Дар ёд дорам 1 рӯзи ҷумъаи моҳи декабр буд. Ман бо ҳамкоронам-Гулнора Баротова ва Саодат Давлатова дар пеши ГЖК-Шарқи Озод узви ҳайати эҷодии худамон-Филолишоро дидем, ки бисёр фасон пӯшида буд. Бо ҳайрат пурсидем, ки дар ин шабу рӯзи ҷанг чаро аз Бадахшон омадӣ? Ӯ гуфт: «1 кори зарурам баромад… Маро табрик кунед, ки соҳиби писарча шудам ва Некрой номаш гузоштам». Рӯзҳои шанбе-якшанбе истироҳатист ва рӯзи душанбе ба кор омадему хабари қатли Филолишоро шунида, сахт гиристем. Ин рӯзи 17.12.1992 буд. То ҳол он рӯз аз пеши назар дур намеравад, ки Филолишои 33-сола чӣ хел аз марги худ ё дарак дошт, ё дидаву дониста бо сару либоси зебо пеши марг омада буд? Агар не, ӯ медонист, ки Душанбе нотинҷ аст, барои чӣ меоӣ? Апаи Тӯтиё Асалбекова ҳамкорам аз нашрияи Садои мардум нақл мекунад, ки «вақте ба бинои ВКД рафтам барои ҷустани ҷасади шавҳарам, дар назди ВКД акси ҷасади Филолишоро дидам, ки ҷоғу дандонҳояш шикаста буд…».
Филолишо аз маргаш хабар дошт?
Ҳуруфчини нашрияи «Садои мардум», Зебо Раҳимова, сокини пойтахт меҳмони СССР шуд ва гуфт, дар гӯшаи «Носталжи»-и шумораи қаблии СССР акси журналист, раҳматӣ Филолишои Хилватшоро дида, сахт зиқ шудам. Соли 1992 дар газетаи Тоҷикистон кор мекардем.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар