Паҳнкунандаи матбуоти даврӣ, мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР Бозорбой Пӯлодов аз ноҳияи Данғара (тел: 900 30 09 45) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар давраҳои солҳои Истиқлолият ноҳияи Данғара низ мисли дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ хеле рушд кард. Ин дар мисоли 2 донишгоҳи олӣ, 2 коллеҷ ва 1 литсейи касбӣ-техникӣ баръало мушоҳида мешавад ва боз биноҳои тамому нотамоми ин муассисаҳо... Вале дар маркази ноҳияи мо баъзе норасоиҳо ба назар мерасанд, ки ба ин пешравиву ободиҳо халал мерасонанд. Асосан дар маркази ноҳия ҳаммоми ҷамъиятӣ нест, то хонандагон-донишҷӯён, ки аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ омадаанд, истифода бубаранд. Дар деҳаи Бошбулоқ ҳаммомҳои туркию чинӣ ҳаст, вале нархаш 100 сомонӣ!!! Бо ин қимат кадом студент метавонад ҳафтае 1 бор ҳаммом дарояд? Баъдан, масъалаи нақлиёт низ дар ноҳия бо 2 по мелангад. Соҳаи танзими нақлиёт аслан кор намекунад ва дар 2-4 км роҳ 2 сомонӣ меситонанд. Бозори меваю сабзавот низ аз маркази ноҳия хело дур воқеъ аст. Агар ин камбудиҳо ислоҳ шаванд, шароити донишҷӯён ва мардум боз беҳтар мегардид. Аминам, ки раҳбарияти ноҳия сари ин мушкилот меандешад ва шароити беҳтарро барои меҳмонон фароҳам месозад. Мо Метавонем!!!
Хонанда ва мухлиси ҳамешагии мо-Сарабеки Мингбошӣ аз ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) дар меҳмонии СССР гуфт, ки аввалан дуруд ва паёми мардуми фарҳангпарвари Лахшро ба кулли кормандони СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР мерасонам. Зеро масъул будам, ки фикру ақидаи иддае аз ҳамдиёронро, ки бевосита ба ман чун қарз гуфтаанд, ба СССР расонам. Аз ҷумла бародарон таъкид намуданд, ки изҳори сипоси моро ба хотири гиромидошти ормонҳои миллӣ ва муҳаббати ватандорӣ, дифоъ аз обрӯю эътибори давлату миллат аз ҷониби Сайёфи Мизроб ва кулли қаламкашонаш ба газетаи СССР расонед. Барои боз ҳам хонотару ҷолибу хонданбоб баромадани матолиби газета кӯшиш кунед, зеро шумо ва Мо Метавонем дар саргаҳи эҳёи идеологияи патриотизм ва ватанхоҳии ҷадиди Тоҷикизм бошем! Ман чу мебинам, ки анбӯҳи зиёди мухлисон барои дастрасии СССР талош доранд, ба Миллату Давлат боварам садчанд мегардад. Дар охир қарзи ман аст, ки аз номи 1 бародарам ин байти Шоири халқии Тоҷикистон-Муҳаммад Ғоибро қироат ва пешкаши хонандагон созам:
Ватан, имрӯзи мо ояндаи мост,
Паноҳи мурдаву ҳам зиндаи мост!
Узви Ихвон-ал-СССР, масъули «Тоҷикматбуот» дар ноҳияи Ёвон Маҳмадғафур Ҳомидов-собиқадори матбуот (тел: 93 542 07 11) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман 1 мушкили сахти корӣ дорам. 10 сол боз масъули обунаи нашрияҳои давлатии «Ҷумҳурият» ва «Садои Мардум» дар ноҳия ҳастам. Аммо баъд аз омадани раиси нав Саидзода Ҷамшед Ҳамро кори ман ба мушкили сунъӣ печид. Муовини раиси ноҳия оид ба маънавиёт Саидзода Гулрухсор Гурез обунаи ҳамин 2 нашрияро аз дасти ман-масъули «Тоҷикматбуот» гирифта, ба Почтаи ноҳия супурд. Вақте сабабашро аз муовини раис пурсидам, гуфт: «Литсензия надорӣ». Ҳол он ки дар ин 10 соли кор ягон хел литсензия-иҷозатнома надоштам ва касе ҳам аз ман чунин ҳуҷҷат намепурсид. Назди сармуҳаррирони «Ҷумҳурият»-у «Садои Мардум» омада, барои ҳалли масъала арз ва дархости кӯмак намудам. Онҳо ба ман аз номи редаксияи худ мактуб карданд ба раиси ноҳия. Номаи ҳар 2 сардабири нашрияро ба раис расонидам, аммо ягон натиҷа нест ва писанд ҳам накард! Ин мушкили камина дар даврони 3 раиси қаблии ноҳия вуҷуд надошт ва барои фаъолият ягон монеа ҳам набуд. Шояд вазифаи ман ба касе лозим шудааст?
Хонанда, дӯст ва муаллифи доими газетаи мардумии СССР, Олим Ғуломов аз деҳаи Оқчакмани ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки тибқи мушоҳидаҳои ман, гурӯҳе барои баргаштан ба насаби русии «ов»-у «вич» зид ҳастанд. Ин мутлақо ғалат аст! Барои чӣ? Ҳоло мефаҳмонам! Ин маънои онро надорад, ки мо бояд ва ҳатман дар оғӯши Федератсияи Русия бошем. Ҳаргиз чунин нест! Ин ба он хотир аст, ки мо аллакай бо ин ному насаб ва куният одат кардаем ва ин осонтар аст, назар ба унвони тоҷикӣ. Ба маънии дигар, «ов»-у «вич» чӣ зиён дорад? Масалан, бо «зода»-ву «пур»-у «зод»-ҳо мо чӣ кор карда ҳам метавонем? Аз ин чӣ фоида мегирем? Ягон маънии дуруст ва манфиатеро дар ин маврид намебинам. Ва аз 1 номсозӣ ба шакли дигар гузаштан ҳам ягон кашфиёте нест, ки боиси ифтихор бошад. Беҳтар мебуд, ки ба ҷои ин хел кӯшишу афкори бемаънӣ рӯ ба кашфиёт ва ихтирооти техникӣ биорем. Касе агар бо ман розӣ нест, марҳамат нависад. Газета ҷои баҳс асту ҳақиқатгӯӣ! 1 бор пеши назар биоред: Онҳое, ки ба хориҷа бо ин ному насаби нав (дар паспорт) рафтан доранд, бо чӣ мушкилоте рӯбарӯянд. Дар бораи заҳмат бояд фикр кард!
Хабарнигори мардумии СССР, Шокир Наимов аз н.Рашт дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст, кулли ҳаводорони СССРро бо Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон сидқан таҳният мегӯям. Баъдан, солҳои донишҷӯӣ (1998-2003), вақти таътил ба ш.Душанбе-пойтахти Тоҷикистон рафтану вақти сар шудани дарсҳо маро азоби роҳ азият медод. Бовар мекунед, расо соати 7-8-и субҳ ба роҳ мебаромадему соатҳои 13-и пешин ба Душанбе мерасидем. Бояд шукронаи ин давлати тинҷу ором кунем. Шукри Истиқлолият, ки айни ҳол ҳама мушкилоти 20 соли пеш паси сар шудаанд. Дина саҳар, соати 8:30 аз н.Рашт (Ғарм) баромадаму ба н.Данғара соати 1:20 расидам ва соати 3:30 боз ба Душанбе баргаштам. Ва ҳамаи ин дар муддати 1 рӯз тай шуд. Қаблан санҷида будам, ки ҳамин қадар масофаро камаш дар 2-3 рӯз тай мекардед, яъне аз Рашт ба н.Данғара рафта, боз гашта Душанбе биоӣ ва ба Рашт бигардӣ. Дигар ин ки аз Рашт то Душанбе ва Данғара диққат додам, ҳама бинову роҳҳо бо тарзи замонавӣ бунёд шуда истодаанд. Дар роҳ сайёҳони зиёдро вохӯрдам. Итминони комил дорам, ки ин аз оромӣ ва фаровонии хони мост. Ҳар нафаре агар ин ҳамаро бо чашм дидаву худро ба кӯрӣ мезанад, мурданаш беҳтар!!! Воқеан ҷиянам аз Ғарм ба Донишгоҳи Данғара шомил шуд ва сабаби рафтанам ҳамин буд. Мо Метавонем!
Назари Наврӯз, муаллими собиқадор аз ноҳияи Фирдавсӣ дар меҳмони СССР гуфт, ки моҳе пештар имтиҳон аз тамоми фанҳо дар ҳама мактабҳои олӣ тариқи тестӣ хатм шуд. Гуфтаниям, ки ин усули имтиҳони довталабон мисли қимор-имтиҳон дар ГАИ аст, ки дар даврони шӯравӣ месупурдем ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ (права) мешудем. Қимор чист? Таваккал гуфтанӣ гап! «Таваккал-бахти кал» мегуфтанд бобоҳои мо. Яъне системаи тестӣ донишҷӯро тамбал ва бесавод мекунад. Тест ин 1 чизи тайёр аст, ки савол дораду ҷавоб не. Донишҷӯ дар 2-3 соат ҷавоби саволҳоро аз ҳар куҷо ба осонӣ меёбад. Дилхоҳ кори осон одамро тамбал мекунад. Донишҷӯ бояд заҳмат кашад, баъд ба қадри хондан мерасад. Студенте, ки дар бораи фанни дарсӣ тасаввурот надорад, дар имтиҳон ширкат карда, бо сари баланд баҳо мегирад. Ин аст натиҷаи системаи тестӣ. Лек ин усули имтиҳонгирӣ ба донишҷӯёни бесавод писанд аст. Ин навъи имтиҳонсупорӣ аз Ғарб ба мо омадааст. Гап дар ин ҷост, ки дар Ғарб ҳама мехонад, дар мо бошад баракс. Воқеан, дилхоҳ донишҷӯи тоҷики аз имтиҳони тестӣ гузаштаро дар бораи саволҳои дирӯзааш пурсед, қариб ягон чӣ намедонад!!! Ман дар ин бора, ба тафсил дар СССР менависам!
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар