24.06.2022. Соат бо вақти Душанбе 09:50 дақиқа. Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори собиқадор аз шаҳраки Шайдони н.Ашт меҳмони газетаи мардумии СССР шуда пурсид, ки оё дар арафаи иди Қурбон зиндониёне, ки ҷинояташон сабуктар аст, авф мешаванд ё не.
- Шукри Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имрӯз дар Ватани азизи худ озодона сухан баён кардаву озод нафас мекашем. Ман ба кулли кормандони ин газета миннатдории хешро баён карда, мегӯям, ки газетаи мардумии СССР сирф мардумист ва мақсади омадани ман низ ба редаксия хушхабар расонидан ба мардуми азиз аст.
Ман санаи 16.04.2022 аз маҳбаси Я 3/5 озод шудам. Акнун ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар пешниҳод дорам, ки дар арафаи иди Қурбон ба мисли дигар кишварҳои мусалмонӣ барои зиндониёне, ки ҷинояташон сабуктар аст, авф эълон карда шавад. Дар зиндон ҳар яке бо умеди озодӣ мезиҳад, ман ҳам ин эҳсосро чашидаам ва медонам. Агар чунин иқдоме шавад, алалхусус ба шарофати 25-солагии Ваҳдати Миллӣ ва Истиқрори сулҳ, беҳтарин иқдоми башардӯстона хоҳад шуд.