Узви Ихвон-ал-СССР, Асрор Ғафурзода, сокини шаҳри Конибодом меҳмони гиромии СССР шуд ва гуфт, ки дар шумораи гузаштаи газетаи мардумии СССР дар бораи корнамоиҳои Исматча ва Че Гевара матлаберо хонда, 1 фикри нав маро ба редаксияи СССР кашида овард. Яъне дар боғи Ғалабаи пойтахт пайкараи Исматча (Исматулло Тӯрахонов)-ро ҳамчун шахси ҳушёру зираки ҷавонони бонанги даврони Истиқлолият гузоштан даркор.
Хонанда ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Асадулло Бекназаров, аз деҳаи Заргари ноҳияи Бохтар меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки чаро ба шахсиятҳои миллӣ ва таърихии худ эҳтироми самимӣ надорем? Ман факт ҳам дорам: Дар назди Теппаи марказии ш.Қӯрғонтеппа ҳайкали шоҳ И.Сомонӣ ва дар бари ҳукумати шаҳр ҳайкали устод Б.Ғафуров гузошта шудааст, аммо ному насаб ва солҳои зиндагию фавти ин шахсиятҳо ҳаккокӣ нашудааст.
Узви Ихвон-ал-СССР, Сафаралӣ Сатторов, сокини деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман дар 2 мавзуъ кӯтоҳ гуфтаниям: 1.Дар гардиши роҳи ш.Ҳисор (омадан аз сӯи ш.Турсунзода) ҳини вазиши сахти шамол ва борони сел дарвоза бо шиору овезаҳояш ба осмон парид.
Хабарнигори мардумии СССР дар шаҳру навоҳии Рашт, Шокир Наимов дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР мақолаи танқидии «Ошхонаи Ҳоҷиён»-и Мину Аминзодаро хонда, дар ҳошияи он 1 мушоҳидаи худро гуфтаниям.
Узви Ихвон-ал-СССР, мардикор дар иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе Муҳиддин Ҳайитови 46-сола, сокини ноҳияи Қубодиён меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки 8 сол пеш 1 мушоҳида дар бораи чой кардам ва аниқ намудам, ки аксари бемориҳои мо аз расвоӣ ва ифлосии чой будааст.
Ҳуруфчини нашрияи «Садои мардум», Зебо Раҳимова, сокини пойтахт меҳмони СССР шуд ва гуфт, дар гӯшаи «Носталжи»-и шумораи қаблии СССР акси журналист, раҳматӣ Филолишои Хилватшоро дида, сахт зиқ шудам. Соли 1992 дар газетаи Тоҷикистон кор мекардем.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар