Ӯ Фаррухро ба масофаи 170 км дур аз ш.Ленинград бурда, мекушад ва зери барф мекунад. Прораб ба гуфте, аз писари ман қарздор будааст. 1 ҳамроҳ ва дӯсти писари ман-қорӣ Зубайдуллоҳ (сокини деҳаи Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, тел: +7 964 383 18 24), ки ҳоло дар Ленинград шуғл дорад, муддате ба куштори писари ман таваҷҷӯҳ кард ва аз забони муфаттишон ба ман дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки «писари туро Сергей ном марди рус куштааст ва ҳоло овозаҳое низ рӯй задан дорад, ки Сергей дар шаҳри Владивосток низ қаблан 1 нафарро кушта, доғи судӣ доштааст». Аммо ман бовар дорам, ки Ҳукумати Русия қотилони Тоҷиконро ҳич гоҳ ҷазо намедиҳанд, зеро Ҳукумати имрӯза дар Русия бо роҳбарии Владимир Путин шовинисту миллатгаро аст ва пуштибони неофашистон. Баъди таҳқиқоти қорӣ милисаҳои рус ба ӯ гуфтаанд, ки «мо туро суд мекунем». Қорӣ дар посух ба муфаттишон бо ғазаб мегӯяд, ки «шумо моро куштан доред, боз суд карданиед?»