ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Окт 09 2017


1 манбаъи СССР, ҳамин ҳоло занг зада гуфт, ки дар шоҳроҳи Муъминобод-Душанбе марги 4 нафар ҳамсинф дар 1 садамаро шунидааст. Ва яке аз ҳамсинфон дар беморхонаи ш.Норак бистарист. Манбаъ мегӯяд, ки ин ҷавонон Наим, Тоҷиддин, Меҳроҷ, Комрон ва Абдулфайз аз 1 деҳа буда, дирӯз дар туйи 1 ҳамсифашон иштирок доштанд. Азбаски донишҷу буданду дар ш.Душабе таҳсил мекарданд, баъди хатми туй хостанд ба ш.Душанбе сафар кунанд. Ҳангоми ҳаракати нақлиёт дар самти Душанбе, ронанда аз уҳдаи нақлиёт набаромад, ба садама дучор  мешавад. 4 нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд. Толибов Абдулфайз дар беморхонаи ш.Норак бистарӣ аст. Дар ҳамин ҳол сардухтури беморхонаи ш.Норак Зоидов Тағойбек дар сӯҳбат бо СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, дар ҳақиқат 5 нафари онҳоро ба шӯъбаи қабул оварданд ва 4 нафари онҳо аллакай фавтида буданд. Ҳоло вазъи Толибов вазнин арёзбӣ мешавад.


Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Душанбе, Окт 09 2017

Шаби 5 октябр тақрибан соатҳои 21-30 дақиқа дар шоҳроҳи ш.Кӯлоб, дар кӯчаи ба номи И.Сомонӣ, наздик ба Раёсати бозрасии автомобилии минтақаи Кӯлоб 2 автомашинаи тамғаи «Некси» ва «Опел-караван» ба ҳам бархӯрданд. Дар натиҷа, 2 тан дар ҷои ҳодиса ва 2 нафари дигар дар беморхона ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар ин садамаи марговар боз 5 тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳои расида, ҳамон шаб 1 автомашинаи дигар дар шоҳроҳи Муъминобод-Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ҷарӣ сарозер шудааст. Дар натиҷа, 1 нафар ҷони худро аз даст додааст. Аммо дар Раёсати Бозрасии давлатии минтақаи Кӯлоб дар мавриди садамаҳои рухдода маълумот додан намехоҳанд. Ба иқрори Абдусалом Искандарзода-сардори РБДА, «барои гирифтани маълумот журналистон бояд аз ВКД ва ё РВКД-и минтақаи Кӯлоб иҷозат гиранд». Вагарна, ба андешаи ин ҷаноб, кормандони БДА барои маълумот додан, аз «болобудагон» ҷазо мегиранд.


Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

Ҷумъа, Окт 06 2017


1 манбаъи СССР хабар дод, ки дар ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и н.Бохтар Абдураҳмон Бадиев-мӯсафеди 71 сола, “дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хурди кисагии дар дасташ буда, 5 маротиба ба аъзои бадани ҳамсараш Бадиева Шакармоҳи 45 сола ва 4 маротиба ба аъзои бадани Бадиева Ҳадиса-духтари 16-солааш задааст.” Аз ин ҳодиса ҳамсар ва духтари ин мард ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд. Аммо ба гуфтаи манбаъ, худи мӯсафед “дар дарахти замини наздиҳавлигиаш хуро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.” Ин ҳодиса шаби 4 ба 5-уми октябр рух дод. Тафтиши ҳодиса идома дорад ва мақомот мегӯянд омилҳои рух додани қазия муайян карда мешаванд.

Баҳодур  Уроқов, СССР

Душанбе, Окт 02 2017


Маҷид Бердиев, 1 сокини 56-солаи Истаравшан зӯҳри имрӯз завҷааш Нигора Кулиеваи 40-соларо дар бозор дар назди мардум бо корд зада куштааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ин ҳодиса дар бозори «Гули сурх»-и шаҳр ба вуқӯъ пайваста, зан пас аз 4 зарби корд ба узвҳои ҳаётан муҳим дар ҷойи ҳодиса ҷон додаст. Маҷид Бердиев алакай аз ҷониби мақомоти милитсия боздошт гардида тибқи гуфтаи шоҳидон, шавҳар занро дар заминаи рашк ба қатл мерасонад.

СССР


Душанбе, Окт 02 2017

Марзшиканони афғон боз 1 шаҳрванди Тоҷикро ба гарав бурданд. Вале бо гузашти вақти зиёд ҳанӯз ҳам аҳволи ин шаҳрванди Тоҷикистон норӯшан боқӣ мондааст…

Ҷумъа, Сен 29 2017

Ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фаҳангӣ ва ҳарбию сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Чанде қабл кормандони масъули Намояндагии сафорати Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Рон Барнхард, капитан Ричард Флатум, намояндаи АМIC Арден Харверсон ва намояндаи ширкати «Rapiscan» Иван Кинг бо мақсади гузаронидани омӯзиши муштараки ҳолати воқеии техникии таҷҳизоти рентгении «Rapiscan» ва таҳвили қисмҳои эхтиётии он ба маблағи умумии 1 021 388,56 доллари амрикоӣ, ба Гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Боиси тазаккур аст, ки қаблан дар Гумруки “Панҷи-Поён” ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, яроқу аслиҳа, молҳои зераксизӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ таҷҳизотҳои калонҳаҷми рентгении «Rapiscan» ба маблағи 3 млн. доллари амрикоӣ насб карда шуда буданд.
 
Баъд аз боздиди меҳмонон аз Гумруки “Панҷи-Поён”, дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, масъулини Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ва Намояндагии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон майор Рон Барнхард, капитан Ричард Флатум, намояндаи АМIC Арден Харверсон ва намояндаи ширкати «Rapiscan» Иван Кинг тавофуқномаи ҳамоишӣ (меморандум) баргузор гардид.
 
 
 
Дар ҷамъомад Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва намояндаи Сафорати Амрико Джефри Риденуар баромад намуда, оид ба ҳамкории мутақобила ва мусоидати техникӣ ибрози назар намуданд.
   Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар зимни баромади хеш аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: - “Бо ташаббуси бевоситаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-августи соли 2007-ум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон “Пули дӯстӣ” ба истифода дода шуд, ки он барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Пули мазкур бо дарозии 672 метр ва паҳноии 11,6 метр ва иқтидори интиқол 1000 автомобил дар як шабонарӯз ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро натанҳо бо Давлати Исломии Афғонистон, балки бо дигар давлатҳо низ пайваст намуд. Ба истифода додани пули мазкур, қомат афрохтани инфрасохтор ва муҷчаҳаз гардонидани он бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ аз ҷумла дастгоҳҳои калонҳаҷми «Rapiscan», барои зиёд гардидани ҳаҷми гардиши молӣ дар минтақа ва равобити қавии иқтисодӣ, натанҳо бо Давлати Исломии Афғонистон, балки бо дигар давлатҳо, низ заминаи боэътимод гузошт.
Албатта бо боварӣ гуфта метавонам, ки саҳми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тараққиёти бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус мақомоти гумрук хеле назаррас мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам бори дигар миннатдории худро ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баён намоям”.
Турсунзода Азим Ҳайдар дар фарҷоми суханронии худ изҳори уммедворӣ намуд, ки минбаъд низ барои дар ҳолати хуби техникиву корбарӣ нигоҳ доштан ва таъмину таъмири ин дастгоҳҳои калонҳаҷми рентгенӣ бо таҷҳизотҳои техникии зарурӣ Сафорати Амрико ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ намедорад.
 Инчунин, дар ҷамъомад қайд карда шуд, ки корбарии мунтазами ин дастгоҳҳои пуриқтидор имконият медиҳанд, ки фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, силоҳу аслиҳа ва дигар қонуншиканиҳо пурзӯр карда шавад.
Масалан, санаи 17-уми июли соли 2017 ҳангоми муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Дулон» рақами қайди давлатиаш ТҶ 36-14 ВК 01, ки таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, Т.Р. қарор дошт, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ ба воситаи таҷҳизоти рентгении «Rapiscan», аз дохили кабинаи воситаи нақлиёт, дар кати хоби ронанда 3-халта маводи дорувории «Gelofusine» ба микдори 186 дона, 300 қуттича ба миқдори умумии 7500 ампула маводи дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», 7 қуттича ба миқдори 840 дона балзами «Clometasol 0.05%»-ро пинҳон намуда, мехост бидуни назорати гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Маводҳои дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml,25x2ml», шомили гурӯҳи маводҳои психотропии дар тиб истифодашаванда буда, вазни холиси он 75 граммро ташкил медиҳад.
Намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Джефри Риденуар низ дар баромади худ, ки ба забони тоҷикӣ сурат гирифт, қайд намуд, ки ҳамкориҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

саҳ 40 аз 83

Китобҳо

Flag Counter