ХАБАРИ ДОҒ

Падар моро аз хона пеш кард

  • Чоршанбе, Дек 08 2021

 

    Тахмина Эргашова,  сокини деҳоти Байналмилали шахри Турсунзода ба редаксияи газетаи мардумӣ меҳмон шуда, аз озору фиреби падар шикоят кард.

   - Мо дар оила 4 нафар фарзандем. Модарамон бо сабаби бадмастӣ ва рафтору кирдори номатлуби падарам, ки ҳатто ба сару рӯи модарам солярка рехта мехост ӯро оташ занад, ҷудо шуд. Мо фарзандон, ки аллакай болиғ ва бузург будем ба модарамон кӯмак кардем то аз дасти падари золимамон фирор карда, ба Ӯзбекистон равад. Баъд аз ин падарам моро аз хона пеш кард. 2 нафар назди модарам рафтанд. Падарам хонае, ки мо дар он таввалуд ва дар қайди он мебошем, бе иҷозати мо фурӯхт. Ҳамзамон бояд қайд намоям, ки сохтмони хонаамон пурра ба души модар ва бародарам буда, аз падарам 1 сомонӣ ҳам дар сохтмони ин хона сарф нашудааст, вале чун ҳуҷҷати хона ба номаш буд, моро аз он пеш карду фурухт! Дар робита ба ин ба тамоми сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла суду прокуратураи ш.Турсунзода ариза навиштам, вале касе ба эътибор намегирад…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter