ХАБАРИ ДОҒ

БМТ камари мардумро шикаст!

  • Душанбе, Апр 11 2016

2.04.2016. Соат бо вақти Душанбе 12:15 дақиқа.

 

Хисрави Халил, тоҷири бозори Панҷшери пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки маро ба рекдаксияи СССР аҳволи бади молии мардум овард. Ҳоло садҳо нафар аз бонкҳо қарздор шуда, тиллову хонаву дороии худро ба гарав мондаанд. Агар дер кардӣ, ҷарима накарда, бераҳмона хонаатро мегиранд. Бонкҳо боз усули навро қапидаанд: Доллар солона 28%, сомонӣ бошад 40%. Аксари қарзгирон аз ҳамин роҳ “пачақ” шудаанд. Оё намешавад, ки бонкҳо сомониро 28% ва долларро 40% солона қабул кунанд? Яъне бо фоизи кам. Ман аз соли 2000 то 2007 дар шаҳри Челябински Русия тиҷорат доштам. Соли 2008 1 амри антипутинӣ доир ба манъи муҳоҷироне баромад, ки шаҳрвандии Русияро надоранд ва тиҷорати онҳо комилан манъ шуд. Ҳоло аз 1 бонк қарздорам ва ба хулосае расидам, ки Русия биравам, дод аз дасти Бонкҳои Тоҷик гуён!!! Бовар кунед, кадом рӯзе ин бонкҳои тобеъи БМТ тамоми мардумро банкрот, қарздор ва мусибатзада мекунанд. Касе ҳаст дар ин кишвар, ки ба доди мо расад? Дар охир 1 таклиф. Аз муаррихи СССР М.Салимшоев хоҳиш дорам, ки роҷеъ ба Тоҷикони бурунмарзӣ хабар диҳад, ки берун аз Тоҷикистон чанд млн Тоҷик зиндагӣ ва чӣ аҳвол доранд?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter