Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзомуддин Аминови 70-сола, сокини шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун (тел: 61 4 78) меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, ки ман 52 сол собиқаи омӯзгорӣ дорам, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудаам... Дар Роғун кор дар авҷ ва зери раҳбарии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давом дорад. Вале ободиҳо дар шаҳраки Обигарм ниҳоят суст. Мисол, дар маъракаи ниҳолшинонӣ чуқуриро канда ниҳолро “бо гап”, яъне бе об мешинонанд. Дар натиҷа, ниҳол хушкида, соли оянда бо маблағҳои бузург ниҳол оварда, боз дар ҷояш мегузоранд. Ниҳолро бошад аз Хуҷанд меоранд. Зеро раиси қаблхуҷандӣ буд... Акнун ҳисоб кунед, ки барои 3000-4000 ниҳолро аз Хуҷанд оварда шинонидан, чӣ қадар маблағ сарф мешавад. Мисоли дигар, ба ҳамин монанд. Дар ш.Душанбе ва навоҳиии атрофаш заводи кафелбарорӣ (барои роҳ) зиёд аст, аммо кафелро низ аз Хуҷанд меорем. Гап сари хароҷоти роҳ меравад... Ва ё кафелҳои Душанбе қимат асту бесифат бошанд? Раиси собиқ магар бо ин кораш нишон намедод, ки Хуҷанд аз Душанбе болотар асту такя бар маҳсулоту кадрҳои хуҷандӣ кунед? Ё ин ҷо дигар иллате ҳаст, ки мо роғуниҳову душанбегиҳо намедонем?