ХАБАРИ ДОҒ

Нафақаам бозҳисобӣ гардад!

  • Чоршанбе, Июн 29 2022

 

 Раҳим Исроилов, сокини 90 – солаи н.Синои ш.Душанбе, ғолиби мусобиқаҳои сотсиалистӣ дар даврони шӯравӣ меҳмони идора шуда (тел: 918651217) гуфт, ки аз нафақаи таъиншудааш норозӣ буда, аз масъулон тақозо дорад, ки нафақааш бозҳисобӣ карда шавад.

   - 27 сол шуд дар нафақаам. Собиқаи кориам 55 солро ташкил менамояд, дар 5 вазорат кору фаъолият кардаам, аз он ҷумла дар вазоратҳои саноати сабук, гӯшту шир ва хоҷагии қишлоқ. Дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ низ кор карда, пасон ба нафақа баромадам. Имрӯз нафақаам 474 сомониро ташкил медиҳад, ки хеле кам аст. Ман аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо дорам, ки нафақи маро бозҳисобӣ намоянд, зеро он ба талаботи имрӯз аслан ҷавобгӯ нест.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter