ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 11 2022

Тошмуҳаммад Сафаралиев, Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафақахӯр, сокини н.Хуросон меҳмони идора шуда, хушҳолӣ аз ободии ноҳия карду гуфт, дар баробари ин ҳама сокинон 1 мушкили бузурге доранд:

   - Солҳои охир ноҳияи мо-Хуросон симои худро дигар карда, нисбат ба солҳои пешин тағйироту дигаргуниҳо зиёданд. Масалан, нафақаю маоши хизматчиёну кормандон сари вақт, рӯзи 1-уми ҳар моҳ пардохт карда мешавад. Ноҳия ҳар сол нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат ба анҷом мерасонад. Бунёди роҳҳою пулҳо давом ёфта, ҳудуди ноҳия аз ағбаи Фахробод то пули дарёи Вахш бисёр ҳам зебо шудааст. Дар маркази ноҳия биною иншооти гуногун қомат рост кардаанд. Симои ноҳияро роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, ки аз маркази ноҳия мегузарад, хеле зебу зиннат додаст. Дар қатори ин қадар муваффақиятҳои зиёд сокинони маркази ноҳия то ба ҳол аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Агар ин мушкил низ ҳалл мешуд, олам гулистон будӣ!

Чоршанбе, Май 04 2022

 

Тоир Ҳамдамов,  сокини деҳаи Қиблаии ш. Душанбе меҳмони газетаи мардумии СССР шуда гуфт, ки бисёр мехоҳад Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохта 1 бор меҳмони хонааш гардад.

    - Чанд муддат пеш тавассути Ютуб канали СССР ТВ, навори Ҳоҷӣ Мирзоро дар бораи бехонаҳо дида, ба мушкилам ҷавоб гирифтам. Манам ба ширкате пул дода хона харидааму то ҳол бехона мегардам, зеро пуламро гирифта фиребам доданд. Аммо бобои домулло, ман агар худам танҳо мебудам 1 гап, лек соҳиби 6 фарзандаму ин 6 фарзанди ман аз бехонагиамон то ҳол саргардонанд. Хуб медонам, ки ба додам касе намерасад. Ҳоло аз домулло Ҳоҷӣ Мирзо хоҳиш дорам, ки 1 бор ҳам бошад, ба манзили зисти муваққатии мо омада, аҳволи кӯдаконро бубинад ва баҳогузорӣ кунад...

Чоршанбе, Апр 13 2022

Холиқдод Ӯзбеков, сокини ш. Панҷакент (тел:934097707) меҳмони газетаи мардумии СССР шуда гуфт, ки гӯри бародари бузургашро, ки соли 1939 дар ҷанги Финляндия гум шуда буд, то ба имрӯз меҷӯяд:

    - Бародарам Муҳиддин Ӯзбеков дар ҷанги 2-юми ҷаҳон ҷон бохт. Пас аз солҳои зиёд ба мо хабар расид, ки бародари моро дар қабристонҳои яке аз шаҳрҳои Россия гӯронидаанд. Мо мехостем донем, ки бародари моро дар кадом минтақаи Россия гӯр кардаанд, инро чӣ гуна ва аз куҷо фаҳмем, то ин ки ба зиёрати қабрашон равем? Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон архив-бойгонии ҳарбӣ ҳаст? Дар бораи бедаракшудагони давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз куҷо маълумоти аниқ гирифтан мумкин? Хуб мешуд хонандагоне, ки дар ин бора маълумот доранд, моро роҳнамоӣ мекарданд.

Чоршанбе, Апр 06 2022

 Ҷасури Қиёмиддин, мухлиси газетаи СССР аз ш. Бохтар меҳмони идораи СССР шуда, шикоят аз фаъолияти ширкатҳои мобилӣ кард.

   - Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 5 ширкати алоқаи мобилӣ фаъолият мекунанд, ки хизматрасонии ҳар кадоме аз ҳамдигар бад аст. Суръати интернет бади бад!!! Намедонам аз кадом 1 костагии шумо гӯем? Нархи гарон?  Қаллобӣ? Суръати пасти интернет? Дуздӣ? Вой ба ҳолат Хадамоти алоқа... Наход инҳоро ба танзим дароварда натавонед!? Ва ё зери коса нимкоса??? Имрӯз ҳама ширкатҳо бар хилофи якдигар садҳо намуд таклифу тахфиф пешниҳод доранд, вале ҳамааш аз 1 фиребу найранг беш нест…

Чоршанбе, Март 23 2022

Файзимо Бибиева, сокини ш. Душанбе меҳмони газетаи мардумии СССР шуда афзуд, ки нафақааш хеле кам буда, барои гузаронидани рӯзгораш намерасад.

    - Нафақаам хеле кам аст, бемораму духтурон бе пул табобатам намекунанд. 40 сол собиқаи корӣ дорам. Дафтарчаи нафақахӯриамро нишон ҳам диҳам, бе пул ҳатто ба гапҳоям гӯш намекунанд. Касе аз ҳукумати ноҳия ва дигар сохторҳо ҷашнвораҳо 1 сӯ истад,  ҳамту боре ба хонаам омада хабар намегиранд. Ҳамеша тариқи телевизион мебинам, ки аз тарафи давлату ҳукумат ба шахсони танҳо, маъюб ва беморон кӯмакпулӣ ва хӯрока тақсиму тақдим мекунанд, вале барои мани бефарзанд дар ҷойе чизе нест, чаро!? Оё шахсони бефарзанд ягон имтиёз доранд? Ман бисёр мехостам, ки мухбирони СССР дар ин бора нависанд.

саҳ 11 аз 62

Китобҳо

Flag Counter