ХАБАРИ ДОҒ

ҲОҶӢ ИСМОИЛ ПИРМУҲАММАДЗОДА: Абуҳанифа: имон, охират ва пайғамбарон

  • Чоршанбе, Апр 12 2023

 

Масъалае, ки дар “Фиқҳи акбар” мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва яке аз масъалаҳои каломӣ мебошад, маъод (охират, ҷои бозгашт-ред.) аст. Дар “Фиқҳи акбар” омадааст:

“Имон овардам ба ин, ки зинда гардонидан баъд аз миронидан, ҳақ асту рост!».

Ин яке аз рукнҳои имон аст. Дар илми калом масъалаи маъод то андозае вусъат пайдо карда, ҳатто қисмати махсуси миъодшиносӣ ба вуҷуд омадааст. Дар сарчашмаҳои хатии ислом омадааст, ки вуқӯи он баъди дамидани сури дуюми Исрофил сурат гирад.  Аз ҷумла дар ояти 6-уми сураи “Муъминун”, ояи 79 сураи Ёсин дар ин маврид малумоти кофӣ додаанд. Имон овардан ба рӯзи растохез, яъне қиёмат аз заруриёти дин аст ва соҳибони нафс, яъне ҳамаи ҷондорон зинда мегарданд ва одамон аз рӯи амалҳои неку бади худ мукофот мегиранд, ва онҳое, ки кори нек карданд, ба ҷаннат ва онҳое, ки гуноҳ карданду амалҳои бад анҷом доданд, ба ҷаҳаннам. Дар ин ҷо тарозуи аъмол, пули сирот, доварии Худованд аз нуктаҳое ҳастанд, ки мӯъминон бо вуҷуди онҳо боварӣ доранд, шак кардан ва бовар накардан куфри маҳз аст.

Ақидаи Имоми Аъзам айни мазмуни оятҳои Қуръон ва ҳадис буда, назари мусулмонони аҳли суннат ва ҷамоатро ташкил додаст. Доир ба ин масъала баҳсҳои доманадори каломӣ аз тарафи Имом Аъзам сурат нагирифтааст.

Пайғомбаршиносӣ

 Масъалаи дигари муҳими илми калом гуфтугӯҳои каломии Имоми Аъзам дар хусуси пайғомбаршиносӣ аст. Дар “Фиқҳи акбар” омадааст “Вал анбиёу алайҳим ус-салоту вассалом куллуҳум муназзаҳуна ан-сағоири ва-л-қабоири вал-куфри сал-ҳабоиҳи (Ва анбиё, ки ба онҳо салоту салом, чи машҳуранд ва чи ғайри машҳур муназзаҳанд аз куфр ва қабоиҳ (ҷамъи қубҳ). Ҳамаи анбиё аз ҳазрати Одам то ба хотам-ул-анбиё, ҷумла аз гуноҳи сағира ё кабира ва кулли маъосӣ ва куфр поканд. Онҳо аз корҳои қабеҳу фоҳиш мисли қатл, зино, сирқат, тӯҳмат, сеҳру ҷоду ва хӯрдани рибо ва моли ятим, зулми бандаҳо, қасди фасод дар ватану шаҳрҳо ва дигар корҳои ношоям ҳама поку муназзаҳанд.

Расул кисту набӣ кист?

Абӯҳанифа миёни набӣ ва расул фарқ мегузорад ба ваҷҳе, ки на ҳамаи анбиё расуланд, вале ҳамаи расулони Худо набиянд. Расули акрам хотамуланбиё расул ва носеҳи дин, ҳодии бештар аст ва баргузидаи тамоми бандагон, покизатарини онҳост”.[1]

Баҳси нубувват таърихи дурру дароз дорад, ва дар динҳои пеш аз ислом низ ин баҳс вуҷуд дошт. Дар ин ҷо таъсири каломи яҳудӣ ва масеҳиро ба ислом мушоҳида кардан мумкн аст, алалхусус аз он ҷиҳат, ки пайғамбарони Худо, ки чи дар яҳудият ва чи дар насоро, яъне дар китобҳои муқаддаси онҳо зикр шудаанд, ҳама барҳақанд.

Ҳатто диншиносони будоӣ ва браҳманӣ дар бораи баъсати пайғомбарон сухан гуфтаанд (Баъс- фиристодан, рӯзи қиёмат, далерӣ, биму тарс-ред.).

Аз ин ҷо мутакаллимони исломӣ низ кӯшиши фаровоне нишон додаанд, ки баъсати пайғамбаронро амри зарурӣ ва воқеӣ нишон диҳанд. Аз оятҳои Қуръон бармеояд, ки асоси даъвати пайғомбаронро дар динҳои осмонӣ даъват ба сӯи Худои яккаю ягона ташкил медиҳад.

Масалан, дар сураи Наҳл-36, дар сураи Оли Имрон-64 ва дар дигар оятҳо низ дар бораи тавҳид дар ибодат ва тавҳид дар рубубият сухан меравад, ки мазмуни асосии он аввалан пайғомбаронро фаро гирифтааст:

-Масалан, Худованд дар ояти 19 Оли Имрон ва ояти 85-и ҳамин сура дар ин хусус таъкид кардааст. Ба қавли мусалмонон даъвати пайғамбарон бар он нигаронида шудааст, ки инсон масъулияти худро дар назди Худо, мардум ва худ эҳсос кунад ва фаъолияти худро ба он равона кунад, ки муҳимтаринаш шинохти Худо ва ибодату парастиши Ӯст. Фаъолиятҳои дигари инсон, ки аз масъулият дар назди мардум ва худ сар мезанад, дар дини ислом хеле гуногун баён шудаанд ва онҳо тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти инсон ва ҷомеаро дар бар мегиранд. 

     Имоми Аъзам ҳамаи ин масъулиятҳоро бо даъвати пайғамбари ислом алоқаманд сохта, бузургӣ ва эҳтироми шахсияти ӯро нишон додааст.

 

Хулафои рошидин

Сипас, дар идомаи ҳамин мавзӯъ шахсиятҳои барҷастаи ислом, хулафои рошидинро зикр ва васф кардааст: “Ва афзал-ун носи баъда набий алайҳиссало-ту ва-с-салом Абубакрин-ис-сиддиқ (Ва беҳтарину афзалтарини мардум баъди пайғомбар Абубакри сиддиқ (р.а) аст”. Сипас Умар ибни Хаттоб, сипас Усмон ибни Аффон, сипас Алӣ ибни Абитолиб ном бурда шудаанд.

Боби пайғомбаршиносӣ бо вуҷуди мухтасар буданаш хислатҳои пайғомбаронро баён доштааст, ки муҳимтарини онҳо бе гуноҳӣ, соҳиби рисолат, соҳиби шариат, даъват, чуноне, ки зикр шуд, мебошанд.

Баҳси каломие,  ки дар масъалаи тақдир, ки байни равияҳои мухталифи исломӣ сурат гирифта буд, ҷабрия ва қадария назари Абӯҳанифа ба ақидаи аҳли салафи солеҳ айният дорад. Таълимоти ислом дар ин бора, чи оёти Қуръон ва чи аҳодиси набавӣ, чунин аст, ки ҳар коре, ки дар ин олам воқеъ мешавад, сарфи назар аз инсонӣ ё ҳайвонӣ ё ҷамодӣ буданаш аз Худованд аст ва илми Худо бар он пешӣ (сибқат) дорад ва илми ӯ дигаргун намешавад. Илми банда ба ҳамаи он ҳаракатҳое, ки онҳоро инсон касб (аз худ) кардааст, фарогир нест, балки мақдур ба қудрати Худои таъоло аст. Фарқ миёни ин 2 навъ иборат аз он аст, ки афъоли изтирорӣ, яъне афъоле, ки ба амри зарурат ба миён меояд, бидуни он ки анҷомдиҳанда бар онҳо қодир бошад, аз ӯ содир мешавад, аммо афъоли ихтиёрӣ аз илму ихтиёр ба амал меояд. Вале он ҳам ба қавли М. Ғаззолӣ ба ишора ва таҳарруки нафс мавқуфанд, зеро фармонбардори нафсанд, чунон, ки нафс худ фармонбардори зоти борӣ аст “.[2]

 

                                     Давом дорад

 [1] Шарњи китоби «ал-фиќњ ал-акбар»-и Алї Ќорї  ал-Њанафї.-Покистон. «Пешовар».с-99-101.

[2] Њанно ал-Фахурї ва Халили Љарр. Таърихи фалсафа дар љањони ислом. –Тењрон. 2002.с-556.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter