Исмоилҷони Саиднуриддин, сокини ш.Душанбе (тел: 98 820 21 61) меҳмони редаксияи СССР шуда, гуфт: - Дирӯз бароям рӯзи душворе буд. Аз соати 17:07 то соати 18:31 дар филиали ҶСК “Бонки Эсхата” (Н. Қарабоев, 16) дар интизори навбат будам. Дар ин бонк, танҳо 1 нафар ба муштариён хизматрасонӣ мекард. Ин корманд ҳам чунон ба назар мерасид, ки навкор ё таҷрибаомӯз аст, зеро бо ҳар муштарие, ки мехост пул гирад ё фиристад, 10-15 дақиқа гуфтугӯ мекард. Мо муштариён аз ин хунукназарии бонк, чандин бор шикоят кардем, аммо ҳамаи шикоятҳо беҷавоб монданд. Ба нигаҳбон ва консултант ҳам муроҷиат кардем, аммо онҳо бо лаҳни бисёр дурушт ва таҳқиромез посух гуфтанд. Ба фикри банда, дар муассисае чун бонк, эҳтироми мизоҷ бояд дар дараҷаи аввал бошад. Масъулини бонкро зарур аст кормандонеро, ки дар назди муштариён бо телефон сӯҳбат мекунанд, аз кор озод намояд. Муносибат дар “Бонки Эсхата” хеле дағал гардидааст!