Медонам, ки рисолаи илмӣ ва он ҳам фиқҳӣ хеле душворҳазм аст. Зимнан ҳар сатри онро шахсан ман, С.Мизроб, борҳо хондаву ислоҳ ва содатар карда пешат мегузорам, вале бо ин ҳама боз ҳам матлаб душворфаҳм аст.
Барои намуна, ҳамин матлабро хонед ва назари худро бар мо ирсол намоед. Руҳи Ҳоҷӣ Исмоил, дӯсти газета ва муаллифи доимии СССР шод бод! Мо Метавонем!
Қонуни ахлоқи бояд дар зеҳн реша дошта бошад, чаро ки фақат зеҳн метавонад моро ба анҷоми некиҳо роҳнамун шавад. Аз назари шахси худобовар ин бурҳон метавонад дар такмили бурҳонҳои ҷаҳоншинохтӣ ва ғояшинохтӣ судманд бошад ва сабаберо метавон бо қонуни ахлоқӣ алоқаманд донист ва он бояд дар мавзӯи ахлоқ мавриди доварӣ қарор гирад. Меъёрҳои ғайриахлоқӣ, дар таълимоти динӣ, аз ҷумла дар мазҳаби ҳанафӣ аз Худованд вуҷуд надорад ва Худованд хайри маҳз аст. Дар мубоҳисот дар боби иртибот миёни ахлоқ ва фарҳанг дар ҷаҳонбинии исломӣ, он ҷо ки дину дунё дар ҳам омехтааст ва баъзеҳо моиланд давлатро дар мақоми хосе қарор диҳанд, дар асрҳои аввали ислом, дар он ҳангом, ки таълифотҳои бузурги ахлоқӣ ба вуҷуд омадаанд, онҳо аз китоби Қуръон ва ҳам аз мероси фалсафии соҳили Баҳри Миёназамин илҳом гирифтаанд. Ахлоқ ва одоб ғараз ва ҳадафи фардӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Одоб ба унвони қонунномаи каромат ва тазҳиби иҷтимоӣ дар ин минтақа дар зиндагии мардум решаи амиқ давонда буд.
Ҳукми фиқҳу ахлоқ
Низоми аҳкоми фиқҳӣ ва ахоқӣ дар 1амр бо ҳам муштараканд, онҳо аҳком барои амал мебошанд. Ин низомҳо тағйирпазиранд ва вобаста ба воқеият метавонанд тағйир ёбанд. Вале онҳое, ки ғояҳои ниҳоии динро дар ҷаҳон таҳаққуқнопазир медонанд ва муътақид ба онанд, ки низомҳои ахлоқии динӣ низомҳое барои ҳаёти вопасин ҳастанд, таҳқиқи эътибор ё адами эътибори онҳо дар ин ҷаҳон мумкин нест, балки дар ҳаёти вопасин имконпазир мешавад, мутобиқи ин истидлол (далел-ред.) мӯъмин (имондор-ред.) мукаллаф (уҳдадор-ред.)аст.
Новобасата ба тамоми натоиҷи низомҳо дунёии диндор ба иҷрои меъёрҳои ахлоқи динӣ ӯҳдадор мебошад, то аз неъматҳои ухравӣ (ондунёӣ-ред.) бебаҳра намонад, вале ин низомҳо низ ҷудо аз осори дигар эътиқодоти шахс нестанд ва имконоти худро аз он эътиқодот касб мекунанд.
Илова бар ин, низомҳои ахлоқӣ бояд қобили иҷро ва таҳаққуқпазир бошанд. Бинобар ин мӯъминон ё бояд коре кунанд, ки шароити хориҷӣ чунон тағйир накунад, ки аҳкоми ахлоқӣ ғйри қобили иҷро шаванд, ё агар шароит бадон сӯ тағйир кард, ба таҳаввулпазирии он аҳком фатво бидиҳанд. Агар низоми аҳкоми ахлоқиро мутобиқ ба ақидаи динӣ мустақиман аз ҷониби Худованд диндорон бидонанд, ташреъи онҳо аз эътибори бисёр бештаре бархӯрдор хоҳад буд, чаро ки дар назари онҳо Худованди олам мутлақ, қодири мутлақ ва хайри маҳз аст ва он аҳкомро аз рӯи хайрхоҳӣ содир кардааст ва инсон бояд ба он аҳком гардан биниҳад, то ба он ҳадафи матлуб ноил шавад, онҳоро собит ва ҷовидона донад.
Навоварӣ дар суннат
Тамоми адён бо талаботу навъи илоҳиёти худ шакли хосе аз амал ва зистро бар муъмин зарур медонанд. Бинобар ин мӯъмин дорои амали хосе хоҳад буд, ки онро “амали динӣ” меноманд ва ин амали динӣ дар партави низоми фиқҳӣ ва ахлоқӣ бояд сомон пазирад. Амали динӣ ба 1 суннати хос такя мекунад, шахс аз таҷрибаҳои дигарон дар тӯли таърих, яъне суннат, бояд баҳра биҷӯяд ва кори худро дар чорчӯби суннати динии хосе сомон бахшад.
Ҳатто навоварӣ низ дар бистари суннат имконпазир аст. Нав дар домани суннат ба вуҷуд омада, ба 2 ҷиҳат аз он тафовут дорад, ба ҷиҳати нав буданаш ва бо он ки он идомаи суннат аст, вале тағйирёфта.
Аксари диндорон муътақиди онанд, ки назари “таклифгаро” ва рӯйкарди “фазилатгаро” дар илми ахлоқи динӣ 2 назари муҳиманд, вале чунин ба назар мерасад, ки ахлоқи асоснокшуда илмӣ бар фазилат дар оянда илми ахлоқи диниро таҳти таъсири худ қарор хоҳад дод.
Гурӯҳе назарияи нисбиятгарони ахлоқиро тарафдорӣ мекунанд, ки мутобиқи он аслҳои доимӣ дар ахлоқ вуҷуд надоранд ва ҳар он чӣ шахс маъқул медонад, барои ӯ нек бошад. Дар ин сурат ҳар гуна рафтори ғайриахлоқӣ низ ахлоқӣ мешавад. Дигар ин ки дар назарияи нисбияти ахлоқ такомули ахлоқӣ мумкин намешавад, зеро ҳар гуна мавқеъ ва рафтори ахлоқӣ нисбӣ аст ва аз кадом лиҳоз пешрафт бошад, маълум нест ва чунин ба назар мерасад, тавофуқи ахлоқии фарҳангҳо камаҳамиятанд ва он чӣ муҷоз (ҷазо, манъшуда-ред.) ба 1 фарҳанг бошад, ба дигар номуҷоз аст.
Қонуни ахлоқӣ бояд дар зеҳн (интеллект) реша дошта бошад, чаро ки фақат зеҳн метавонад моро ба анҷоми кору амалҳо роҳнамун шавад. [1]
Давом дорад