ХАБАРИ ДОҒ

Абуҳанифа: ҷаҳоншиносӣ ва ахлоқ

  • Чоршанбе, Май 24 2023

Ҳоҷӣ Исмоил 1 сол бо мо нест...

18.05.2022. Расо 1 сол муқаддам, пири кӯҳманзари Тоҷикон, пешвои мазҳаб, олими вораста, доишманди фарҳехта, эмом-хатиби масҷиди ба номи Муҳаммад (с) дар Белайдузи Ҳисор, дӯсти гаезати мо, муаллифи доимии СССР дар сини 70 солагӣ ба таври ногаҳонӣ фавтида буд.

Вале дар тӯли ин 1 сол мо ҳаргиз аз устод фаромӯш накардаем ва пайваста матолиби диданиву хонданиву омухтанияшро нашр месозем. Ба вежа рисолаи илмияшро, ки ба ҳаёт, рӯзгор ва осори мондагори Имоми мазҳаб- Абуҳанифаи Тоҷик (Абу́ Ҳани́фа ан-Нуъмон ибн Собит ал-Куфӣ (699-767)) бахшида шудааст.

 

Хонед, ҳаловат баред, бар мазҳаби бобоии хеш мустақар бошед ва бар арвоҳи бобои Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, фарзанди фарзонаи Махсуми Санги Кулӯла дуое равон кунед...

Мо Метавонем!!!

  Мумкин аст донишмандони имрӯз дигар ба назарияи арастуии қонуни табиӣ ӯ рӯ наоваранд, зеро кайҳо боз иллияти ғоявии Арастуро раҳо кардаанд, вале аз бурҳони ахлоқӣ наметавон хулоса баровард, ки қонуни ахлоқӣ бояд зеҳн бошад ва ин бурҳон, яъне бурҳони ахлоқӣ барои диндорон имрӯз метавонад бурҳони вуҷуди Худо бошад. 

Аз назари шахси Худо ин бурҳон метавонад дар тамоили бурҳонҳои ҷаҳоншинохтӣ ва ғоятшиносӣ судманд бошад ва сабаберо метавон бо қонуни ахлоқӣ алоқаманд донист ва он бояд дар мавзӯи ахлоқ мавриди доварӣ қарор гирад. Татбиқи қонуни ахлоқ талаб мекунад, нерӯе бошад, ки онро халқ кунад ва доварӣ намояд. Чунин манбаъ ва нерӯ ба андешаи онҳо Худованд аст, ки дар исботи вуҷуди он далели қатъӣ метавонад бошад ва Худованд наметавонад хилофи хайри ахлоқӣ шавад. Ин имконият дар сурате ҳаст, ки агар Худованд қодир бар иртикоби шарр бошад. Аммо мутафаккирони динӣ аксаран бар ин боваранд, ки Худованд зотан воҷиди (ба вуҷуд овардаи) камоли ахлоқист, яъне бар муқтазои зоташ муҳол аст, ки феъле ахлоқан нодурустро муртакиб шавад. Меъёрҳои хайри ахлоқӣ, меъёрҳои мустақил аз Худованд ва дармони ӯ берун нест, вале шарри ахлоқӣ дар зоти Худованд вуҷуд надорад ва Худованд хайри маҳз аст.[1]

     

Одоб

Одоб ба унвони қонунномаи каромат ва таҳзиби иҷтимоӣ дар минтақаи номбурда решаҳои бостонӣ дошт, ки ислом онро бо буъди ахлоқии огоҳона даромехт (49). Баъдҳо ба таълифи китобҳои алоҳидаи ахлоқӣ: “Таҳзиб-ул ахлоқ “(Мискавайҳ), “Ахлоқи носирӣ” –и Насриддини Тӯсӣ ва ғайра машғул шудаанд ва асосан таҳқиқотҳо доир ба ахлоқ баъд аз тарҷумаи китоби Арасту “Ахлоқи Никомак” авҷ гирифт. Вале тадвину баррасии масоили ахлоқӣ дар шариат, ки худ аз чаҳорчӯби ахлоқии Қуръон ва ҳадис пайдо шуда буд, дар ибтидои ислом арзи вуҷуд кард. Дар қарнҳои аввали ислом ҷудоии шариат ва сиёсат ба вуҷуд омад, ба ин тартибе, ки шариат ба ин ҳама тарбият ва иқтидори билқувваи динияш қаламрави уламо ё фуқаҳои динӣ гашт, сиёсат қаламрави халифа ё султон шуд. Султон ҳамкории уламоро барои ба даст овардани эътибор ва нуфузи сиёсӣ ё ба амри тамомиятҳои довариҳои ахлоқӣ истифода мекард. Муқаддас кардани шариат ба ночор ривоҷи усули ахлоқиро маҳдуд сохт ва минбаъд пайравии кӯр-кӯронаро андар силсилаи муқаррарот, қавоиди хосро дар равияҳои фиқҳӣ ба вуҷуд овард.

