Экспедитори собиқадор Амиршо Устодович Амиршоев, аз деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим дар меҳмонии СССР гуфт, аввалан, дуруду паёми кулли мардуми Ишкошимро ба шумо-қаламкашони гиромии СССР мерасонам. Баъдан, ман 1 чӣ пурсиданиям: Ба фикрам, моҳи апрели ҳамин соли равон буд, ки дар Федератсияи Россия қонун дар бораи афви муҳоҷирон-муздурони хориҷӣ баромад. Ин хабарро шунида будам, лек дақиқ намедонам, ки чунин қонун ба тасвиб расид, ё на? Ман 16 соли расо дар шаҳру вилоятҳои Россия муҳоҷир будам. Шояд 1 сол пас боз Россия биравам. Ана акнун, ҷавонмардоне, ки ҳамроҳи ман дар Россия буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд, аз ман дар суҳбати телефонӣ даҳҳо бор пурсида, хоҳиш карданд, ки ба ин суол ягон марди огоҳ дар газетаи СССР посух нависад ва мо гирифта бихонем. 1 чиро бояд хотиррасон намоям, ки газетаи СССР дар ҳама ҷо мухлиси зиёд дорад. Ҳатто баъзе аз шумораи нашрияро тариқи фармоиш Россия мебаранд. Ин худ исботи он аст, ки СССР бо мардум аст ва дарду пешниҳоду саволҳои мардумро нашр мекунад. Ман аминам, ки обрӯву эътибор ва бовариро СССР то охир ҳифз мекунад ва дар хизмати ҷамъият мемонад.
Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, фарҳангшинос Мирзо Ниёзов аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки ҷои афсӯс аст, имрӯз Тоҷики тоҷдори мо дар хона ҳама чиз дорад, ба ҷуз китобу журналу газета. Барои харҷи худоӣ ва тӯйи бемаънӣ ҳазорон сомонӣ маблағ меёбем, вале барои хариди асарҳои барҷастаи Рӯдакию Саъдию Ҳофиз, Айнию Турсунзода… 10-20 сомонӣ сарф намекунем, ки фарзанд аз кӯчагардию корҳои беҳуда дида, 2 саҳифа китоб хонад, ақлу тамиз ёд гирад, то дар зиндагии оянда ба кор ояд. Касе, ки «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, «Писари Ватан»-и М.Турсунзода, «Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ, «Модар»-и М.Горкийро мутолиа карда бошад, баръало мушоҳида мекунад, ки саргузашти муаллиф барои ҳама омӯзанда аст. Имрӯз қадру манзалати омӯзгор дар ҷомеа на он қадар назаррас аст. Муаллим дарсу мактабро партофа, тиҷорат мекунад, дар Русия муҳоҷир аст. Ин ҳама аз камии маош аст. Сару либосе, ки донишҷӯ ё хонанда дорад, муаллим онро дастрас карда наметавонад. Дипломдорони ҷавон вақте бо роҳхати Вазорати маориф аз донишгоҳҳо ба кор меоянд, ҳатто ариза, гувоҳнома ва хислатномаро навишта наметавонанд. Агар нависанд ҳам бо хатои зиёд…
Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Ҳомид Расулов (бо тахаллуси Афғон, тел: 92 729 32 90) аз ноҳияи Мастчоҳ дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст салому паёми кулли ҳаводорони мастчоҳии СССР ба шумо-аҳли қалами СССР мерасонам. Баъдан, аз номи худ ва дӯстонам шаҳрвандони азизи кишварро бо Иди Қурбон сидқан таҳният мегӯям ва барои хони идонаи онҳо файзу бараккатро таманно дорам. Сониян, ман 1 чиро ҳич нафаҳмидам. Муқоиса кунед: Тавассути ТВҳо пайваста нишон медиҳанд ва ҳам мегӯянд, ки «мо дар давраи истиқлолият даҳҳо ГЭСи хурду бузург сохтем». Хуб, бигзор бошад, зеро ягона сарвату обрӯи мо ин об асту ГЭС!!! Аммо чаро киловати барқ қимат шуд? Ёдатон ҳаст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 2-3 ГЭС доштему барқи арзонтарин дар Тоҷикистони мо буд? Имрӯз аз ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ 3-4 нафар дар муҳоҷирати меҳнатист ва мардум бе пул асту камбағал, пас пули барқро чӣ хел бипардозем? Болои ин боз паспорти нав гирему симкортро аз нав иваз кунем? Хоҳиш мекунам, ки ба мардум зулм накунед! Чиновникҳо ақаллан 1 бор дари музофотиро бикубаду аз хонаш ақаллан намаке бичашаду бубинад, ки чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад???
Қадимтарин ҳаводори газетаи СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 74-сола, аз деҳаи Туркироҷи шаҳри Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки бо 2 мушкил назди шумо омадаам:
1.Дар хонаводаи ман духтарам-Гавҳаршодбегим (соли тав.1981) маъюби гуруҳи 1 асту 200 сомонӣ пенсия мегирад. Комилан роҳ гашта наметавонад. Мехоҳам, ки нафақаашро зиёд кунанд.
2.Дар замони СССР вақте синну соли кас ба нафақа мерасид, ӯро зуд аз кор озод намекарданд. Баъди ба нафақа баромадан ҳам маъмурият ба дидорбинии нафақагир мерафт ва аз ҳаёту зиндагониаш огоҳ мешуд. Агар шахсе ҷавоб диҳад, ки баъди ба нафақа баромадан ҳам кор кардан мехоҳад, маъмурият бо ҷону дил ин хоҳиши ӯро қабул мекарданд. Боз дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки “таҷрибаи шумо барои мо боиси омӯзиш аст. Бе шумо корхонаи мо пеш намеравад”. Дар шароити ҳозира, ки синнат ба нафақа расид, аз кор ҷавоб дода мегӯянд: “Фармон аз болост!” Аён нест, ки ҷавон аз ӯҳдаи кор мебарояд, ё не! Агар фармони боло дар ин бора бошад, пас чаро онро бо ВАО эълон намекунанд?
Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Муниса Аҳмадшоева аз ноҳияи Балҷувон дар меҳмонии СССР гуфт, омӯзгор барои ману шумо шахсест, ки касро ба ҷаҳони нав-олами дониш ворид месозад. Зиндагиро рӯъёи нав мебахшад, аз нав эҳё мекунад. Касби омӯзгорӣ пуршарафу пурифтихор, аммо имрӯз воқеан ҳам пурмашаққат аст, ки дидан дорем. Болои ин таътилро аз 25 май гирифта, дар 14 июн гузоштаанд. Магар ин ҷабр нест? Ман чӣ гуфтанӣ? Дар Тоҷикистон, дар якшанбеи аввали моҳи октябри ҳар сол Иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Гап сари ин меравад, ки чаро Иди касбии омӯзгорон дар тақвим-календар рӯзи муайян надорад? Масалан, журналист, табиб, милиса… дар календар рӯзи аниқи ҷашн-таҷлил доранд, аммо Муаллим не?! Яъне ин ба он маъност, ки агар муаллим дар аввали моҳи октябр кадом рӯзе вақт ёфт, Идашро ҷашн кардан гирад? Ин ягон маънову мантиқ надорад ва фикр мекунам, ки нисбати устоду муаллим нописандӣ ва таҳқир аст. Охир, рӯзи иди Харбузаву Каду… дорему муаллим не!
Узви Ихвон-ал-СССР, Неъматулло Давлатов, газетфурӯши собиқадор аз шаҳри Роғун дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки дар бораи газетгурезии ҷавонон ва ақибмондагии китобӣ гуфтаниям. Худ ба худ гоҳе мепурсам: Чӣ тавр СССРи абарқудрат 70 сол поид, сабаб чӣ буд ва чаро он замон мардум ташнаи хондан-дониш буданд? Ба ин суолот посухи худро ёфтам: Матбуоти тоҷикии шӯравӣ 1 хислати хело нодир дошт. Барои мисол, «Комсомоли Тоҷикистон» ё ягон нашрияи дигар чунин эълонеро бо 1 ҷумла чоп мекард: «Ҳар нафаре агар аз ҳамин шумораи мо 1 хатои грамматикӣ ёбад, 5 рубл туҳфа!» Инро кибр ё бузургии редаксияи нашрияҳои РСС Тоҷикистон буд. Дар натиҷа ҳам сафи хонанда меафзуд, ба хотири 5 сӯм ва ҳам масъулияти редаксия дар назди аудиториаи худ дучанд боло мерафт. Яъне корректору мусаҳҳеҳу муҳаррири редаксия кӯшиш мекард, ки барои аз даст надодани 5 рубл (!!!) ҳиҷҷа карда, ҳар 1 саҳифаро бихонад! Ку, имрӯз газетае, ки дилу гурда карда, ин гуна эълонро чоп кунад? Имрӯз ягон газетае нест, ки бе хато чоп шавад! Дар маҷмуъ, бузургии СССР, муҳаббат ба СССР ва қудрати идеологияи СССР низ ҳамин буд, ки ҳама, ҳатто деҳқону пахтачинаш дар сари ҷӯяку пуштаву хирман… мехонд! Бовар кунед, сахт дилам об мешавад, вақте он давраро ёд мекунам.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар