ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 22 2017


Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мақомоти ВКДро муваззаф кардааст, ки ба Фарҳод Ғоибови 37-сола, сокини Панҷакент 11.000 сомонӣ ҷарима пардозад. Ба гуфти Гулчеҳра Холматова-адвокати Фарҳод, ин қарор охири ҳафтаи гузашта содир шудааст. Наздикони Фарҳод мегӯянд, пас аз латту кӯб дар идораи пулиси ш.Панҷакент 1 гурдаи ӯ кафидааст. Дар ибтидо онҳо аз ВКД барои барқарор кардани гурдааш 650.000 сомонӣ ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ талаб карда буданд. Фарҳод баъди табобат дар яке аз шифохонаҳои Русия ҳоло дар зодгоҳаш ш.Панҷакент зиндагӣ дорад.

Чоршанбе, Нояб 22 2017


Идораи БДА ҶТ ба ронандагон 1 ҳафтаи дигар муҳлат дод, ки шаҳодатномаҳои худро иваз карда, рақами мошинҳояшонро ба меъёрҳои нав мувофиқ намоянд. Дар акси ҳол ронандагон боздошт ва ҷарима хоҳанд шуд. Ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами мошин барои ҳар ронанда тақрибан 800 сомонист. Мақомоти БДА 22 ноябр дар эъломияе гуфтанд, шаҳодатномаи ронандагие, ки акси соҳиби он дар давоми 10 сол иваз нашудааст, беэътибор дониста мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар сурати беэътиноӣ ба ин қарор ронандаҳо боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Чоршанбе, Нояб 22 2017


Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод, ки шоми 19 ноябр бар асари ба 1 чуқурии 200-250 метр чаппа шудани УАЗ-31512 дар мавзеи Оличадараи н.Балҷувон 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. 19 ноябр, соати тахминан 18 "ронандаи автомашинаи тамғаи "УАЗ-31512”, Розиқов Маҳмадулло Каримович (с.тав.1965) сокини н.Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти Балҷувон ба самти Ховалинг, дар мавзеи деҳаи Оличадараи н.Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-250 метр чаппа шудааст.” Дар натиҷаи садама ронанда ва 5 мусофираш-Маҳмадиев Абдуғаффор, соли таваллудаш 1950, Розиқов Муҳаббат Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 1990, Маҳмадиев Мирзоалӣ Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1981, Рамазони Мирзоалӣ, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №25, Вайсов Сафаралӣ, соли таваллудаш 1957, сокинони деҳаи Обидараи н.Ховалинг ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҷумъа, Нояб 17 2017


1 манбаъи мӯътамади СССР ҳамин ҳоло хабар дод, ки рӯзи 16 ноябр судяи ноҳия Зоирзода Саидаҳмадро 1 нафар сокини ҳамин ноҳия лату кӯб карда, бо ҷароҳатҳои бардоштааш ба беморхона муроҷиат кардааст. Сардухтури беморхонаи ҳамин ноҳия дар сӯҳбат бо СССР гуфт, худи судя, ки аз ҷамоати деҳоти шаҳраки Панҷи ноҳия аст, ба табибони беморхона занг зада, муроҷиат кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ соати 14:55 дақиқа ба табибони беморхонаи ноҳия занг зада, онҳоро ба утоқи кориаш даъват намудааст, то ташхис кунанд. Ҳамсӯҳбати мо қайд намуд, ки қисмати чапи гардан ва пешонаи судя ҷароҳат бардоштааст, аммо аз бистарӣ шудан даст кашидааст. Мақомоти қудратӣ аз сӯҳбат бо СССР дар ин робита худдорӣ карда, ҳамин қадар гуфтанд, ки судя аз шикоят даст кашидааст ва таҳқиқ ҳоло идома дорад.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Душанбе, Нояб 06 2017


Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ш.Душанбе бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 5 ошёна иборат аст, дорои 60 утоқи корӣ буда, дар ин ҷо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи кормандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, он аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ дар асоси лоиҳаи тарҳрезишуда бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд ва ҳамзамон тамоми утоқҳои кории Раёсат бо мебел, технологияи муосир ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Ҳамзамон бинои нав дорои 1 толори маҷлис бо фарогирии 150 ҷойи нишаст, хобгоҳ (казарма) барои 30 нафар афсар, толори варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ буда, ҷиҳати пешбурди кор дигар иншооти ёрирасон низ бунёд карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти замонавиро, ки дар рӯзи 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, барои кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Панҷшанбе, Нояб 02 2017


 Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди деҳаи Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, воситаи нақлиёти тамғаи ДАМАС, рақами қайди давлатиаш 9643 ВК -ро барои азназаргузаронӣ боздошт намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдор 150 килограмм маҳсулоти қаннодии қанди наъви «DOLLY»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон ошкор гардид.
Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванд С.Қ. соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳия Спитамен тааллуқ дорад.
 
 
Номбурда ин миқдор молро аз минтақаи наздисарҳадии Платинаи ноҳияи Спитамен аз як шахсӣ ба ӯ ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зимни вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст, харидори намудааст. Ӯ моли харидаашро бебарасмиятдарории гумрукӣ ҳамлу нақд намуда, мехост ба ноҳияи Ҷаббор Pacулов барои фурӯш барорад.
Ҳамин тавр, шаҳрванд С.К. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, содир намудааст.
Дар асоси гуфтаҳои зикршуда ва бо дастрасии талаботи моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шаҳрванд С.Қ тибқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

саҳ 37 аз 83

Китобҳо

Flag Counter