   

Хайрот

 Аз сӯи дигар, суннатҳои иҷтимоии марбут ба хайрия яъне вақфҳо, кумакҳои мустақим, аз тариқи ушрияи мазҳабӣ (закот) барои маҳрумон ва мадорисе, ки мабнои ҷамъиятӣ доранд, дорои решаҳои амиқ дар амал ва кирдори мусулмонон ҳастанд. Додани қарзҳои вомҳои бебаҳра, кумакҳои бебозгашт ба мардумони муҳтоҷ, ғизо ва сарпаноҳ дар шаҳрҳо ва деҳаҳо аз аъмоли хайри мусулмонон мебошад. Аз ин рӯ ба арзишу эътибори ахлоқи иҷтимоӣ ба унвони садди ҷуброн дар муқобили заъф ва шиканандагии ҳукумати қонун ва шаҳрвандӣ, расман дар давлатҳои дар ҳоли рушд метавонад нақши ояндаи онро дар тарвиҷ ва тақвияти масъулиятпазирӣ ва мушорикат дар сиёсат ба назар гирифт. Агар ахлоқияти иҷтимоӣ метавонад нақши қудратбинона дар миёни миллатҳои мухталифи мусулмон бозӣ кунад, инчунин метавонад маҳдудиятҳои қотеъ на фақат ба унвони 1 ҳукумати қонунӣ дошта бошад.

   

Ахлоқ рукни 6-уми ислом...

Дар ислом таълимотест, ки тибқи он ахлоқи нек қисме ё ҷузъе аз фурӯъи дин аст, яъне агар маҷмӯи эътиқодот, ақидаҳо усули дин, пояи динро ташкил кунанд, ахлоқ дар баробари 5 рукни амалии дин:

-калимаи шаҳодат,

-намоз,

-рӯза,

-ҳаҷ,

-закот

...ба фурӯъи дин дохил аст ва иҷрои макорими ахлоқӣ аз воҷиботи динӣ ба шумор меравад. Зарурати диндорон ба одоби амалии динӣ бинобар ин эътиқодот аст, ки он муносибтарин васила барои ноил шудан ба ғояҳои матлуб ба ҳисоб меравад.

        Бинобар ин, аввалан, амали динӣ (одоби динӣ) бо низоми эътиқодии диндорон рабту таносубе дорад, сониян, зарурати онҳо ба аҳкому одоби динӣ (яъне амали динии онҳо) ба шарте маъқул аст, ки миёни ин васила (яъне маносику одоби динӣ) ва он ғояи матлуб (яъне майл ба соҳати рубӯбият) таносубе барқарор карда бошад. Василаи диние, ки танзими зоҳирии амали мӯъминро ба ӯҳда дорад, илми фиқҳ аст ва василаи диние, ки танзими ботинии амали мӯъминро ба ӯҳда дорад, илми ахлоқ аст!

     Яъне василаи динӣ ба 2 шоха тақсим мешавад:

 – фиқҳ ва ахлоқ.

Шахси диндор бо пайравӣ аз низоми эътиқодии ҳадафманд василаи фиқҳии зоҳири амали хешро дар қолаби шаклӣ аз одоб, маносик аз шиорҳои динӣ ба низом медарорад. Ботини амали хешро бо пайравӣ аз низоми эътиқодот бо василаи ахлоқӣ дар қолаби муқаррароти ба ҷо овардани аҳком ва дармонҳои ахлоқии хос ба сомон мерасонад. Аз ин ҷо ахлоқи динӣ комилан ҷанбаи эътиқодӣ дорад, наҳваи амал ва зисти мӯъминро бо шевае, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои динӣ муносиб аст, сомон мебахшад. Дар баробари дигар рукнҳо: эътиқодот, амалҳои зоҳирӣ диндор бо риояи меъёрҳои хоси ахлоқии марбут ба ин ва ё он дин шомили дину ҷомеаи муайяни динӣ мегарданд ва ин меъёрҳо ҷомеаҳои диниро то ҳадде аз ҳам ҷудо мекунанд.

 

Давом дорад

 



[1] Њамон љо. С-.165.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter