Манон Махсумов, хонандаи доимии газета ба идора меҳмон шуда, иброз кард, ки дар шумораҳои гузашта матлабе бо номи “Автономияи тоҷикон дар Русия” чоп шуд. Ин пешниҳоди хуб аст, аммо мо ба ин матлаб монанд, яъне ин мавзӯъро чанд сол қабл, 9 майи соли 2012 дар шумораи 19 (192 газетаи СССР) мо низ навишта будем. Ин мавод вобаста ба ташкили субъекти тоҷикон дар ФР ва ҷонибдории устод Назар Мирзода аст! Дар мақола чунин навишта шуда буд: ФР 1 проблемаи ҷиддии дохилӣ дорад, аҳолиаш ҳар сол кам шуда истодааст ва ин муаммои демографии сарбаста боиси нигаронии роҳбарони Кремл ва аксари субъектҳои ФР гардидааст.Тоҷикон табиатан халқи демократанд ва метавонанд дар ҳалли проблемаи НУФУС ба Кремл кумак расонанду ба ин васила дар пойдорию мустаҳкамсозии Федератсияи сермиллату абадқудрати Рус нақши муҳимро бозанд. Танҳо Президенти Русия В. В. Путинро зарур аст, ки 1 карори таърихӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ сенсатсиониро доир ба Тоҷикони Русия кабул созаду дар ҳайат ва ҳудуди ФР Вилояти Тоҷикон-“Таджикская область” ташкил ва пойтахташ шаҳри Ориён (ё Ориёнград ё Сомонград) шавад.