ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 21 2018


Тибқи гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, вазири ин ниҳод-Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз синфхона, хобгоҳ, ошхона ва гӯшаи ҳунарҳои мардумии қисми ҳарбии 07150, ки бахшида ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" таъсис дода шудааст, дидан намуд. Зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми низомии 6592, аз иншооти ҷадид боздид карда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон аз наздик ошно шуд. Ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ бо Фармони ВКД як қатор афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 07150 ва 6592 бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҷумъа, Фев 16 2018


 Дар вилояти Хатлон, аз с.2017 то ба имрӯз, 457 садама рух додааст. Аз ин шумора 270 нафар ба ҳалокат расида, 496 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки аз беэҳтиётии ронандаҳо дар роҳҳои вил.Хатлон  садамаҳои марговар сар мезананд. Бештари садамаҳо дар шоҳроҳи Қурғонтеппа- Душанбе рух додааст.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, Фев 16 2018

14.02.2018, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини н.Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 185 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Бино ба итиллои ВКД ҶТ, номбурда, соли 2000 дар ҳавлии истиқоматии бародараш, марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди он замон 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, (соли таваллудаш 1959), миллаташ белорус, ҷангу ҷанҷол карда, дасту пояшро бо сим баста, бо хишт якчанд маротиба ба сараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъдан, номбурда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш ҷасади охиронро дар ҳавлии истиқоматии бародараш, гӯр кардааст.
Ҷасади номбурда дарёфт карда шуда, мувофиқи маълумотномаи Судӣ-тиббии вилояти Суғд дар он аломатҳои марги маҷбурӣ, аз ҷумла шикасти пушти косахонаи сар мавҷуд мебошад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Панҷшанбе, Фев 15 2018


Дар деҳаи Қизил-партизони ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар язна хусурбачаашро бо зарби корди ошхона ба ҳалокат расонид. Хабари ин қазияро раиси ноҳияи Бохтар Ҷабборӣ Ғаффор дар мусоҳибаи СССР тасдиқ карда гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 13 феврал соати 20:00 рух додааст. Анвар сокини шаҳри Сарбанд буда бо ҳамсараш дар хонаи бародари ҳамсараш зиндагонӣ мекардааст. Анвар солҳои тӯлони ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафту омад мекардааст. Ҳоҷӣ Файзалӣ раиси деҳаи «Қизил-партизон» дар сӯҳбат гуфт, ки Анвар  хонадомод буда ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомадааст. Байни Анвару бародари ҳамсараш Наҷотов Ҳусейн муноқиша пайдо шуда ӯро бо корди хонагӣ ба ҳалокат мерасонад. Гуфта мешавад, ки Ҳусейн аз Анвар хоҳиш кардааст, ки хонаашро ҷудо карда дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд. Дар ҳамин маврид Анвар дар ғазаб омада  бо корди хонагӣ  Ҳусейнро   дар тамоми узви баданаш   зарба зада ӯро дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасонад.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Фев 15 2018


Додгоҳи вилояти Хатлон барои марги сокини 50-солаи н.Шаҳритус Толибҷон Дӯстов, Маҳмадалӣ Идиев, лейтенанти калонӣ ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ-ро бо моддаи 316 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «баромадан аз ҳади ваколатҳои мансабӣ» гунаҳкор дониста, мурофиа судиро шурӯъ кардааст.
Толибҷон  Дӯстов рӯзӣ 26.07.2017 дар яке аз қаҳвахонаҳои маркази н.Шаҳритус аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуда, баъди чанд соат ба наздиконаш хабари марги ӯ дар бемористони н.Қубодиён расидааст.
Маҳмадулло Идиев дар мурофиаи судӣ аз додани баёнот даст кашида, изҳор дошт, ки худро гунаҳкор намеҳисобад ва нишондодҳои қаблан додаашро дар рафти тафтишотӣ пешакӣ дуруст ҳисоб мекунад. Додгоҳи вилояти Хатлон  мурофиаи судиро рӯзи 12.02.2018 идома хоҳад дод.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, Фев 12 2018

Далелҳои қасдан оташ задани моликияти давлатию ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳиҳои вилояти Хатлон дар соли 2017 39 ҳолатро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 10 адад зиёд буда, нисбати онҳо бо модда 255 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷинояти боз карда ба ШВКД ирсол карда шудааст.
Бино ба итиллои подполковник Садриддинхон Султонов, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии в.Хатлон, шумораи умумии ҳодисаҳои сӯхтор  дар шаҳру ноҳияҳо 392 адад ба қайд гирифташуда, нисбати соли гузашта, 21 адад зиёд мебошанд. Аз ин шумора 308 ададаш дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва биноҳи ёрирасони маҳаллии зист ба амал омадааст. 

Баҳоудр Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 32 аз 83

Китобҳо

Flag Counter