Чун дар бораи ин ҳунараш аслан огаҳ набудему суол кардем, гуфт, сарояндагӣ мероси модарист: «Ман бештар ба фолклор-эҷодиёти халқӣ таваҷҷӯҳ ва завқи зиёд дорам. Модарам, ки зодаи Сарихосори н.Балҷувон, мавзеъи зебоманзару ганҷхези фарҳангпарвар буданд, дуторнавози моҳир низ будӣ. Истеъдоди сарояндагӣ аз очаам мерос мондааст. Ман модари 6 фарзандам ва ҳич имконият надорам, ки сурудҳоямро оҳанг бандам ва дар шакли албом ба мухлисонам дастрас гардонам. Аз ҷавонмардони фарҳангпарвари Тоҷик эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар ин самт бароям спонсор шаванд. Аксарият садои маро шунида, аз раҳматӣ апаи Нигина Раупова ёд карда мегӯянд, «садоят ба ӯ хело монанд аст». Ҳозир мухлисон ба сурудҳои халқӣ таваҷҷӯҳи бештар доранд. Бо ин восита фолклори халқи Тоҷик низ ҳифз мешавад. Тибқи ҳисоб, барои сабти 1 суруд 1000 сомонӣ сарф мешудааст, аммо ман ин маблағро дар ин шабу рӯзи бӯҳронӣ надорам».