ХАБАРИ ДОҒ

Духтари маро дар бензин сӯзондаанд!

  • Ҷумъа, Июл 08 2016

Мерихол Қараева, сокини деҳаи «Партсъезд-18»-и ноҳияи Хуросон (тел: 915 26 72 90) меҳмони СССР шуд ва бо гиря гуфт, ки духтари ман-Ҳалимаро дар хонаи шавҳараш-Тағоймурод, дар деҳаи Боҳтурободи н.Сарбанд болояш бензин рехта оташ задаанд. 2 бор духтарам шавҳар карда бошад ҳам, бахт ба рӯяш нахандид.

Ҳалима аз ҳар 2 шавҳараш танҳо бо иллати бефарзандӣ ҷудо шуда, дар яке аз ошхонаҳои ш.Қӯрғонтеппа ба кор даромад. Аз куҷое Тағоймурод ном марди 74-сола сари шавҳарамро гаранг кард, ки «духтаратро ман ба занӣ мегирам». Дилам ҳамон вақт нохушиеро ҳис карда, чанд бор ба мардакам гуфтам, «биё духтарро ба ҳоли худаш монем», вале нашуд. Ҳалимаи ман оромтабиат ва ботамкин буд. Духтарандараш-Баҳрӣ бо ӯ муносибати хуб надоштааст. Хуллас, Ҳалимаро ӯ бо фармони Тағоймурод оташ задааст. Аъзои бадани Ҳалима қариб 90% сӯхт ва дар беморхонаи Қарияи Болои Қурғонтеппа фавтид. Муфаттишони прокуратураи вилоят ба Тағоймурод ҷазои сабук додаанд ва ман бо ин ҳукми онҳо комилан розӣ нестам. Аз Прокуратураи генералӣ хоҳиш дорам, ки ба ҳалли қазия дар доираи инсоф ва қонун мусоидат кунад.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter