Майори Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, ҳоло дар нафақа, Абдушафеъ Тоҷов, аз ноҳияи Ш.Шоҳин (Шӯробод) меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки 2 ҳафта пеш бо дасти сафири ФР дар Тоҷикистон ба президенти Русия-В.Путин нома фиристодам. Мӯҳтавои нома ин аст, ки чаро ТВҳои Русия, минҷумла, «Звезда», дар робита ба ҳамлаи хунин ба погранзаставаи 12, воқеъ дар Сариғори Шӯрообод навор ва гапҳои дурӯғу бофтаро намоиш медиҳанд ва худро қаҳрамони набард медонанд? Ҳоло он ки 23 сол пеш (13.07.1993) марзбонони алкашу масти ин дидбонгоҳ ҳушёр мебуданд ягон қурбонӣ намешуд. Ин аниқ аст!!! Зеро ҳамлагарон (бо роҳбарии Мулло Абдураҳим) низ пайт ҷуста, маҳз ба ҳамин дидбонгоҳ шабохун заданд. Ба ҳамаи аскару афсари руси кушташуда ва захмӣ баъди чанд рӯзи воқеа бо фармони вежаи президенти вақти ФР, Б.Елсин унвони Қаҳрамони Русияро доданд, дар мо бошад ҳеҷ чиз. Алами ман чист? Дар лаҳзаи ҳамла тамоми мардуми Сариғор ба кӯмаки марзбонон хестанд ва то вопасин қатраи хун зидди душман муқовимат карданд. Аммо чаро ТВҳои Путин номардона ҳақиқатро намегӯянд? Ақаллан ба ҷурми худ-алкашӣ ва беҳушӣ қоил намешаванд!!! Хуллас, номаро фиристодам, аммо номаълум, ки Путин хонда бошад, ё на…