С.Мизроб рост мегӯяд, ки олимони мо аз кори худ ягон натиҷае надода, фақат дар бораи тарҷумаи вожаҳои интернатсионалистӣ баҳс карда, эрод мегиранд. Ману Ғунчагул ба ақидае расидем, ки бояд поезду самолет, велосипеду вертолету телевизору радио, троллейбусу автобус тарҷума нашуда, бо ҳамон асл талаффуз ва навишта шаванд. Охир, оне ки ин техникаҳоро бо заҳмате ихтироъ кардааст, ӯ ҳам метавонист онро ба забони худаш тарҷума кунад. Аммо ин номаъқулиро накард-ку?! Охир, чӣ хел компютер ва интернетро тарҷума мекунӣ, ки вақте маънии аслашро намедиҳад? Аз олимони сафсаттагӯ хоҳиш дорам, ки ба кори худ машғул шуда, аз пайи эҷоду навоварӣ ва ихтироъ раванд. Шахсан барои ман айб аст, ки олимони мо дар соҳаи худ ягон маҳсуле надоранд, боз ба айбҷӯӣ машғуланд. Устод Айнӣ бо ин қадар бузургияш ҳич гоҳ вожаҳои душворҳазми арабиро ба кор набурд. Наход, мисли Айнӣ фаросат надошта бошем?