ХАБАРИ ДОҒ

 

Қурбоналӣ Гулмуродов, хонандаи доимии газета аз н.Ховалинг (тел: 985046159) меҳмони идора шуда, дар рӯзи таваллуди хунёгари Шарқ Аҳмад Зоҳир аз хотироту дидораш бо ӯ дар ш.Кобул ёдоварӣ кард.

   - Соли 1978 сафаре доштам ба Афғонистон. Аз дӯстам Муҳаммадбашири Кассирзодаи Бағлонӣ, ки ба хотири дидори ӯ рафта будам, хоҳиш кардам, ки маро ба дидори Аҳмад Зоҳир бубарад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба ҷойе рафтем, ки он ҷо Аҳмад Зоҳир сурудҳояшро сабту танзим менамуд. Машғули эҷод Аҳмад Зоҳир аввал нафаҳмид, ки меҳмон аз шӯравӣ аст, вале баъд корро 1 сӯ гузошта, бо мо хеле сӯҳбат кард. Аҳмад Зоҳир зимни он суҳбати гарм гуфта буд, ки дар Тоҷикистон 1 дӯсти хеле самимӣ дорад ва ӯ Ҷӯрабек Назриев аст. Ёди хунёгарони Шарқ гиромӣ бод!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter