Имоми Аъзам таквин (офариниш)-ро сифати қадим, зотии Худованд медонад. Агар ин фикри Имоми Аъзам бо ашоира муқоиса шавад, чунин бармеояд, ки ашоира муътақиданд, ки таквин ҳодис аст, ҳамчунон, ки ҳеҷ ҷавҳаре бе араз вуҷуд надорад ва агар араз ҳодис бошад, пас ҷавҳар низ ҳодис аст (Араз-аломати зоҳирии ашё, ки ба зоти худ қоим нест; масалан ранг ба матоъ-ред.).
Ба гуфти ашоира (ашъариён) миёни ҷавҳар ва араз мулозимае бояд бошад, бад-ин сурат, ки вуҷуди ҷавҳар вуҷуди аразро хоҳад ва баръакс. Агар аъроз гуногунанд (мутағайрианд), ҳар гуна гуногунӣ ҳодис аст. Агар аъроз (аразҳо) ҳодисанд, ҷавоҳир низ ҳодисанд зеро мумкин нест, ки ҷавоҳир пеш аз аъроз ёфт шаванд ва ҳар чиз ки мулозим бо ҳодис бошад ва дар вуҷуд собқати замонӣ надошта бошад, зурурати ҳодис бошад. Каломи Абӯҳанифа ва каломи ашъария ба давраҳои гуногун алоқаманданд, вале онҳо монанданд (Ҳодис-тоза, нав, чизе, ки нав ба вуҷуд омадааст; мукобили қадим-ред.)
Сифоти Худованд
Баҳсҳои дигари каломие, ки дар “Фиқҳи акбар” ҷой дода шудаанд, сифатҳои феълии Худованданд. Сифатҳои феълӣ, сифатҳое мебошанд, ки таҳаққуқашон ҳам бар зот ва ҳам бар феъли Худованд алоқаманданд. Равиши мутакаллимон дар баёни авсоф тарзест, ки на илму қудрати Худованд ва дигар сифатҳои зотию феълии ӯро ба инсон монанд мекунад, ки ташбеҳ аст ва на роҳи таътилро. Яъне он равише аст байни таътил ва ташбеҳ, яъне “лайса камислиҳи шайъун” (чизе монанди ӯ нест). Ҳар он чи дар бораи сифати Худо гуфта мешавад, хориҷ аз зеҳнро ифода мекунад.
Абӯҳанифа сифати феълиро ба тарзи зерин шарҳ додаст:
-Ва аммо сифатҳои феълии ӯ: халқ кардан, ризқ додан, иншоъ, ибдоъ, сунъ, ва ғайра аз амал ва феъли Худованд бармеоянд, ки бо дигар сифатҳои ӯ аз нигоҳи мавҷудият баромадаанд. Худо ҳамеша бо илмаш олим буд ва илм сифати азалии ӯст ва бо офарандагиаш офаранда буд ва офаридан сифати азалии ӯст ва бо феъл фоил буд ва феъл сифати азалии ӯст, фоил Худои мутаъол аст ва феъл сифати азалии ӯст ва маъфул махлуқ аст ва феъли Худои мутаъол махлуқ нест. Ва сифатҳои ӯ дар азал махлуқ ва навпайдо набуданд. Маҷмӯи сифатҳое, ки зикр гардидаанд, сифатҳои зотӣ ва феълӣ аз ҷумла сифатҳои субутианд.[1]
Сифоти салбӣ
Дар баробари ин сифатҳои салбӣ ҷой доранд (Салб-ҷудо кардани чизе аз чизе-ред.). Дар байни мутакаллимон ин чунин гурӯҳбандии сифот ба субутӣ ва хабарӣ ва ғайрихабарӣ ҷой доранд. Сифатҳои хабарӣ сифатҳое ҳастанд, ки Худованд дар Қуръон аз онҳо хабар додааст, монанди дасту чашм (яд ва айн) ва сифатҳои ғайрихабарӣ онҳое ҳастанд, ки аз онҳо дар Қуръон хабар дода нашудаанд.
Таъвил кардани сифати ғайрихабарӣ хилофи мазҳаби аҳли салаф аст. Масалан, гуфтан (мумкин нест) наметавонем, ки яди (дасти) Аллоҳ таъоло неъмати Аллоҳ таъоло аст. Чигунагии онҳоро (сифатҳоро) Худованд танҳо худаш медонад, зеро банда аз фаҳми комили сифатҳои Аллоҳ таъоло оҷиз аст. Аҳли мазҳаби ҳанафӣ гӯянд, ки мо имон дорем ва иқрорем ба яду ваҷҳу айну дигар бе кайфияти (чигунагии) он ва бе мушоҳидату монанд донистан ба махлуқот.
Абӯҳанифа чунин шуморад, ки сифат на айни зот ва на ғайри зот, балки мутааллиқу пайваст ба зот аст. Агар чанд сифати муташобиҳа, мисли ғазабу ризои Худованд зикр шуда бошад, Имоми Аъзам онҳоро таъвил накарда, гуфтааст, ин ҳар чизе, ки муташобеҳ бошад, мо ба он имон меорем, чунки аз дарки аслии он оҷизем.[2]
Аз ҳамин гуна сифатҳои муташобеҳа “иставо” бар Арш аст. Дар Қуръони карим омадааст “ар-Раҳман алаларши иставо”. Имоми Аъзам гӯяд мо иқрор мекунем, ки Аллоҳ бар Арш аст, аммо Аллоҳ бар Арш мӯҳтоҷ нест, ки бар он қарор ёбад, ҳол он ки Аллоҳ таъоло холиқ ва муҳофизи Арш ва ғайри Арш аст. Агар фарзан Ӯ мӯҳтоҷи Арш мешуд, ҳар чиз мисли махлуқ бар эҷоди олам ва тадбири ӯ қодир шуда наметавонист.
Саволе ба вуҷуд меояд, ки агар Аллоҳ таъоло ба нишастан эҳтиёҷ медошт, пеш аз Арш ба куҷо нишаставу қарор дошта буд? Ҳол он ки Аллоҳ таъоло аз муҳтоҷӣ муназзаҳ аст! Ин ақидаи салаф аст ва дар ин маврид имом Молик гӯяд “иставо” маълум асту кайфият маҷҳул ва савол аз ин бидъат аст ва имон доштан ба ин воҷиб.
Макон ишғол кардан яке аз сифатҳои салбӣ аст. Имоми Аъзам сифатҳои салбиро чунин шарҳ додааст:
“Худо ба ҳеҷ чиз аз офаридаҳояш монанд нест ва чизе аз офаридаҳояш ҳам ба ӯ монандӣ надорад”.
Пас, сифати салбӣ сифатест, ки нишонаи нотавонӣ ва камбудию норасоӣ (нақс) бошад ва муҳол аст, ки зоти Худованд ба ин сифати нақсӣ васф шавад ва бинобар он чунин сифатҳо бояд салб шаванд ва воҷиб аст, ки зоти Худованд аз чунин сифатҳои нуқсон оваранда орӣ бошад. Ба ҷуз макон, ки зикр шуд, ҷисм доштан, замон доштан, араз, ҷузъ, ҷавҳар, ҳад, ба чизе монанд будан ва ғайра аз ҳамин қабил сифатҳо мебошанд. Ин маъниро Имоми Аъзам хеле ошкору равшан баён кардаанд:
“Ва ҳама сифатҳои Худо бар хилофи сифатҳои махлуқот аст. Худо медонад на мисли донистани мо, қодир аст на мисли қудрати мо ва мебинад на мисли дидани мо, мешунавад на мисли шунидани мо ва сухан мегӯяд на мисли сухан гӯфтани мо, зеро, ки мо бо олот (забон, даҳон, лаб) ва ҳарф сухан мекунем ва Худои мутаъол бе олот ва бе ҳарф сухан мекунад. Ҳарфҳо махлуқ ҳастанд ва каломи Худованд махлуқ нест, (зеро ҳарф ва савт нест) ва ӯ (Худованд) шайъ аст, на мисли ашё ва на маънои ашё исботи вуҷуди Худо аст, бе ҷисм, бе ҷавҳар ва араз. Худо андоза ва зид ва анбоз (набзҳо) ва монанд надорад. Худо яд ва ваҷҳ ва нафс (чун сифат) дорад, ҳамчуноне, ки дар Қуръон зикр шудаанд. Он чизе, ки Худо дар Қуръон зикр кардааст иборат аз ваҷҳ ва яд ва нафс, онҳо сифатҳои Худо ҳастанд бе чигунагӣ (чигунагӣ пурсида намешавад) зеро сифатҳои Худо чигунагӣ (кайфият) надорад”.[3]
Худо ҷисм аст ё нур???
Дар ин гуфтаҳои Абӯҳанифа нуқтаҳоеро метавон мушоҳида кард, ки зидди пиндошти ҷисм будани Худованд равона шудаанд. Маълум аст дар таърихи ислом шахсу равияҳое буданд, ки Худовандро ба сурати инсон мепиндоштанд ва ҷисм медонистанд. Мушобеҳа ва муҷассима (аҳли ташбеҳ ва таҷсим) гуфтаанд, ки Худо ҷисм аст ва баъзеҳо (Ҳишом ибни Ҳакам) гуфтанд, Худо нур аст, Довуди Хориҷӣ гӯфтааст, Худо ҷисму гӯшт ва хуну аъзо ва ҷавоҳир дорад. Ақидаи инсоншаклии Худованд хусусан дар мазҳаби ҳанбалия мавқеъ дорад. Яке аз бузургони он Ибни Таймия вақте “иставо” бар Аршро шарҳ медод, мегуфт, мисли инсон бар арш қарор дорад. Аммо ақидаи ҳанафиён бар он аст, ки Худо бемакон аст. Масъалаи ҷой гирифтан, қарор доштан дар Арш ва макон доштан баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Мазҳабҳои гуногун бо тарзҳои гуногун онро шарҳу баён доштаанд. Гуфтаи Абӯҳанифаро намояндагони каломи аҳли суннат минбаъд шарҳу эзоҳ додаанд, масалан, Абӯмансури Мотуридӣ, ки яке аз намояндагони машҳуру маъруфи он аст, гуфтааст: “Худо буд маконе набуд ва ӯ ҳоло ҳам бе макон аст. Парвардигор аз ҷорӣ шудани замону макон нисбаташ орӣ аст, зеро ба ҳар зоте, ки замону макон ҷорӣ шавад, пас ӯ дорои ҳадду ниҳоят мешавад”.[4]
Худо дар Арш “иставо” дорад, албатта ба ҳамон маъное аст, ки худ ирода кардааст, ба маънии истило ва ғалаба низ бошад. Чунон ки Худо аз сурату миқдор ва ҷиҳату тарафҳо муназзаҳ аст, дар охират ба чашм дида шавад, ки аз рӯи ақида чунин аст ва ин муҳол (ғайримакон) нест. Ба қавли Имом Ғазолӣ ҷоиз нест, ки Худо мардумро бидуни муқобила бубинад, ҳамчунин ҷоиз аст мардум ӯро бидуни муқобила бубинанд, ҳамчунон ҷоиз аст, ки Худо бидуни кайфият ва сурат дониста шавад, ҷоиз аст, ки ба ҳамин наҳв дида шавад.
Давом дорад