Узви Ихвон-ал-СССР, журналист Алишер Идизода, корманди нашриёти Ирфон (тел: 919 00 55 67) дар меҳмонии СССР гуфт, имрӯз яке аз ободкориҳои раиси ш.Душанбе ин боғи интернатсионалистон-Мироненко аст, ки бисёр дилоро шуда, барои ҷавонону наврасон ба 1 макони истироҳат табдил ёфтааст. Аммо боз атрофи ҳамин боғ доғҳое низ ҳастанд. Баъзе аз ҷавонону наврасон ба қадри ободкориҳои шаҳрдори Душанбе намерасанд. Дар вақту соати дарсӣ хонандагони мактабҳои миёнаи №66-и н.Сино ва дигар муҳассилини макотиби шаҳр дар нишастгоҳҳое, ки барои мардум сохта шудаанд, ба корҳои ғайриинсонӣ (бӯсобӯсӣ ва дигар амалҳои шармовар) машғул мешаванд: Дар рӯзи рӯшан-пеши назари раҳгузарон. Ҳатто дашномҳои қабеҳ мезананд. Болои ин, мусор (пӯчоқи семичкаву коғазҳои қанду салфетка...)-ро рӯи кафелҳои роҳрав партофтаанд. Бояд сари ин мушкил раҳбарони макотиби миёнаи пойтахт андеша кунанд. Беҳтараш барои ислоҳи ин доғи рӯз аз рӯи қонунҳои Англия кор бигиранд: Дар Лондон ва дигар шаҳрҳои ин давлат афроди бетамизро бо ҷарима тарбият мекунанд!!! Яъне, “дарди бадро давои бад”!
Бетамизҳоро бо ҷарима тарбият кунем!
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар