Аминаи Сироҷзода, корманди Муассисаи давлатии Мактаби Варзишии н.Файзобод ва хонандаи Газетаи мардумии СССР меҳмони ҳафтанома шуда, чунин пешниҳод намуд.
- Мо дар ш.Душанбе вақти таҳсил ҳар рӯз аз микроавтобусҳо истифода мекунем. Солҳои охир чандин намуди воситаҳои нақлёти истифодаи умуми наву замонавӣ ба пойтахт ворид кардаанд. Микроавтобусҳои нав ба куллӣ аз пештара фарқ мекунанд. Мисоли оддӣ: намунаҳои ҳозира дорои кондитсионер буда, курсиҳояш низ бароҳат ва қулай аст. Аммо имрӯз ман дар ягон микроавтобус намебинам, ки кондитсионерҳояш фаъол бошад. Мисли пештара дару тирезаҳоро кушода мондаанд. Ҳатто вақти ҳаракат. Ман намедонам, ки барои чӣ чунин мекунанд. Чаро дар фасли тобистон нисбат ба мусофирон ҷабрро раво мебинанд? О, ҳамон завод ба хотири нигоҳ доштани ҳавои муътадили дохили нақлиёт таҷҳизоти хунукдиҳандаро насб кардааст-ку…