ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 07 2021

 Муҳаммадҷон Обидов ва Гулафрӯзи Абдусаттор донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ меҳмони редаксияи СССР шуда, бобати таҳсил ва фаъолияти касбиашон сӯҳбате доир намуданд: 

   - Мо чун дар факултаи журналистика таҳсил дорем, ба ВАО диққати ҷиддӣ медиҳем. Миёни рӯзномаҳои ватанӣ аз ҳама бештар СССР бароямон писанд аст. Чун дар ин рӯзнома, ба фарқ аз дигар рӯзномаҳо маводе рӯи чоп меоянд, ки дар он мушкилоти рӯзмарра ба хубӣ инъикос ёфтаанд. Чизи дигаре, ки дар СССР писанди мо омад, иртиботи танготанги рӯзнома бо хонандаҳояш аст. Мо ҳамчун рӯзноманигор, ният дорем маҳорати касбии худро дар газетаи шумо сайқал диҳем ва бо СССР ҳамкорӣ кунем. Барои журналисти хуб ва ҳирфаӣ шудан, аз мактаби СССР гузаштан бароямон кумак мекунад. 

Мо, ки аз оилаи камбизоатем, дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай меҳмони шумо шудем ва инҷо моро хуб қабул карда, ғайриинтизор бо мукофоти пулӣ низ сарфароз гардониданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, миннатдории худро ба сардабири СССР ва кулли кормандони рӯзнома иброз медорем. 

 

Чоршанбе, Март 24 2021

 Тоҷиддин Алиев, сокини к.Қаротегини шаҳри Душанбе (тел.900 080877) меҳмони редаксияи СССР шуда, гуфт: 

   - Соли 2013 бо қарори Ҳукумати ҶТ ба сокинони кучаи Қаротегин ва ҷамоати “Россия” барои оромгоҳ 4 га. замин ҷудо карданд. Қисмате аз ин заминро (ҳудуди 20 сотих), ки ҷарӣ ва кӯҳпора буд, мардуми ин 2 маҳал обод карда, дар он ҷо таваққуфгоҳ барои мошинҳои ҷанозабиёр бунёд намуданд. Аммо 7 сол баъд, нафаре пайдо шуда, ин қитъаи замини оромгоҳро мехоҳад хусусӣ кунад. Мо 1 гурӯҳ бошандагони маҳал ба мақомот бобати ин қазия шикоят бурдем, аммо онҷо гуфтанд, ки замин ба таври қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудааст. Вале мардуми маҳал 7 сол дар ин қитаъи замин заҳмат кашиданд. Мо ба касе зулм карданӣ нестем, аммо аз мақомоти ноҳияи Рудакӣ муҳтарамона хоҳиш мекунем, ки ба ин шаҳрванд дар дигар ҷо замин ҷудо кунанд ва меҳнати мардумро қадр намоянд.

 

Чоршанбе, Март 17 2021

 

Исмоилҷони Саиднуриддин, сокини ш.Душанбе (тел: 98 820 21 61) меҳмони редаксияи СССР шуда, гуфт:    - Дирӯз бароям рӯзи душворе буд. Аз соати 17:07 то соати 18:31 дар филиали ҶСК “Бонки Эсхата” (Н. Қарабоев, 16) дар интизори навбат будам. Дар ин бонк, танҳо 1 нафар ба муштариён хизматрасонӣ мекард. Ин корманд ҳам чунон ба назар мерасид, ки навкор ё таҷрибаомӯз аст, зеро бо ҳар муштарие, ки мехост пул гирад ё фиристад, 10-15 дақиқа гуфтугӯ мекард. Мо муштариён аз ин хунукназарии бонк, чандин бор шикоят кардем, аммо ҳамаи шикоятҳо беҷавоб монданд. Ба нигаҳбон ва консултант ҳам муроҷиат кардем, аммо онҳо бо лаҳни бисёр дурушт ва таҳқиромез посух гуфтанд. Ба фикри банда, дар муассисае чун бонк, эҳтироми мизоҷ бояд дар дараҷаи аввал бошад. Масъулини бонкро зарур аст кормандонеро, ки дар назди муштариён бо телефон сӯҳбат мекунанд, аз кор озод намояд. Муносибат дар “Бонки Эсхата” хеле дағал гардидааст!

 

Чоршанбе, Март 10 2021

Қурбонов Ҷаббор, сокини ш Душанбе меҳмони редаксия мо шуд ва дар мавриди ҳиллаву найранги ҷӯгиҳо гуфт: Ман дар истгоҳи Насоси ноҳияи Шаҳринав шоҳиди ҳодисаи аҷибе гардидам. Чанд ҷугӣ дар даст асо доштанду ҷониби роҳи калон қадам мезаданд. Чун ба роҳи асосии мошингард расиданд, якбора ҳамаашон худро чулоқ вонамуд карда, асоҳояшонро зери бағал гирифтанд. Ин кори ҷугиҳо, бозии ҳунарпешаҳоро дар театр мемонд. Ва ин ҳолат дар нуқоти дигари кишвар низ ба чашм мерасад. Ҷӯгиҳо ҳатто берун аз кишвар низ худро тоҷик муаррифӣ карда, обрӯи моро рехтаанд. Миллатҳои дигар гумон мекунанд, ки тоҷикҳо ҳама гадову фиребгаранд. Бояд ҳукумати кишвар сари ин масъла фикре кунад, то пеши роҳи обрӯрезии миллат гирифта шавад. Мо метавонем! 

 

Чоршанбе, Март 03 2021

 

 Маҳмадулло Сироҷов, сокини ш. Душанбе меҳмони редаксияи мо шуд ва гуфт:  

   - Маро сухани Ангела Меркел, сарвазири Олмон мутаассир кард. Пештар низ дар рӯзномаи СССР суханони ӯро хонда будам, ҳатто азёд кардам. Ангела Меркел рост мегӯяд, дигар ҷои шарҳу эзоҳ надорад. Ман дар ин маврид 2 гуфтанӣ дорам. 1. Мусалмон гуфта, марову ман баринҳоро дар назар дорад. Замин кафаду дарояму ин суханонро нахонаму нашунавам. 2. Пешниҳод дорам, ки ҳамин матни хурд бо ҳарфҳои калон навишта шуда, ба сифати овеза пешорӯи масҷидҳо насб гардад, то мутаассибон, раҳгумзадаҳои ҷонибдори ДОИШ, ҲНИ ва дигару дигар онро бихонанду овезаи гӯшашон кунанд. Чаро ин корро бояд кард? Бовар кунед, мушти обдорест ба ҷоҳилону мутаассибон, зеро на ҳама рӯзномахонанд. 

 

Панҷшанбе, Фев 25 2021

 

Холмаҳмад Маннонов, сокини н.Абдураҳмони Ҷомӣ меҳмони редаксияи СССР шуд ва гуфт: 

   - Ман ба ҳайси посбони объекти ёдгории бостонии Сайёди ноҳия фаъолият мекунам. Мо якҷоя бо бахши фарҳанги н. А.Ҷомӣ гирду атрофи ин ёдгории таърихиро, ки вазифаамон аст, тоза кардем, аммо хоҷагии ҷангали н.Хуросон моро барои ин кор, ба суд додааст ва суд моро 7540 сомон ҷарима баст. Ман бо ин қарори суд розӣ нестам ва аз масъулини хоҷагии ҷангали н.Хуросон мехоҳам, ки дар дидгоҳашон таҷдиди назар кунанд. Ин ёдгориро чанде қабл оташ ҳам зада буданд ва мо онро 2 бора обод кардем. Биёед ба қадри ёдгориҳои таърихии кишварамон бирасем! Наход ҷангал аз фарҳанг болотар бошад? Судяҳо магар адолати иҷтимоиву судиву фарҳангиро медонанд???

 

саҳ 20 аз 62

Китобҳо

Flag Counter