ХАБАРИ ДОҒ

Чаро БДА назорат намекунад?

  • Панҷшанбе, Дек 23 2021

Вайсиддин Шамсов, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии СССР, сокини н.Синои ш.Душанбе меҳмони редаксияи мо шуда, оиди беназоратӣ дар роҳҳо чунин гуфт:

   - Ман ҳар рӯз набераи 9 солаамро аз истгоҳи «Зарнисор» то фурудгоҳ бо автобуси №8 ба мактаб мебараму боз ба ҳамин автобуст аз мактаб меорам. Бояд гӯям, то расидан ба макони худ, мо қариб 20 истгоҳро мегузарем ва қариб дар ҳамаи онҳо бетартибию бенизомӣ ба назар мерасад. Таксиҳо, автобус, троллейбус, микроавтобусҳо дар ҳар куҷое хоҳанд, миёни роҳ манъ мекунанду барои бештар мусофир гирифтан бо ҳам «пойга» ташкил месозанд. Охир дар нақлиёт нафарони маъюб, бемор, пиронсолон ҳам нишастаанд, ки қувваи ингуна «қаҳрамонии» ронандагонро надоранд.  Махсусан дар истгоҳи «Олами китоб» тамбашавии воситаҳои нақлиёт зиёд ба назар мерасад. Аламовараш ин ки нозирони БДА ҳамаи инро мебинанду бетаваҷуҳӣ мекунанд. Дар истгоҳи 2- и «Зарнисор» нависта шудааст «мошингузорӣ манъ аст», вале ягон ронанда риоят намекунад. Нозирони БДА бояд таксиву маршруткаҳоро назорат кунанд ва дар ҳолати қонунвайронкунӣ онҳоро ҷарима банданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter