Некбахши Салимзод, сокини ш. Душанбе, докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон меҳмони редаксия шуда, қайд намуд, ки тибқи мушоҳидаҳоям тайи 3 соли ахир дар қисме аз тарабхонаҳои пойтахт ва марказҳои нуқтаҳои хӯрокворӣ қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ риоя намешаванд.
- Ҳамчунин қоидаҳои нигаҳдории молу маҳсулотҳои хӯрокворӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ба таври бояд иҷро намешаванд, чаро? Тавре ба назар мерасад, сохторҳои дахлдор аз нуқтаҳои хӯроки умум умуман дидан намекунанд…
Зарина Раҳматова, сокини ш. Душанбе меҳмони идора шуда, аз гуруснагӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва заҳмати мардуми деҳот ёд кард.
- Соли 1994 маро аз Кӯлоб келин карда, ба Ховалинг бурданд. Аз ноилоҷии рӯзгор ва гурусна намондан бо хушдоманам ба сари заминҳои гандум рафта, хӯшачинӣ мекардем. Аввал интизор мешудем, ки комбайн дарояд, пас аз дарави он ба замин медаромадем. Дар 1 рӯз 1 маротиба рафта, бо ҳамдеҳагонамон навбат поида хӯша мечидем. Дар хона хушаҳои гандумро бо санг зада, донаҳои гандумро аз хушаҳояш ҷудо карда, ба осиёб мебурдем. Бо заҳматҳои зиёд 1 халтаи дар осиёб гандумро орд карда, ба хона оварда, нон карда бо ҳамсоягон мехӯрдем. Ҳоло бошад, баръакс. Вақте, ман ба маъракаҳои дӯстонам меравам, нонҳои фаровони руйи дастрахонро дида, ашки чашмонамро дошта наметавонам. Ба қадри нону сериву пурӣ расед, мардум!
Нигора Ҳалим, сокини ш.Душанбе меҳмони идораи газетаи мардумӣ шуда иброз намуд, ки дар бозорҳои Душанбешаҳр нархи маҳсулоти хӯрока гарон гаштаву касе сари роҳи чунин беадолатии савдогарон намешавад.
- Дар оилаи мо танҳо шавҳарам кор мекунад. Ҳама медонем, ки маоши буҷавӣ кам аз 800 сомонӣ аст. Ману шавҳарам ва духтарчаи 5 солаам дар хонаи иҷора менишинем, пештар нархи иҷораи 1 хоначаи бешароит 500 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бошад, бо сабаби сардии зимистон хонадорон баробари баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрока нархномаи иҷоранишиниро низ баланд бардоштаанд. Намедонем ин маошро ба пули иҷора пардохт кунем ё сарфи хӯрока, бе ин ҳам рӯзамон нимсер мегузарад ва чунин хонаводаҳо дар кишвар кам нестанд.
Парвина Мизробова, сокини н. Данғара меҳмони идора шуда, дар бораи зиндагии вазнини мардуми қишлоқ, ки бо киштукор машғуланд, ибрози назар кард.
- Аз сабаби тағийр ёфтани боду ҳаво заминҳони қишлоқро сармо задааст. Акнун халқи кишоварз маҷбур шудаанд, ки рӯ ба бозор оранд. Чаро рӯз аз рӯз дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти хӯрока гарон мешаваду касе сади роҳи ин қиматиро гирифта наметавонад? Аз пули мактаб сар карда, то ба хӯрокаву пӯшокаи кӯдакон гарон шудааст. Зиндагӣ дар умум гарон мешавад. Аз Душанбе бадар шавед ва ҳоли мардумро дар қишлоқҳо бинед. Чаро касе аз мансабдорон дар фикри ин нест?
Аз СССР: Ин ҳам мегузарад, бону Парвина, бовар кунед...
Соли наватон муборак!!!
Сафаралӣ Бекмонов, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР, сокини н. Ёвон ба редаксия меҳмон шуда, гуфт, ки барои хайрухуш бо аҳли эҷоди газета омадааст, зеро чипта гирифтаву нияти парвоз ба ш.Маскав дорад.
- Тасмим гирифтам ба ш.Маскав рафта, минбаъд ҳамон ҷо зиндагӣ кунам, чун дилам аз ҳамаи ин ноадолатиҳо шикаста шудааст. Соли равон ба таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия 14 сол пур шуд. Дар ин муддат аз ҷониби агентии мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза алайҳи ришваситонӣ корҳои зиёде анҷом дода шуда бошад ҳам, то ҳол коррупсия аз байн нарафтааст. Солҳои қабл духтурони соҳибкасби мо агар барои 1 сӯзан задан аз бемор 3 сомонӣ талаб менамуданд, ҳоло бошад баръакс ҳаққи корашонро на камтар аз 10 сомонӣ нарх гузоштаанд. Замоне шудааст, ки барои корат ҳал шудан бояд ҳатман тағо дошта бошӣ. Бе миёнрав ва «тағо» ягон кор ҳал намешавад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар