ХАБАРИ ДОҒ

Шабнами Сурайёро дӯст медорам

  • Ҷумъа, Июл 01 2016

Хонум Робиаи Ҳиммат-сарояндаи эстрада ва маъруф бо номи «RABI RAM» меҳмони СССР шуд. Ӯ барои 10 рӯз аз Дубай ба Тоҷикистон омадааст, зеро ҳанӯз 7 сол пеш аз Эрон ба Тоҷикистон омада 5 соли умрашро дар кишвари мо паси сар карда, аз инҷо ба Аморати Муттаҳидаи Араб кӯч бастааст.

Ӯ мегӯяд, обу хоки Тоҷикистон гироиш дошта, ҳамеша ӯро ба ин ҷо мекашад: «Тоҷикистон имрӯз мисли ватанам аст ва байни ин кишвар ва зодгоҳам-Шероз ҳеҷ фарқияте нест: мардумони самимиву меҳмоннавоз, лаҳҷаҳо, тафаккур ва дидгоҳи бо ҳам шабеҳ. Сарояндагӣ ва ҳунарнамоӣ барои занон дар Эрон мамнӯъ аст ва ман пас аз хатми донишкадаи санъат барои идомаи фаъолияти ҳунарӣ ва сайқал додани маҳорати касбӣ Тоҷикистонро интихоб кардаму омадам. Маҳз ин ҷо сурудҳои аввалинамро оҳанг баста, танзим кардам ва ҳоло 3 сурудам бо видеоклип тариқи шабакаи PMS пахш шуда истодааст. Аз сарояндаҳои Тоҷик эҷодиёти Шабнами Сурайё ва Садриддинро дӯст медорам. Хеле нороҳат шудам вақте фаҳмидам, ки бонуи гиромӣ Сурайёи Қосим мариз аст. Бо эшон тамос гирифта ҳолашонро пурсидам ва хушҳолам, ки бону худро хеле беҳтар ҳис мекунанд. Ба Тоҷикистон ва мардуми шарифи он сарсабзиву ободиро хоҳонам».

Хонум Робиа ба Тоҷикистон бо нияти дидори Шабнами Сурайё ва гирифтани иҷозат барои бозхонии суруди машҳури ӯ бо номи «Наравад» омадааст. Шабнами Сурайё дар навбати хеш дар сӯҳбат бо СССР иброз намуд, ки барои иҷозат додани бозхонии «Наравад», ӯ бояд аввал бо садои Робиа ошно шуда чанде аз сурудҳояшро гӯш кунад ва баъдан тасмими иҷозат додан ё надодани бозхонии сурудашро аз ҷониби RABI RAM бигирад.

Сурудҳои RABI RAM-ро метавонед инҷо гуш кунед:

https://www.radiojavan.com/mp3s/mp3/Rabi-Ram-Ba-Man-Bemoon

https://www.radiojavan.com/mp3s/mp3/Rabi-Ram-Yenafar?start=46435&index=2

https://www.radiojavan.com/mp3s/mp3/Rabi-Ram-Dokhtar-Shirazam?start=46435&index=1

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter