунад. Далелҳои қудрати илоҳӣ беҳудуданд ва яке аз онҳо низоми шигифтангези олам танавуи мавҷудоти олам аст. Илми калом назарияҳои мухталифи исботи қудрати Худоро зикр намудааст, далелҳои зиёдеро ироа доштааст ва таъкид сохтааст, ки қудрат сифати азалии қоим ба зоти Худои таъоло аст.
Илм
Худованд худ таъкид мекунад: “Ӯ медонад он чиро, ки пеши рӯи мардумон аст ва он чиро, ки дар пушти сари онон аст”, яъне илми Худованд фарогири ҳама чиз ва беохир аст ва он сифати зотии ӯст. Худованд ба илми азалияш ҳама чизро медонад, он чиро, ки будааст ва он чиро, ки мешавад ва он чиро, ки набуд ва намешавад. Илми ӯ зиёдшаву қасрпазир нест. Илми ӯ бадеҳӣ аст ва ниёзе ба ибрози исботи фикрӣ, фоъолиятҳои андешагӣ, васоити таърифотӣ надорад. Далели қоими илми Худованд назму истеҳком дар мавҷудот аст. Ҳар мавҷуди бузургу хурди ҷаҳони болою поин, равобити онҳою ҳаракот бар появу асосе, ки бақои онҳо бар ҳамон вазъе, ки барои онҳо муқарар гардидааст, тазмин мешавад ва ҳамаи онҳо бар ҳикмати гардонандаи Худованд гувоҳӣ медиҳанд.
Давом дорад