Дирӯз, 16 май, соати 10:10 дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Қурғонтеппа ронандаи мошини тамғаи «Опел астра» (рақ.дав. ЕО 48-27 рт 01) Тӯхтаев Одилҷон (с.тав.1988), сокини н.Вахш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи майдони И.Сомонӣ ба самти терминали мусофиркашонии «Сафарка» мошинро бо суръати баланд ронда, дар рӯбарӯи Кохи «Лоҳутӣ» пиёдагард Эгаҳмадов Файёз-сокини ш.Қурғонтеппа, хонандаи синфи 7-ро пахш мекунад. Инчунин, мошини Одил ба 1 мошини дигари роҳ, ки ба Сафаров Каврак-сокини н.Бохтар тааллуқ дорад, бармехӯрад. Мошини Каврак ин замон аз самти майдони И.Сомонӣ ҳаракат мекард. Дар натиҷа Файёз ба беморхонаи клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов бистарӣ мешавад.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон
Вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочи рафта бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия вохӯрӣ доир намуд.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрии мазкур зиёда аз 60 намояндагони диспораҳои тоҷикон аз вилоятҳо ва шаҳрҳои Россия иштирок намуда,бо Рамазон Раҳимзода оид ба авфи муҳоҷиратӣ – расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳайё кардани шароитҳо, ки имрӯз фароҳам оварда шудааст, сӯҳбат намуданд,
Дар вохӯрӣ роҳбарони диаспораҳои тоҷикони Федератсияи Россия проблемаю мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Федератсияи Россия ба кору фаъолият машғуланд, ба вазири корҳои дохилӣ иброз намуданд.
СССР
Дирӯз хонум Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон аз номи Ҳукумати ИМА ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ кӯмак ба маблағи 6 млн. доллари ИМА дар шакли воситаҳои нақлиёт (15 мошин), таҷҳизоти алоқаи «моторола» ва камераҳои гармидиҳӣ (тепловизионӣ) тақдим намуд. Тӯҳфаҳои нақлиётӣ ва тепловизиониӣ Амрикоро Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ҶТ қабул намуд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, Ҳукумати ИМА дар давраҳои ҳассос, хусусан дар 10 соли охир ба сарҳадчиёни тоҷик кӯмакҳои зиёд пешкаш намуданд. Ин кумакҳо на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои минтақа хеле муҳим ҳастанд ва онҳо барои баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
СССР
Вазорати корҳои дохилаи ҶТ аз кормандони фарбеҳи худ ба тадриҷ пок мешавад. Моҳе қабл газетаи СССР яке аз аввалинҳо шуда дар бораи эълон намудани мубориза алайҳи фарбеҳӣ ва вазни зиёдатии милисаҳо аз тарафи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилаи кишвар хабар дода буд. Акнун ин амалиёт ва мубориза густурда шуда дар 2 моҳи охир теъдоди зиёди милисаҳои шикамғафс аз кор озод ва ронда шуданд.
Маркази матбуоти ВКД ҶТ мегӯяд, ки то ин дам 10 нафар кормандони гаронвазн аз кор ронда шуда ба 100 нафари дигар барои хароб шудан мӯҳлат дода шудааст. Воқеан ҳам ин иқдом саривақтист, зеро кормандони ин ниҳоди қудратӣ, алалхусус РБДА аз худ рафта вазнашон бисёр шудаасту шикам мондаанд ва ин омил боиси пеш омадани камбудиҳо ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ гардидааст.
СССР
Ҷинояти кушторе, ки зиёда аз 1 сол пеш дар Панҷакент рух дода буд, ошкор гардидааст.
Моҳи феврали соли 2016 дар дорухонаи "Мадад"-и шаҳри Панҷакент, шахси номаълум фурӯшандаи ин дорухонаро бераҳмона ба қатл расонида, пулу дигар чизҳоро тасарруф карда фирор намуда буд.
Ин куштори ваҳшиёна сару садоҳои зиёдро он вақт ба бор овард. Манбаъ меафзояд, қотил Бобомуродов Қобил буда, қаблан бо роҳбарияти ин дорухона додугирифт ҳам доштааст. Далелҳои шайъи аз ӯ дарёфт гардида,тафтишот идома дорад. Дар ин бора 1 манбаъ аз ШВКД-и шаҳри Панҷакент иттилоъ дод.
