Маҳмаднабӣ Назиров, сокини ш. Душанбе меҳмони идора шуда гуфт, ки тақрибан 1 ҳафта пеш ба ӯ дар боғи кӯдакон-“Афсона”, собиқ Спартаки пойтахт, 2 ҷавон ҳамла ва бесабаб латукӯб кардаанд.
- Ҷавонони мо ба ҷойи ақл омӯхтану пиронсолонро ҳурмату эҳтиром кардан, баръакс дағалу бераҳмтар шуда истодаанд. Ман ҳайрон мешавам, ки дар асри 21 дар боғи фарҳангию фароғатӣ, ки дар 4 тарафаш камераҳои мушоҳидавӣ насб шудааст, ба пири барҷомонда, ки бо корҳои тамизкории боғ банд аст, ҳуҷум карда, ба қавле мурданак мезананду касе ба додат намерасад. Пас аз муроҷиатам ба мақомоти қудратӣ акнун боз фишор меоранду муфаттишон нисбати ин аризаи ман бетарафӣ зоҳир карда истодаанд. Шунидам, ки бародари яке аз ин авбошҳо милиса будааст, чи фарқе орад, қонун барои ҳама 1 аст-ку?! Онҳо бояд ҷазо бинанд, зеро агар имрӯз ин амали нопокашон беҷавоб монад, фардо боз даст ба ҷинояти нав мезананд. 1 милиса ёфт нашуд, камераҳоро бинаду ҷинояткорони ҷавонро ёбад. Пас ин камераҳо барои чист?