ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 24 2016

Руқияи Давроншо, сардабири нашрияи «Оинаи зиндагӣ»-и шаҳри Хоруғ меҳмони СССР шуд ва гуфт, «хело хурсандам, ки Ваҳдати миллии имсола дар ш.Хоруғ барпо мегардад. Аҳли Бадахшон доир ба ин ҷашн ниҳоят омодагии ҷиддӣ доранд. Мо аз ҷумлаи хушбахттарини инсонҳоем, ки дар Тоҷикистони тинҷ зиндагӣ дорем. Баъди ҷангҳои бемаънӣ ва парокандагӣ дар кишвар, сулҳу Ваҳдат мардумро боз ба ҳам ҷафстар кард. Агар Ваҳдат намебуд тамоми харобиҳои ҷанги гражданӣ то имрӯз дар ҳолати аввалаш боқӣ монда, гурезаҳо низ ҳич гоҳ рӯи Ватанро намедиданд. Парешонии миллӣ, ҷудоӣ ба маҳаллу гурӯҳҳо ва зидди ҳам сангар гирифтанҳо барои азбайнравии миллати Тоҷик даҳшате буд. Сарнавишти миллати Тоҷик чун ашке сари мижгон қарор дошт. Ваҳшонияти 20 соли пеш то ҳол дар ёду хотираи мардум боқист. Ин ҳамаро устод Муъмин Қаноат дид ва гуфт:

Чунин разми беназмро кас надид,

Ба тасвир онро набояд кашид.

Зи тифлони гаҳвора то пири кор,

Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор.

 

Ҷумъа, Июн 24 2016

Саломат Расулова, сокини ш.Норак (тел: 93 855 03 11) меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, ҷиянам-Маъруф Расулови 12-сола (писари хоҳари раҳматиям Шарофат Расулова, ки санаи 7.02.2015 дар Русия, дар 1 садамаи автомобилӣ фавтид), ки таҳти парастории ман қарор дорад, хонандаи синфи 5-и Литсей-интернати президентӣ барои бачаҳои болаёқати ш.Душанбе аст. Тибқи васияти модараш, Маъруф бояд дар зери назорати ман бошад. Аммо аз сабаби делои оилавӣ доштан ин писар бо даъвои Сайфулло Пирович Холов ном шаҳрванд (гӯё падари Маъруф бошад, ҳол он ки ЗАГС надорад) дар хобгоҳи литсейи мазкур сокин аст ва аз мӯҳлати даъвои Холов соле гузаштааст. Бо ин вуҷуд суд инро сарфи назар накарда, аризаи даъвоии Холовро барои эътироф кардани падарӣ қаноатманд намуд. Ҳалномаи суд аз санаи 24.05.2016 ҳоло қувваи қонунӣ пайдо накардааст. Ман чанд рӯз боз ба раҳбари литсей-Исмоилзода Баҳроми Мансур муроҷиат мекунам, ки дар давраи таълими тобистона ҷиянамро бо худ бубарам, аммо ӯ бо 100 баҳона хоҳиши маро рад мекунад. Аз прокуратураи генералӣ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҳалли қазияи ману ҷиянам ҳарчи зудтар мусоидат кунад.

 

Душанбе, Июн 20 2016

Сокини пойтахт Бегмуҳаммад Давлатзода (тел: 93 414 48 88) меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки тоҷирони мо дар ҳама мавсим имону виҷдон надоранд ва тибқи масали «Бардорад зам кун…» кор мекунанд. Агар 1 кг биринҷ ва 1 метр матояшро бо қимати 4-5 сомонӣ ва бо ҳама хароҷоти гумрукиву андозу иҷора, сарфи барқ, коргару мошин то анбораш ворид кунад, фардо дар бозор онро бо қимати 8-9 сомонӣ мефурӯшад. Агар дид, ки савдояш хуб аст, захирааш мекунад ва баъди 3-4 моҳ қиматтар карда, ба савдо мегузорад. Боз ҳастанд, онҳое, ки борро аз воридкунанда гирифта, то 100%-120% болояш гузошта мефурӯшанд. Аз ҳама гуноҳи азимтарин, ки Худованд, намебахшад, захира кардану фурӯхтан аст. Бобоям мегуфт, «савдо пир дорад, мезанад». Дар дилхоҳ давлатҳои мусалмонӣ сари молу ашёву коло ҳамагӣ 10% нарх мемонанду халос ва ҳам биринҷу матоъро захира намекунанд. Ман ба хулосае расидам, ки Тоҷикматлубот ягон коре барои поин бурдани нарху наво намекунад. 

 

Душанбе, Июн 13 2016

Нусратулло Боқиев, сокини деҳаи Оббурдони н.Мастчоҳ (тел: 92 737 82 45) дар меҳмонии СССР оид ба 3 мушкил кӯтоҳ гуфт: 1.Расо 1 сол пеш аз Русия депортатсия шудам. 15 сол дар Русия мардикор будам. Депортатсия сафи мардуми бекор дар Тоҷикистонро афзуд. Дирӯз дар мардикорбозори ш.Хуҷанд будам, 90%-и муздурон аз Русия бо ҳар сабаб хориҷ шудаанд. Ман дипломи Техникуми хоҷагии қишлоқ дар н.Мастчоҳро дорам, аммо бекор. Рӯзи дувум аст, ки дар Душанбе кор мекобам. 2.Аз он сабаб, ки Сирдарё аз поини Мастчоҳ мегузарад, мушкили беобӣ барои мардум №1 шудааст. Насосҳои обкашӣ қисман кор намекунанд. Оби нӯшокӣ ҳаст, аммо барои кишоварзон оби фаровон нест ва ин мушкил хоҳ-нохоҳ сафи бекоронро меафзояд. 3.Телеканалҳои Тошканд-«Ёшлар», «ТВ Марказии Ӯзбекистон», «Сирдарё», «Варзиш-спорт»-ро дар Мастчоҳ ва Спитамени ҳаммарз бо Ӯзбекистон мардум бароҳат тамошо мекунанд, зеро ТВҳои Тошканд барномаву киносериалҳои диданӣ ва ҷолибро бо забони ӯзбекӣ намоиш медиҳанд. Аҷибаш ин, ки кулли шабакаҳои ТВи Тошкандро бо задани 1 сими алюмин дар пушти ТВ дидан мумкин…

 

Ҷумъа, Июн 10 2016

Маҳмадҷон Сафаров, муаллими фанни таърих аз мактаби №106-и ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 918 23 87 19) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дилам ба «Герби СССР» сахт гум мезанад.

Душанбе, Июн 06 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, Аҳмадшоҳи Масъуд, донишҷӯи курси 2 аз факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокини деҳаи Ҷавонии ноҳияи Восеъ (тел: 98 595 55 95) дар меҳмонии СССР гуфт, ки шоми 28.05.2016 аз назди тарабхонаи «Валӣ»-и маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе 1 ҳуҷҷат ёфтам. Хостам, ки онро ба воситаи газетаи СССР эълон кунам, то соҳибашро биёбад. Ин «шаҳодатомаи вакили маҷлиси вакилони ҷамоат, ВҶ №05» буда, ба Бегиҷонов Бахтиёр Одилович, вакили Ҷамоати деҳоти Сангтӯда тааллуқ дорад. Шаҳодатномаро бошад раиси Ҷамоати деҳоти Сангтӯда-Б.Салимов бо имзояш ба соҳиби он додааст. Аз Бегиҷонов эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ҳуҷҷатро аз редаксияи газетаи мардумии СССР бигирад. Ҳамчунин, дар дохили ҳуҷҷат 1 дона корти бонкии «Амонатбонк» низ ҳаст, ки он низ мутааллиқ ба Бахтиёр Бегиҷонов мебошад. Ман ба СССР бовар ва таваҷҷӯҳи беандоза дорам, зеро нашрияи мардумист ва хонандаи зиёд дораду ҳатман ҳуҷҷат-амонати ёфтаи маро ба соҳиб мерасонад. Мо Метавонем?

Аз СССР: Ещё как метавонем!

 

саҳ 56 аз 62

Китобҳо

Flag Counter