Хуршед Фозилов, СССР, водии Зарафшон
Бобоев Маҳмадсолеҳ бо ғояҳои гурӯҳи экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» шиносои пайдо намуда онҳро қабул ва ҷонибдорӣ карда,дидаю дониста,ки иштироки шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ,задухӯрди мусаллаҳона ёамалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳои хилофи қонун буда,ҷиноят эътироф шудааст,мақсади ба давлати Сурия рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст.
Дар суҳбати хабарнигор СССР муовини суди вилояти Хатлон Муҳидинзода Сайфуддин гуфт, ки Бобоев Маҳмадсолеҳ сокини деҳаи «Навобод»-и ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, соли тавллудаш 1991 оиладор соҳиби 2 фарзад. Бобоев Маҳмадсолеҳ аз соли 2013 мунтазам ба муҳоҷирати меҳнати ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия рафта меомад ӯ бори охир соли 2015 зану фарзандонашро бо худ ба шаҳри Екатеринбург бурда онҷо кор ва фаъолият мекард, Маҳмадсолеҳ дар мурофиа судӣ ба гуноҳи худ иқрор шуда ва пушаймон шуда ва асли воқеаро худ нақл кард. Ӯ ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнати буданаш ӯ бо воситаи телефони мобили худ ба шабакаҳои интернети « Вайбер,Ватсап» ворид шуда ҳар гуна видеонаворҳоро оиди муҳорибаҳои ҷангӣ дар ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» тамошо карда ӯ бо яке аз аъзоёни фаъоли ташкилотии террористи-экстреместии «Давлати исломӣ» бо номи «Идрис» шиноси пайдо намуда ба худ тахаллуси «Аҳмад»-ро интихоб намуда ҳамарӯза бо ӯ муошират мекардааст.
Дар ҳамин ҳол «Идрис» дар навбати худ ӯро барои ҷиҳод намудан даъват карда иброз намудааст,ки ҷиҳод намудан дар роҳи ислом бар ҳар як мусулмон фарз аст.Ҳамзамон «Идрис» ӯро ба шомил шудан ба ташкилоити «Давлати исломӣ» тағриб намуда мақсади «Хилофат» барпо намуданро таъкид карда ва ба гурӯҳашон даъват кардааст.Баъд бо мақсади ва ғояҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» шинос шудан ӯ онҳоро қабулу ҷонибдорӣ намуда дар назди худ мақсади Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиётҳо ҷангӣ дар сафи ин гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст.
Бо мақсади амалӣ намудани нияти худ 12 феврали соли 2017 тавассути ҳавопаймои хатсайри «Москва-Кишинёв» ва «Кишинёв-Истанбул -Туркия» хоҳиш ба давлати Туркия парвоз карданро намудааст,ки худи ҳамон рӯз дар фурӯдгоҳи ш.Кишинёви ҷумҳурии Молдова дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуии мақомти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида ба ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст Ӯ бо сабабҳои новобаста аз иродааш мақсади ҷинояткоронаи худро то охир расонида натавонист.
Муҳидинзода Сайфудин муовини суди вилояти Хатлон нисбати Бобоев Маҳмадсолеҳ бо моддаи 32 қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор шуморида ӯро ба 13 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Табқи маълумоти омори то ба имрӯз 406 нафар, 298 нафар мард, 46 нафар зан ,62 нафар ноболиғ сокинони вилояти Хатлон дар муқовиматҳои мусалаҳонаи кишвари Сурия ва Ироқ ҳастанд ва меҷанганд. Ҳамзамон то ба имрӯз нисбати 377 нафар аз шуъбаи тавтишоти Кумита далвати амнияти милли дар вилояти Хатлон 81 адад ва дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ 298 адад парвандаҳои ҷинояти бо моддаи 32 қисми 3 ва 401 яъне « ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» оғоз карда шудааст ва идома дорад. Дар ноҳияи Бохтар дар ДИИШ 92 нафар меҷанганд аз инҳо 6 нафар зан 16 нафари инҳо ноболиғон низ ҳастанд, нисбати онҳо 78 парвандаи ҷинояти оғоз карда шудааст, тибқи маълумоти Кумитаи давлати амнияти милли дар вилояти Хатлон 17 нафарашон дар заду хурди муссалаҳонаи Сурия ва Ироқо кушта шудаанд ва 61 нафари онҳо дар ҷӯсту ҷӯй қарор доранд.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар